РӮЗНОМАВУ МАҶАЛЛА - ВОСИТАИ МУҲИМИ ДАРС

Барои самаранокии дарсҳои забону адабиёт рӯзномаву маҷалла чун асбоби аёнӣ нақши муҳим дорад

Барои самаранокии дарсҳои забону адабиёт рӯзномаву маҷалла чун асбоби аёнӣ нақши муҳим дорад. Бо вуҷуди он ки интернет хеле рушд кардааст, ба фикрронӣ ва навишти дурусти баъзе хонандагон таъсири манфӣ расонида истодааст. Сатҳи дониши маводҳои интернетӣ дар як поя нест. Гоҳо калимаҳоро дар шакли вайрон пешниҳод мекунанд. Ин тоифа ҳамон шаклҳои ғалатро дар хотир гирифта, истифода карда истодаанд. Мебоист, ки баробари саҳифаҳои интернет аз саҳифаҳои рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Садои Сӯх”, «Овози Самарқанд” ё маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” фаровон истифода баранд. Чунки дар нашрияҳои чопӣ тарзи ҷумлаороӣ, мувофиқати мубтадову хабар, корбасти аломатҳои пунктуатсионӣ ва ғайра нисбатан дақиқтаранд. 
Дар китоби дарсии забони тоҷикии синфи шашум мавзӯъҳои 37, 38, 39 ва 41 зери номҳои “Рӯзноманигори ҷавон”, “Рӯзноманигори соҳибтаҷриба”, “Жанрҳои рӯзноманигорӣ” ва “Сухандони хушгуфтор” барои омӯзиш ба хонанда пешниҳод шудаанд. Хубӣ дошт, ки барои мукаммал дарк кардани мавзӯъҳои номбурда, бояд рӯзномаҳои тоҷикии мамлакатамонро ба ҳар як донишомӯз шиносонем. Шояд ин ҷараёни дарс дар лавҳи хотири хонанда нақш бандад. Инчунин матнҳои рӯзномаву маҷаллаҳоро хондан ва ҷумлаҳои онро интихоб карда, таҳлил ва шарҳ додан низ муфид аст. Зеро баъзе хонандагон ба саволи “Рӯзномаҳои тоҷикии замони мо кадомҳоянд?” ҷавоб дода наметавонанд. Аз ин хотир мавзӯъҳоеро, ки ба услуб ва матбуот алоқамандӣ доранд, истифода кардан судманд мебошад. Масалан, барои кори лоиҳавие, ки дар саҳифаи 78-уми китоб пешниҳод шудаасту иҷрояш муҳим, бояд рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро истифода кард. Шарти кори лоиҳавӣ чунин аст: Номҳои пешинаи рӯзномаи “Овози тоҷик”, сармуҳаррир ва рӯзноманигорон (журналистон)-и имрӯзаи онро бо ному насабашон нависед. Кори лоиҳавиро бо чанд роҳ гузаронидан мумкин.
 Аз ҷумла, бо чунин усул: Номҳои пештараи рӯзномаи “Овози тоҷик”: 1. “Овози тоҷики камбағал” (1924), 2. “Овози тоҷик” (1924-1931), 3. “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (1931-1940), 4. “Ӯзбекистони сурх” (1950-1964), 5. “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (1964-1991), 6. “Овози тоҷик” аз соли 1991 то ҳол. Сипас, дар бораи сармуҳаррир ва ходимони рӯзномаҳои тоҷикии ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дода мешавад. 
Тавассути иҷрои нақшаи дар боло омада, хонандагон аз олами рӯзномаву маҷаллаҳо ва эҷодкорони он огоҳ мешаванд. Дар натиҷа эътиборашон ба касб ё забони модарӣ афзун мегардад. 
Хусусияти рӯзномаву маҷаллаҳо ва олами интернетро ҳар як омӯзгор эҷодкорона тартиб доданаш мумкин. Ҳамин тавр дар раванди дарс чанд хусусияти матбуоти чопӣ ва интернетро муқоиса карда, ҷиҳатҳои мақбулашро интихоб кунем, дониши забонии хонандагон боз сайқал меёбад. Олами интернет ҳам аз баъзе ҷиҳатҳо устуворӣ дорад, ки лоиқи таҳсин аст. Хонанда бояд огоҳона ба интернет ворид шавад. Дар акси ҳол тафаккурро тавассути сайтҳои нолозим заҳролуд карданаш  мумкин. Бояд бигӯем, алҳол нутқи хаттӣ ва шифоҳии хонандагон хуб нест. Соатҳои дарси забони модарӣ барои донишомӯзон аз баҳр қатрае менамояд, ки бештари онҳо вақти худро ба шабакаҳои интернет бахшидаанд. Агар хонандагон баробари шабакаҳои интернет саҳифаҳои расмии рӯзномаву маҷаллаҳоро низ мутолиа мекарданд, нутқи хаттӣ ва шифоҳиашон низ беҳтар мешуд.

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ
муаллими тоифаи олии мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: