ӮЗБЕКИСТОН ҲАМКОРИҲОЯШРО ДАР САМТҲОИ ГУНОГУН ТАВСЕА МЕБАХШАД

– Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндагиҳои дипломатии мо дар хориҷа аз рӯзҳои аввали моҳи январи соли 2024 бо мақсади сари вақт фатҳ намудани марраҳои нав ба нав дар соҳаи дипломатияи иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо гуфтушунидро идома медиҳанд, – изҳор намуд котиби матбуоти вазорат Аҳрор Бурҳонов.

– Дар давоми як моҳи охир зиёда аз 50 ҳайати вакилони расмии хориҷӣ ба мамлакати мо сафар кардаанд, ки 8-тои чунин мулоқот дар сатҳи баланд буд. Инчунин вазорат дар ташкили сафари кории 60 ҳайати вакилони Ӯзбекистон ба хориҷа ёрии амалӣ расондааст. 
Аз ҷумла, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазирони корҳои хориҷии Туркия, Баҳрайн ва як қатор кишварҳои дигар телефонӣ суҳбат карда, масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоро бо ин кишварҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра барқарор намуд.
Аз ҷониби Намояндаи махсуси Президенти Ӯзбекистон дар умури Афғонистон ва муовинони вазирон 67 мулоқоту музокирот баргузор гардид. Дар Тошканд даври навбатии машваратҳои сиёсӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Эрон низ баргузор шуд.
Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо таклифҳои мушаххас ва «Харитаҳои роҳ» қабул карда шуд, ки ба боз хам тезондани муносибатҳои мо бо мамлакатҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд. 
– Агар дар робита бо дипломатияи бисёрҷонибаи Ӯзбекистон ҳарф заданӣ бошем, метавон гуфт, ки намояндагони сохторҳои давлатии мо дар зиёда аз 10 чорабинии байналмилалӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон баргузор гардиданд, иштирок намуданд. Аз ҷумла, 19-20 январ ҳайати густурда таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Баҳромҷон Аълоев дар нишасти 19-уми сарони Ҷунбиши ғайридавлатӣ дар шаҳри Кампалаи Уганда ширкат варзид. Дар ин ҷо дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ Баёнияи муштарак ба имзо расид ва Уганда 145-умин кишваре гардид, ки бо Ӯзбекистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор кардааст.
Асоси дипломатияи имрӯзаи мо, пеш аз ҳама, манфиатҳои иқтисодии мамлакати моро дар арсаи байналхалқӣ муайян мекунад, – гуфт Аҳрор Бурҳонов. – Дар ин самт зиёда аз 300 чорабинии гуногун гузаронида шудааст. Барои он ки дар лоиҳаҳои инвеститсионии Ӯзбекистон ширкат кунанд, мутахассисони Корея, Хитой, Туркия, Япония ва мамолики дигар ташриф овардаанд. Дар доираи дипломатияи иқтисодӣ намояндагиҳои дипломатии мо оид ба 18 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо арзиши умумии 442 миллион доллари амрикоӣ гуфтушунидҳои судманд анҷом доданд.
Инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар, мустаҳкам намудани алоқа бо ҳамватанон корҳои зиёд ба анҷом расидаанд. Вай мисол овард, ки ба 13 ҳазору 151 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон хизматрасонии консулӣ расонида шуд, 1 ҳазору 270 нафар ҳамватанони мо дар хориҷи кишвар бо кор таъмин карда шуданд, онҳое, ки дар хориҷа дар вазъияти душвори молиявӣ мондаанд, аз кумакҳо бархӯрдор гардиданд ва ба 60 нафар шаҳрвандони дигар ёрии моддӣ расонида шуд.
– Ғайр аз ин, 13 нафар шаҳрвандони мо, ки дар хориҷи кишвар дар ҳолати вазнин қарор доштанд, яъне қурбониёни савдои одам, бекорон, бесаробонҳо ва мувоҷеҳи ҳолатҳои  дигари вазнин, бо кумаки кормандони мо ба Ватан баргардонида шуданд. 6 нафар шаҳрванд аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ озод гардиданд, 3 нафар шаҳрванд, ки шиносномаҳояшонро корфармоён ғайриқонунӣ мусодира кардаанд, соҳиби ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият шуданд, – гуфт А. Бурҳонов.
Мавсуф дар поёни брифинг изҳор намуд, ки дар як моҳи сипаришуда аз шахсони гуногун 8 ҳазору 17 муроҷиат ворид гардид. Аз ин шумор 1 ҳазору 203 тои онҳо ба Раёсати консулӣ-ҳуқуқии вазорат ва 6 ҳазору 814 муроҷиат ба намояндагиҳои ин вазорат дар хориҷи кишвар ирсол шуда, ба ҳамаи онҳо сари вақт ёрии дахлдори консулӣ ва ҳуқуқӣ расонида шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Шаҳри ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: