ГУЛБАРГҲО

Салом, аз фасли зебои баҳорон,

Салом, аз қатраҳои софи борон. 
Салом, аз роҳи ҳаҷ, аз моҳи рӯза, 
Салом, аз кулли ёру ғамгусорон.
        ***
Наварӯсам дар баҳорон таъзимам аз баҳри борон,
Баҳри ёрони накӯям, дар гулу дар сабзазорон.
Зикр бар дил, ханда дар лаб, рашки гулҳои баҳорам,
Сад салому сад таманно, баҳри ёрон – дӯстдорон.
        ***
Бошад, ки аз сӯрохии ҷаннат назар кунам,
Аз ҷазбааш ба олами фонӣ хабар кунам.
Фурсат чу даст диҳад, дар ин шоми рӯзгор,
Бар олами фариштагон азми сафар кунам.
        ***
Дарахти сабз, бошам ғарқаи гул, 
Ки нозад ошиқи шӯрида – булбул.
Димоғи раҳгузарро атр бошам, 
Бурун оям ман аз пероҳани гул.

Ва ё дар боғ бошам себу ангур, 
Ва ё рӯҳе, ки танҳо мехурад нур. 
Ҷавобам бар Худоям гардад осон, 
Ба рӯзи ҳашр бошам бо дили пур.

Саидаи СИНАВӢ.

 

 

ЯК ҚАТРА

Баҳори тозаҷавлон омад, омад,
Арӯси гулбадомон омад, омад.
Бишуд дунёи куҳна тозаву нав,
Ки ҷони тоза бар ҷон омад, омад.

Абдуқаҳҳори МӮСО.

 

Сурати манзаравии Т. ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: