СОҲАИ ТУРИЗМ ВА МАДАНИЯТ РУШД МЕЁБАД

Дар вилояти Сурхондарё дар соҳаи туризм ва маданият қариб ҳар рӯз як навгонӣ мешунавед.

Дар вилояти Сурхондарё дар соҳаи туризм ва маданият қариб ҳар рӯз як навгонӣ мешунавед. Зеро дар ин самт пайваста як қатор корҳои назаррас амалӣ мегардад.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов бо олимон,  масъулони соҳаи туризм вохӯрӣ гузаронида, барои тарғиби таърихи қадимӣ ва маданияти ғании воҳаи Сурхон фикру дархости ононро шунида, дар хусуси бунёди шаҳрчаи этнографӣ фикру андешаҳои мута- хассисонро маъқул дониста, баҳри бунёди чунин як шаҳрчае, ки бо усули шарқона қад рост карда бошад, супориш дода буд.
Мувофиқи он дар моҳи январи соли ҷорӣ бо мақсади боз ҳам бештар ҷалб намудани сайёҳон ба воҳа бо супориши ҳокими вилоят дар шаҳри Тирмиз ба бунёди шаҳрчаи этнографӣ, ки таҷассумгари таърихи қадимии ин шаҳри бостонӣ бошад, пойдевор гузошта шуд. Айни ҳол дар ин самт корҳои бунёдкорӣ бо суръат давом дорад. Мувофиқи нақша ва лоиҳа дар «Этношаҳр»  хонаҳои истиқоматии усулҳои шарқона, меҳмонхона, маркази ҳунармандӣ, китобхона, дӯконҳои савдо, нуқтаҳои хидматрасонии замонавӣ қад рост мекунад.
Қобили тазаккур аст, ки дар муддати 6 соли охир дар вилояти Сурхондарё баҳри рушди соҳаи туризм 118 лоиҳае, ки қиммати умумиаш 597,1 млрд. сӯмро ташкил мекунад, амалӣ карда шуд. Дар натиҷа зиёда аз 2 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Агар дар соли 2017 макони ташрифи сайёҳон дар вилоят танҳо 48-торо ташкил карда бошад, ҳоло он ба 116-то (241,6 фоиз) расонида шуд. Аз 116 макони туризм 6-тояш дар Тирмизшаҳр ҷойгир ва дар ноҳияҳои Ҷарқӯрғон, Шӯрчӣ ва Деҳнав 5-тоӣ, ноҳияҳои Бойсун, Қумқӯрғон ва Сариосиё 4-тоӣ ва дар дигар навоҳии боқимонда 3 ва 2-тоӣ манзилҳои сайёҳӣ мавҷуд. Дар соли 2022 ба вилояти Сурхондарё 1,1 миллион нафар, аз ҷумла, аз ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон 256 ҳазор нафар, аз 85 кишвари дигари дунё 150 ҳазор нафар ва 694 ҳазор нафар сайёҳони маҳаллӣ ташриф фармудаанд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ин нишондод боз ҳам афзудааст. Яъне, ин ба он далолат медиҳад, ки соҳаи туризм дар вилоят сол аз сол рушд мекунад.
Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё
.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: