ҲАМИДА

Ҳамида духтари боақл, ботамкину серғайрат буд.

 Аҳли оила – падар, модар, бародар ва хоҳарон ҳама ӯро дӯст медоштанд. «Асалам» гуфта ном мегирифтанд. Ба хурду калон, бобову бибӣ, амаку тағо, аммаву хола, ҳамсоягон хеле меҳрубон буд, онҳоро эҳтиром менамуд. 
Ӯ соли 2006 дар деҳаи Соби ноҳияи Нурато ба дунё омад. Духтар ва хоҳари дӯстрӯяки хонадон буд. Зеҳни тез дошт. Вақте соҳибақл гашт, талаб намуд, ки зодрӯзашро гузаронем. Дар ҳалқаи оила зодрӯзашро ҷашн гирифтем. Ҳамон рӯз гелоси пешпазаки рӯи ҳавлӣ пухта буд. Он дар хотираи ӯ боқӣ монд. Солҳои дигар вақте гелоси мо мепухт, ӯ аз мо барпо намудани зодрӯзашро мехост. Вақте мактабрав гардид, шодиву хурсандии ӯ ҳадду канор надошт. Ба хондан шавқи зиёд дошт. Китобу дафтар ва сару либоси худро эҳтиёт менамуд. Хеле сариштакор буд. Гарчанд фарзанди хурдии оила буд, эркагӣ намекард. Моро ранҷондан намехост. Воқеае ҳеҷ аз хотирам фаромӯш намегардад. Фасли зимистон буд. Намедонам дар синфи дуюм ё сеюм мехонд. Мӯзаи апаашро, ки хурд шуда буд, барояш додем, то ки бипӯшад. Рӯзи дигар мӯзаро пӯшида ба мактаб рафт. Вақте ба хона баргашт, ба мо гуфт:  «Ҳамсинфонам мӯзаат аз поят калон мегӯянд, лекин мӯзаам калон не, ба назарашон калон намудааст». Ӯ мӯзаашро пӯшида моро бовар кунониданӣ мешуд, ки он ба пояш калон нест. Дар асл каме калон буд. 
Мактабро бо баҳои аъло хонд, шавқи расмкашӣ дошт. Ҳаракат менамуд, ҳамаи фанҳоро аз худ намояд. Китобҳои бадеиро бисёр мутолиа менамуд. Дар синфи нуҳум дар озмуни ноҳиявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ширкат намуда, сазовори ҷои дуюм гардид. Дар зинаи вилоятии озмун ҷои сеюм насиби ӯ гардид.  
Имтиҳоноти давлатиро бо баҳоҳои аъло ҷамъбаст намуд. Хеле хушҳол буд ӯ. Вақте ки хоҳари калониаш аз тариқи телеграм аз ӯ мепурсад: «Имтиҳонҳо чӣ тавр шуд?» Ҷавоб медиҳад: «Ҳамааш аъло». Орзуҳои зиёд дошт Ҳамида. Мехост баъд аз хатми синфи нуҳум таҳсилро дар шаҳри Тошканд давом диҳад. Мо – волидон низ ба хоҳиши ӯ зид набаромадем. Зеро ки бародараш Темур ва апааш Холида он ҷо буданд. Ҳамида шоду хурсанд менамуд. Дар рафтору кирдор ва симои ӯ мо ҳеч аломати норозигиро ҳис намекардем. 
Охирҳои моҳи май буд. Рӯзе барои аз дараву нова алаф даравидан Ҳамидаро бо худ ҳамроҳ гирифтам. Ҳар ду харсавор ба новаи Ҷаврак, ки он ҷо алаф даравида монда будам, рафтем. 
Дастаҳои алаф тайёр буданд. Ҳангоми ба харҳо бор кардани алаф, чӣ тавр бастани ресмонро нишон додам. Ҳамида иброз намуд, ки агар танбеҳ диҳам, ҳам ӯ аз ман хафа намешавад. Оре, ранҷиданро намедонист  Ҳамида. Бахусус аз мо – волидон. Ҳатто апаҳояш Холидаву Фаридаро намегузошт, ки бо сухан ё рафторашон қалби моро ранҷонанд. Баъди ба таътил баромадан корҳои хонаро иҷро мекард. Ман ҳоло ба таътил набаромада будам. Фардо бояд хонандагони синфи ёздаҳум имтиҳони охирини худро месупурданд. Бегоҳие падар, модар ва Ҳамида ҳар се маслиҳат намудем, ки пагоҳ модарашро ба шаҳри Тошканд ба хонаи хоҳарбузургаш Холида мефиристем, зеро зодрӯзи ҷиянчааш Руслан буд. Ҳамида мисли ҳарвақта хурсанд буд. Ба модараш мегуфт: «Модарҷон, бехавотир равед, даҳ рӯз дар хонаи апаам монед. Аз кори рӯзгор хавотир нашавед. Ману падарам ҳамаи корҳоро ӯҳда мекунем». 
Саҳарии рӯзи дигар модарашро ба Тошканд фиристондем. Ҳамида рӯбучинро ба охир расонд. Ман дар хонаи корӣ бо санҷидани дафтари хонандагон машғул гаштам. Вақти мактабравиам расид, ба кор рафтанамро гуфта, сӯи мактаб рафтам. Аз мактаб дертар омадам. Ҳамида дар хона набуд. 
Рӯйи гази ошхона дег меҷӯшид. Оташи газро хомӯш намудам. Хостам омадани ӯро интизор шавам. Ба худ гуфтам, якҷоя хӯрок мехӯрем. Боз ба санҷиши дафтари хонандагон машғул шудам. Аз Ҳамида дарак нашуд. Ба суроғи духтарам баромадам. Ӯро на аз хонаҳои амаконаш, на аз хонаи ҳамсояҳо пайдо кардам. Ба самти кӯҳ рафтам, гумон доштам, ки ба пешвози чорво рафтааст. Ӯро аз он ҷо низ дарёфт накардам. Ҳангоми бозгашт, вақте аз назди оғили молҳо мегузаштам, чашмам аз тиреза ба дарун, ба танаи овезони духтарам афтода, ба чашмонам бовариам наомад. Дареғо, ӯ худкушӣ карда буд. Чаро ин тавр кард? Ҳар қадар сабаб меҷӯям, ҷавоб намеёбам. Духтарам орзуҳои зиёд дошт. Ба ҳаёт бо меҳр менигарист... 

Дилдор ИБОДОВ,
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: