ДӮСТИ РӮЗНОМА

Як пойи доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ, ба қавле, дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» буд.

Хонандагони рӯзнома бо мақолаҳои пурмуҳтавои олими фирдавсишинос ошноянд. Устод тӯли чанд соли охир доир ба чеҳраҳои илми Ӯзбекистону Тоҷикистон мақолаҳои зиёде ба дасти чоп додаанд.  Ҳамидҷон Ҳомидӣ ҳамеша нуқтаҳои пайванди халқҳои ба ҳам дӯсту бародар – тоҷику ӯзбекро, ки тӯли асрҳои зиёд дар канори ҳам ба сар бурдаанду мебаранд, меҷуст.
Олими заҳматписанд, баъди шодравон Ҷонибек Қувноқ, тайи чанд сол бори вазифаи раисии Шӯрои адабиёти тоҷик дар назди Иттифоқи нависандагонро бар ӯҳда дошт. Дар ин солҳо бо саъю кӯшиши ӯ аз адибони тоҷики ҷумҳурӣ чанд тан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд, пас аз муҳокимаҳои тӯлонӣ китобҳояшон рӯйи чопро дид.
Ҳамидҷон Ҳомидӣ чанд сол дар Донишкадаи (ҳоло донишгоҳ) давлатии педагогии ба номи Низомии Тошканд ба ҳайси роҳбари кафедраи адабиёти муосир ва классикии ӯзбек фаъолият дошт. Дар давоми ин солҳо бисёр олимони ҷавон таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дифоъ намуданд. Ба кадрҳои илми Тоҷикистон низ раҳнамоӣ кардааст. Доктори илмҳои филологӣ, профессор, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аз устод шукргузор аст, ки  ба ӯ дар дифои рисолаи номзадӣ аз наздик кумак расондааст.
Устод дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» боре ёдовар шуда буд, ки ӯ ҳанӯз овони мактабхонӣ бо рӯзнома алоқамандии зиёд дошт. Бо кумаки устодонаш хабару мақолаҳои зиёди ӯ дар рӯзнома чоп шудаанд. Дар тӯли умр ҳар сол солона обуна шудани ӯ ба «Овози тоҷик» аз муҳаббаташ ба забони модарӣ ва адабиёту фарҳанги тоҷик гувоҳӣ медиҳанд.
Дареғ, ки риштаи умри ин олими пурмаҳсул, донандаи нуктаҳои борик, фирдавсишиноси забардаст, тарҷумони моҳир 12 декабри соли равон дар синни 89-солагӣ гусаст.
Тӯли солҳои охир чанд китоби илмии ӯ ба мисли «Ҳикояти чилу панҷ аллома», «Шуҳрати «Шоҳнома», «Мутафаккирони Шарқ», «Алломаҳои тасаввуф», «Таровати бӯстони ҳамешасабз» ва «Тасаввуф» (аз Қаранӣ то Рушдӣ) ба рушди адабиёт хидмат мекунанд, рӯйи чоп дидаанд. Барандаи ордени «Дӯстлик» ва дигар мукофотҳои давлатӣ Ҳамидҷон Ҳомидӣ 4 октябри соли 1935 дар шаҳри Косонсойи вилояти Намангон таваллуд шудааст.
Рӯҳи устод шод, манзили охираташон обод бод.

Ҳайати таҳририяти 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: