АРЗИШҲОИ МЕРОСӢ

Баъзан, беихтиёр, айёми бачагӣ ба ёд мерасад.

Дар дашт бошишгоҳ доштем. Дар ҳамсоягии мо як марди қазоқ зиндагӣ мекард. Оилаи онҳо низ ҳар тобистон мисли мо хайма мезад ва бо чорвопарварӣ машғул мешуд. Мо аз бошишгоҳи зимистона ба ин ҷо кӯч мебастему юрта месохтем. Юртаро хиргаҳ ҳам мегуфтанд. Он аз ходаву чӯбҳои борики дароз ва ба ҳам баставу печида иборат буд. Болояшро бо намад мепӯшонданд ва бо ресмонҳои махсус мебастанд. Юрта дар тобистон салқиниро нигоҳ медошт. Ҳамсояҳои қазоқи мо – Умбет, ҳамсараш Қандчой, додараш Тӯрахон ва фарзандонаш аз кӯчида омадани мо хурсандӣ мекарданду барои ҷобаҷокунии кӯч ёрӣ мерасониданд. Ба меҳмонӣ мехонданд, меҳмон мешуданд. Дар қишлоқи Отақӯрғон бародари калонии Умбет – Ҷӯрабой ба сар мебурд. Ӯро Ҷӯрабой-қаҳрамон гуфта ном мегирифтанд. Зеро дар соҳаи чорво сидқидилона кор карда, сазовори унвони қаҳрамонӣ шуда буд. Баъди гузаштани ду-се моҳ мо боз барои кӯчидан ба бошишгоҳи зимистонаи худ, ки дар қарибии кӯли Айдар воқеъ буд, тараддуд мекардем. Ҳамсояамон моро бо чашмони пурашк гусел менамуд. 
Солҳо сипарӣ шуданд. Акнун айёми бачагӣ хобу хаёлеро мемонад. Эҳтимол фарзандони он оила дар куҷое умр ба сар мебаранд. Бештари қазоқон ба Қазоқистон кӯч бастанд. Онҳо асосан дар маҳаллаҳои Отақӯрғон, «Қизилқум»-и ноҳияи Фориш, «Чимқӯрғон», «Темирязев»-и ноҳияи Зафаробод ва шаҳраки Гагарини ноҳияи Мирзочӯл буду бош доштанд.
Замоне бо тақозои тақдир дар шаҳраки Гагарин зиндагӣ кардам. Ҳоло дар маҳаллаи Қизилқум буду бош дорам. Рӯзи хотира ва қадр, дигар идҳо бародарони қазоқ ба зиёрати ватани бобоии худ меоянд, ба қабристонҳо рафта, ба рӯҳи наздикони худ тиловат мекунанд, манзили азалии хешро тавоф мекунанд. Ба соҳибони ҳозираи ин мавзеъ, ки онро хеле обод карда, боғу токзор барпо намудаанд, миннатдорӣ баён месозанд.
– Ман дар ҳамин макон ба дунё омадам, камол ёфтам, – мегӯяд сокини ҷамоати шаҳрвандони «Қизилқум», фаъоли маҳалла Дархон Шубаллаев. – Бисёриҳо аз ин ҷо кӯчида рафтанд, аммо ману додаронам мондем. Оё аз ин ҷо дил кандан осон аст?! Марди давлатманду обрӯманд, пешвои маҳалла Сарсенбой Есимов ҳам дар ватани худ монд. Зиёда аз навад сол умр дид. Порсол ба хок супоридем. Номи ӯро ҳама бо некӣ ёд мекунанд. Замоне ӯ барои кашидани гази табиӣ, асфалтпӯш намудани роҳҳои дохилӣ хидмати калон кардааст. Бо тоҷикону ӯзбекон бародарвор зиндагӣ мекунем, аз онҳо ҳаргиз бадӣ надидаем, – нақлашро давом медиҳад Дархонака. – Акнун ба ҷавонон омӯзонидани ин фазилатҳои меросӣ вазифаи асосии мо –  калонсолон аст...
Дарҳақиқат, имрӯз тоҷик бо ӯзбек, ё баръакс ӯзбеку тоҷик қудоянд. Тоҷикону ӯзбекон ва қазоқон ба ҳам риштаҳои мустаҳками дӯстӣ бастаанд, ки ногусастанист. Чорабиниҳои фарҳангӣ, иду ҷашнвораҳоро даст ба дасти ҳам якҷо мегузаронанд.
– Ман ба раиси маркази миллию фарҳангии русҳо Александр Скрипкин ҳамеша «дӯстам» гуфта, муроҷиат мекунам, – мегӯяд раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов. – Бо раиси чунин маркази бародарони қазоқ Утепов дӯсту бародарем. 
Дарвоқеъ, дӯстӣ неъмати бебаҳо ва бузург аст. Он феълан бо азму иродаи сарварони кишварҳо мустаҳкамтар мегардад. Мебояд, ки онро ҳамеша ҳифз кунем. 
Алҳол мусобиқаҳои футбол баҳри дарёфти Ҷоми Осиё идома дораду ҷавонон, алалхусус,  бозиҳои тимҳои мунтахаби Ӯзбекистону Тоҷикистонро бо завқ тамошо мекунанд ва ба ҳарду даста пирӯзиҳо мехоҳанд. Аз шабакаҳо мебинем, ки футболбозони кишвари ҳамсоя баъди пирӯзӣ аз дасти ҳаводорон парчами давлати худ – Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро низ гирифта, баланд мебардоранд. Ин аст, қудрати варзиш, неъмати дӯстӣ, мегӯям худ ба худ.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: