ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ – ТАҚОЗОИ ДАВР

Ба фаъолият шурӯъ кардани Маркази технологияи рақамӣ дар шаҳри Марғелон барои ҷавонони зиёд мояи ифтихор ва сарфарозиҳо шуд.

Ба фаъолият шурӯъ кардани Маркази технологияи рақамӣ дар шаҳри Марғелон барои ҷавонони зиёд мояи ифтихор ва сарфарозиҳо шуд. Ин марказ имкон фароҳам овардааст, ки ҷавонон технологияҳои компутерӣ ва интернетро ба таври фаровон истифода баранд.
Дар бинои дуқабатаи масоҳати умумиаш 3 ҳазору 100 метри мураббаъ 120 нафар метавонанд машғули кор шаванд. 
– Ба ин ҷо хонандагони синфҳои 7-11-и мактабҳои таълимоти умумӣ барои он меоянд, ки аз мутахассисони мо донишу малакаи худро оид ба технологияи наву замонавӣ ва истифодаи интернет такмил диҳанд. Онҳо наврасону ҷавононеанд, ки ба ин соҳа шавқу рағбати зиёд доранд,– изҳор кард роҳбари марказ Баҳромҷон Ҷалилов.
– Оё онҳо метавонанд баъди омӯзиш дар маркази шумо дар ягон ҷо машғули кор шаванд?
– Бечуну чаро. Онҳо баъди он ки донишу малакаи худро афзун карданд, дар IT-парки вилоят метавонанд мустақилона ба фаъолият пардозанд. 
Дар марказ ходимони ташкилотҳои давлатӣ, омӯзгорони фанни технологияи ахбори литсейҳо ва мактабҳои таълимоти умумӣ низ такмили касб мекунанд. Дар давоми солҳои 2020–2021 дар саросари вилоят ифтитоҳи 19-то маркази технологияи компутерӣ ва интернетӣ барномарезӣ шудааст.
– Қарор аст, ки то охири соли равон дар ноҳияҳои Данғара, Бағдод ва Риштон, ҳамчунин шаҳрҳои Фарғона, Қӯқанд ва Қувасой марказҳои технологияи рақамӣ дари худро боз намоянд, – мегӯяд роҳбари марказ.
Ӯ афзуд, ки дар роҳандозии ин марказ мақомоти роҳбарӣ ва мутахассисони Вазорати ривоҷ додани технологияи ахбор ва коммуникатсия, ходимони соҳаҳои ахбору технологияи компутерӣ нақши муассир бозидаанд. 
Мо ҳамроҳи Б. Ҷалилов дар дохили бинои марказ каме сайругашт кардем, то ба умқи он сарфаҳм равем, ки он иҷрои кадом корҳоро мадди назар гирифтааст.
– Ҳоло дар шуъбаи кворкинг қарор дорем. Яъне кормандони соҳаҳои гуногун дар ин ҷо донишу маҳорати худро такмил дода метавонанд. Барояшон имкон низ фароҳам оварда шудааст, ки онҳо гирдиҳам оянд ва бо гузоштани ягон масъалаи муҳиме, ки маҳз ба соҳаҳояшон марбут аст, фикри якдигарро шунаванд ва табодули назар кунанд. Ин ҷо ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ, пеш аз ҳама дастрасӣ ба интернет имконпазир аст. Ба воситаи он ҳар фард тамоми маводи мавриди эҳтиёҷи худро пайдо карда метавонад,– гуфт ӯ.
Дар шафати ин шӯъба бахши таъминоти барномасозӣ ҷой гирифтааст. Дар ин ҷо ҷавононе ба фаъолият машғул буданд, ки барномаҳои гуногуни компутерӣ месохтанд. Тамоми фармоишҳо перомуни сохтани барномаҳои компутерии вилоят  маҳз дар ҳамин ҷо иҷро мешаванд. Ҳар як муштарӣ ба назди ҷавонон омада, сохтани ягон барномаро фармоиш медиҳад.
– Ширкатҳои хусусӣ, корхонаву муассисаҳо бо истифода аз маркази мо барномаҳои компутерии хоси худро месозанд. Албатта, дар шароити кунунӣ, ки иқтисодиёти рақамӣ ба ҳаёти рӯзмарраи мо ворид мегардад, бидуни чунин таъминоти дастурӣ ё таҳияи барномаҳои компутерӣ пешрафт кардани ҳамаи соҳаҳо ғайриимкон гаштааст,– тавзеҳ дод Баҳромҷон. — Ҳоло шабакаҳои интернетӣ барои реклама ва PR воситаи асосӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як ташкилот, корхона ва муассиса вебсайти худро дорад ва аз тариқи он оид ба кору фаъолият маълумот ироа мекунад, маҳсулоти  худро манзури муштариён мегардонад. Бидуни пиёда кардани ин кор имрӯз дар тамоми соҳаҳо муваффақият пайдо кардан амри маҳол гаштааст ва инро ҳар фарди соҳибкор, тоҷир ва мутахассиси соҳаҳои дигар хеле хуб дарк менамояд.
– Таъминоти маркази шумо бо кадрҳои малаканок аз куҷо маншаъ мегирад, – пурсидам аз вай.
– Кадрҳои қобилиятнокро барои маркази мо асосан филиали фарғонагии Донишгоҳи ахбору технологияҳои Тошканд  ва як донишгоҳи байналхалқии Куриёи Ҷанубӣ, воқеъ дар пойтахти мамлакатамон тайёр карда медиҳанд. Ин ҷавонон мутахассисонеанд, ки фармоишҳои корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту ширкатҳоро иҷро мекунанд ва тавассути вебсайтҳои таҳиякардаи онҳо ин фармоишгарон худро ба муштариён муаррифӣ менамоянд, – посух дод вай.
Як гурӯҳ ҷавонон бидуни ягон диплом ё маълумоти тахассусӣ дар ин марказ ба фаъолият машғуланд. Онҳо малакаву маҳорати таҳия намудани барномаҳои гуногуни компутериро соҳибанд, ки ба иқтисодиёти рақамӣ алоқаманданд ва онро ба ниёзмандон тақдим мекунанд.    
– Ин бахши марказамон яке аз платформаҳои асосӣ ба шумор меравад, зеро аз соли 2019 фаъолияти он барои ба 1 миллион нафар расонидани контингенти барномасозон нигаронида шудааст. Ин кор маҳз тибқи ҳидояти Президент сурат мегирад, – мегӯяд Баҳромҷон Ҷалилов.  
Дар бинои Маркази технологияи рақамии Марғелон маҷлисгоҳ бо гунҷоиши 60 нафар, хонаи гуфтушунидҳо, студияи наворбардорӣ ва маркази захираҳои ахбор низ мавҷуданд, ки ҷавонон дар онҳо асосҳои технологияи ахбор ва зербинои инноватсионии соҳибкориро меомӯзанд.
– Ҳоло дар маркази мо барои ташаккул додани маҳорат ва амалӣ намудани лоиҳаи “Як миллион барномасоз” тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар давоми сол маркази мо метавонад ҳудуди 2 ҳазор мутахассисони соҳаи технологияи рақамиро тайёр кунад ва ба истеҳсолот равона намояд. Дар оянда доираи имкониятҳои мо боз ҳам фарохтар ва теъдоди фармоишгарон афзоиш хоҳанд ёфт – мегӯяд Баҳромҷон Ҷалилов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: