ДАР ТӮФОНИ АЙЁМ

Аз таърихи бани башар пайдост, ки дар аҳди ҳукмронии сарварони ҷоҳил, худкома, истилогар ҷафои замонаро қабл аз ҳама рӯшанфикрон, зиёиён кашидаанд.

Дар замони истибдоди сталинӣ, ҳамчунин, бисёр равшанфикрони мо – шоирон, нависандагон, уламои дин... бо туҳматҳои ноҳақи «душмани халқ» ва монанди ин ба зиндонҳо афтодаанд, ба қатл расонда шудаанд. Афсӯсҳо бод, ки то ҳанӯз дар куҷо будани мазори пешвои ҷараёни ҷадидия  – Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки ба таври хуфия ба қатл расонда шуда буд, маълум нест.  
Сиддиқхоҷаи Аҷзӣ, Саидризо Ализода, Абдуқодир Шакурӣ, Абдурауф Фитрат, Абдулло Авлонӣ, Абдулҳамид Чӯлпон, Ҳоҷӣ Муин ва даҳҳо тани дигар, ки ҳама аз аҳли фазл ва адаби сарзамини мо буданд, бо туҳматҳои гӯшношунид зиндонӣ гардидаанд. 
Номи неки Вадуд Маҳмудӣ ба шарофати соҳибистиқлолии ватани мо аз нав зинда гардид. Зеро хидматҳояш дар соҳаи танқиди адабӣ, адабиётшиносӣ, маорифи халқ, фалсафа, назм, тарҷумаи бадеӣ ва матбуот кам набуд. Ӯ худ зодаи Самарқанди бостонӣ аст. Соли 1898 дар гузари Хоҷа Зудмуроди шаҳри Самарқанд дар оилаи мударриси мадрасаи Хоҷа Зудмурод – Мулло Маҳмудҷони Махдум чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай бо файласуфи машҳури Машриқзамин Мирсаид Алии Ҳамадонӣ пайванди наслӣ дорад. 
Вадуд Маҳмудӣ (соли 1934) дар дафтари хотироти хеш чунин сабт кардааст: «Аз амакпоччом Мулло Зикриё шунидаам: дар вақти зиндагии падарамон аз Кӯлоб шахсе омада, ҳуҷҷатҳо оварда ва таклиф намудааст, ки тамоми ҳуқуқи сари мазори Мир Саид Алии Ҳамадонӣ муҳаффиз (маҳфуз) аст. Бояд бираванд ва ба он молик бишаванд, зеро авлоди Амир Саид Алӣ ҳастанд ва дар ин овон ғайр аз эшон аз он авлод муносибтар ба он мақом касе нест. 
Мегуфтанд, ки падарамон ин таклифро рад кардаанд ва аз ҷониби худашон ин шахсро ба ин кор муайян ва тамоми ихтиёрро ба ӯ вогузор намуда фиристодаанд».
Вадуд Маҳмудӣ чунин ҷаддҳои бофазлу маърифат доштааст. Ҳамин покгуҳарӣ то андозае мусоидат кардааст, ки вай ба мартабаи баланди фарзонаи замони пурошӯби худ бирасад... Вай саводи ибтидоиро аз падар омӯхтааст. Сипас дар мактаби нахустини усули ҷадидия, ки Абдуқодир Шакурӣ дар Самарқанд кушода буд, таҳсилро идома дод. Ҳам илмҳои дунявӣ ва ҳам илмҳои диниро басо амиқ омӯхтааст. Сипас дар ҳамон мактаб баҳри саводомӯзии шогирдон ба Абдуқодир Шакурӣ ёрмандӣ кардааст. 
Вадуд Маҳмудӣ пас аз табадуллоти болшевикӣ дар сарзамини мо омӯзгорӣ кардааст. Чанде мудир ва муҳаррири ҷаридаи «Маориф ва ӯқитувчи», дар идораи маърифатгоҳ мудири маориф будааст. Дар матбуоти ҳамон замон мақолаҳои ниҳоят зиёди илмӣ, танқидӣ, публитсистӣ навишта ба табъ расондааст, китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ҳамон замон таълиф кардааст. Азбаски забонҳои арабӣ, англисӣ, немисӣ, туркӣ ва забонҳои дигарро хуб медонист, бо тарҷумаи бадеӣ ҳам сарукор дошт. 
Адабиётшинос Баҳодур Карим дар сарсухани рисолаи илмиаш «Вадуд Маҳмудӣ» ба таври ҳаққонӣ зикр кардааст:
«Фаъолияти илмӣ, маданиву маърифатии Вадуд Маҳмудӣ, андешаҳои вай дар бораи Чӯлпон то ҳанӯз дар таърихи нақди адабии ӯзбек мавқеи хешро соҳиб нашудааст. Омӯзиши махсуси онҳо бошад, барои рӯшантар тасаввур кардани муҳити илмию адабии солҳои бистум шароит фароҳам меоварад». 
Вадуд Маҳмудӣ, ки аз фарзандони некрой, бомаърифату бофарҳанги замони хеш буду мардуми сарзамини худро озод, ватанашро соҳибистиқлол дидан мехосту пайи муҳофизати фарҳанг, асолати миллӣ набарди бардавом дошт, аз ҷониби зимомдорони замон, намояндагони «маданияти сурх» таъқибу таҳдид мебинад ва охиран се маротиба ба муддати 10 сол зиндонӣ мешавад. 24 соли умри Вадуд Маҳмудӣ дар зиндонҳои сталинӣ, аз ҷумла, дар Архангелски Русия сипарӣ мешавад. 
Бо гузашти айём бегуноҳии чунин фардони ватандӯст ва фозили мо ба тасбит мерасад, аммо умри дар зиндон гузаштаи онҳоро кӣ бармегардонад? Инак, таваҷҷуҳ кунед ба ин мисраъҳо, ки аз онҳо сӯзи дили Вадуд Маҳмудӣ падид меояд:
Дар Кармина омадам, эй волидаҷон, 
Аз рӯи Самарқанд гузаштам ба вагон. 
Ин чӣ сарсонист, ки рӯйи якдигарро, 
Як дафъа надидем, аҷаб шуд даврон. 
Умрам, ки чун об даргузар буд ҳаме, 
Мерафт ба беҳуда наёсуда даме.
Маҳбусии сисола тасаллӣ мешуд, 
Он ҳам бигузашту умр ҳам монд каме. 
24 соли маҳбусӣ дар маҳбасҳои даҳшатзои сталинӣ иродаи Вадуд Маҳмудиро шикаста натавонист, вай аз эътиқоди хеш рӯй натофт, матонати ғайриодӣ ба вай кумак кард, ки ҳам дар зиндон ва ҳам пас аз озодшавию сафедшавӣ корҳои эҷодиашро давом диҳад. Маҳмудӣ дар як шеъри басо пурсӯзугудоз сурудааш мақсаду мароми хешро ба тариқи зайл ифода карда, бегуноҳ зиндонӣ шуданашро изҳор доштааст:
Чӣ ҳарфе бувад ин ки гуфтем ин хок, 
Бимонад таги он ағёр то чанд, 
Чӣ ҳарфе буд ин, ки гуфтем занҷир, 
Тани қавми моро напечад ба ҳар банд. 
Чӣ ҳарфе бувад ин, ки гуфтем инсон, 
Чаро ҳақ надорад ба поси Худованд. 
Чӣ ҳарфе бувад ин, ки гуфтем миллат, 
Бипӯяд раҳу расму оини арзанд. 
Ҷуръат, матонат, шахсияти зӯрманд будани Вадуд Маҳмудӣ аз сатрҳои номаи ирсолкардаи вай ба адабиётшинос Носирҷон Масумӣ бараъло падид меоянд:
«... Аз ҳамон соли 1930, ки маро гирифта бурданд, то соли 1954 дар ҳабсхона ё дар сургун мондам. Баъд аз омаданам маро бегуноҳ ёфтаанд, ки ду моҳ мешавад ин коғаз ба мо расид. 
То имрӯз ман ба ҳеч ҷое ҳеч гуна муроҷиат накардаам, чун акнун андак далерӣ гирифтаам, ба хидмати Шумо ин коғазро навиштам. 
Шумо медонед, ки дар ин муддати дуру дароз ман аз корҳои илмӣ дур будам ва акнун, ки омадам, синну солам ҳам аз шаст таҷовуз кардааст. Бо вуҷуди ин, дар бораи як шоири самарқандӣ – Сипандӣ якчанд мақола навиштаам ва боз ҳам дар даст баъзе корҳое дорам, ки мехоҳам онҳоро ба поён расонам. 
Бинобар он аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ба ман барои тамом кардану давом намудан ба корҳои илмӣ ёрмандӣ расонда шавад. Ман алъон на хона дорам, на ҷой, на коре дорам, на таъминот. Албатта, дар ин вазъият илоҷи кор кардан нест. 
Умедворам, ки он чи аз дастатон меояд, дареғ надошта бошед».
Чуноне ки дар суҳбат ба нигорандаи сатрҳо фарзанди чаҳоруми Вадуд Маҳмудӣ, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд – Нажод гуфт, падари вай пас аз бозгашт аз бадарға (соли 1957) дар Самарқанд дар ҳавлии устод Садриддин Айнӣ зиндагӣ кардааст. Суоле бармеояд, ки Вадуд Маҳмудиро бо устод Айнӣ чӣ иртиботе ҳаст? Ҳамсари устод Айнӣ – Салоҳат хоҳари Вадуд Маҳмудӣ буда, ӯро Абдуқодир Шакурӣ пас аз ба Самарқанд омадани устод Айнӣ ба вай ба шавҳар додааст. Чуноне ки маълум гардидааст, фарзандони Мулло Маҳмудҷон Махдум пас аз фавти вай аз ҷониби Абдуқодир Шакурӣ парасторӣ шудаанд. Хешу таборӣ ва дӯстии ду симои муаззами фарҳанги мо аз ҳамон рӯз маншаъ гирифтааст. 
Азбаски ҳавлии устод Айни солҳои шастум ба осорхона табдил меёбад, дар яке аз иморатҳои бисёрошёнаи нави атрофи Регистон ба Вадуд Маҳмудӣ хона дода мешавад. Мебояд нуктаеро таъкид кард, ки Вадуд Маҳмудӣ соли 1957 хонадор шудааст ва ҳамаи фарзандонаш – Нӯшод, Озод, Нажод, Ораш дар ҳамин манзил ба воя расидаанд. 
Вадуд Маҳмудӣ аз соли 1957 ба Душанбешаҳр рафтуомад дошт ва дар ҳавлии хоҳараш – Салоҳат ба сар мебурд, ба корҳои илмии ҷиянаш Холида Айнӣ – бедилшиноси варзида кумак расондааст. Вай дар нашриёти «Ирфон» ба ҳайси муҳаррири ғайриштатӣ кор кардааст. Ба ҷуз ин, Вадуд Маҳмудӣ, азбаски забоншинос ва луғатшиноси забардаст ҳам буд, дар кори мураттаб сохтани ҳар ду ҷилди «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ширкат доштааст. Дар ду ҷилди «Фарҳанги забони тоҷикӣ» номи вай чун яке аз мураттибон сабт ёфтааст. 
Чуноне ки дар суҳбат писари Вадуд Маҳмудӣ – Нажод изҳор дошт, падараш асари сегонаи Лев Толстой «Кӯдакӣ, навҷавонӣ, ҷавонӣ», романи Михаил Лермонтов «Қаҳрамони даврони мо»-ро тарҷума карда, ба нашр расондааст. Инчунин, пас аз даргузашти вай қиссаи ҳуҷҷатии «Муаллим Абдуқодир Шакурӣ» (бо сарсухани устод Сотим Улуғзода) ба табъ расидааст. 
Мебояд таъкид кард, ки Вадуд Маҳмудӣ аз худ мероси ғановатманде дар жанрҳои ғазал, рубоӣ, қасида, маснавӣ ва мақолаҳои тадқиқотӣ дар бораи Саъдии Шерозӣ, Бедил, Ҳофизи Шерозӣ, мақолаҳои зиёди публитсистӣ, танқидӣ, илмӣ, ки солҳои бистум дар матбуоти ҳамон замон ба табъ расидаанд, дафтари хотирот, ки дар маҳбас навишта шудааст, боқӣ мондаанд.
Адабиётшинос Баҳодур Карим рисолаи илмӣ-тадқиқотии пурарзишеро дар хусуси Вадуд Маҳмудӣ анҷом додааст. Аммо ҳамаи ин корҳо кам аст. То ҳанӯз эҷодиёти Вадуд Маҳмудӣ, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навишта шудаанд, нигарони тадқиқоти фарогирест. 
Осори гаронбаҳои ӯ мебояд, ки дар шакли китобҳои алоҳида табъу нашр шаванд. Зеро Вадуд Маҳмудӣ на танҳо як шахсияти нодир, балки олим, шоир, рӯзноманигор, омӯзгор, хулоса, фарзонаест, ки асарҳояш дардхӯрди наслҳо ва замонҳоянд...

Ӯктам ИБРОҲИМ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: