ҶАВОНОН – ОЯНДАИ МАМЛАКАТ

Дирӯз – 30 июн ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар вилояти Сирдарё чорабиниҳои гуногуни маънавиву маърифатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардид.

Дар шаҳри Гулистон аз субҳи содиқ ба масофаи 6 километр 1200 нафар ҷавонон ба пойга пардохтанд. Ин мусобиқа ба маросими ба истифода супурдани бинои “Ёшлар маркази”-и вилоят пайванд гардид.
Арзиши умумии лоиҳа 22 миллиард сӯм буда, дар бинои муҳташам  барои дониш андӯхтани ҷавонон, сермазмун гузаронидани вақти холии онҳо тамоми шароит ба вуҷуд оварда шудааст. Дар марказ барои омӯзиши забонҳои англисӣ, куриёӣ, компутер, тиҷорат, равоншиносӣ, санъати тасвирӣ ва амалӣ, мусиқӣ, пазандагӣ, бофандагӣ ва шоҳмот маҳфилҳо ташкил гардида, бо ҷиҳозҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.
Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Ғафурҷон Мирзоев, роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаи таълим, масъулони ҳокимият, фаъолони Иттифоқи ҷавонон, вакилони ҷамоат ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ғ. Мирзоев таъкид намуд, ки ғамҳорӣ дар ҳаққи ҷавонон яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат ба шумор меравад. Дар доираи панҷ ташаббусе, ки аз ҷониби Президент пешбарӣ гаштааст, корҳои муҳим ба амал бароварда мешаванд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилоят бо ҷавонон мулоқот намуд. Муроҷиат ва пешниҳодоти онҳоро шунид. Мулоқоти “Ҳоким ва ҷавонон” ба маросими тақдимоти мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» пайванд гардид. Ба ду нафар ҷавонони вилоят – Ёрқинҷон Ҳайитбоев ва Турсунмурод Мусурмонов мукофоти «Мард ӯғлон» супорида шуд.
Ба муносибати Рӯзи ҷавонон дар тамоми ноҳия ва шаҳрҳои вилоят чорабиниҳои гуногуни маънавиву маърифатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ  баргузор гардиданд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: