Имрӯз ислоҳоти ояндасози кишвар кори бойгониҳои давлатиро низ фаро гирифтааст.
Дар фонди бойгониҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои зиёд оиди таърихи бойи кишвар, экспонатҳои нодир доири қадамҳои бошукӯҳи истиқлол нигоҳ дошта мешаванд. Омӯзиш, тадқиқ ва тарғибу ташвиқи он ҳуҷҷатҳо дар арсаи ҷаҳон ҳисси ифтихори мардуми моро ташаккул дода, ба камолоти эҳсоси миллӣ ва худшиносии мардум кумак мерасонад.
Дар нимсолаи аввали соли равон дар кори идораи бойгонии вилояти Навоӣ воқеа-ҳои муҳим рух додаанд. Сарвари идораи бойгонии вилоят Сайёра Бекова доири фаъолияти бойгониҳои вилоят мегӯяд:
– Қабули фармони Президент «Дар бораи тадбирҳои такомул додани корбурд ва кори бойгониҳои ҷумҳурӣ» ва қарор «Дар бораи такоммул додани фаъолияти агентии «Ӯзархив» воқеаи таърихӣ дар фаъолияти соҳа буд. Дар заминаи ин фармону қарор фаъолияти бойгониҳо ба танзим дароварда шуд. Дар соҳаи ҷамъоварӣ, ба рӯихат гирифтан, нигоҳ доштан ва истифодаи ҳуҷҷатҳо ба сохтори муайян асос гузошта шуд.
Дар соли 2022 ҳаҷми хизмати пулноки бойгониҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ 1 миллиарду 267 миллион сӯмро ташкил дод.
Аз ҷониби бойгониҳои вилоят хизмати пулнок асосан барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-услубӣ, коркарди илмӣ-техникии ҳуҷҷатҳои идораҳои гуногун иҷро карда мешавад. Дар муассисаҳои бойгонии вилоят соли 2022 аз 8543 бастаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ 402 ҳазору 632 кадрро рақамӣ кунониданд. Аз он 16 ҳазору 517 то дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ иҷро гардида, 824 ҳуҷҷат барои санҷиш ба муассисаҳои тааллуқдор фиристода шуд. Ба пурсишҳо 15 ҳазору 823 ҷавоби дақиқ ва ба 694 ҳуҷҷат ҷавоби рад омад. Ҳар як пурсиш (санҷиш) дар вақти муайян иҷро гардидааст. Мавзӯи пурсишҳоро асосан собиқаи корӣ, музди меҳнат, эътирофи давраи таҳсилро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин сол бинои муассисаи бойгонии вилоятӣ пурра таъмир ва ба истифода дода шуд. Ба таъмири бино 2 миллиарду 800 миллион сӯм сарф гардид. Ҳамчунин дар соли 2022 дар шаҳри Зарафшон аз ҷониби ҶММ «ZARAFZHON GRAN-DSERVIS» бо маблағи 2 миллиарду 400 миллион сӯм бинои нави муассисаи бойгонӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуд.
Дар нимаи аввали соли 2023 муассисаҳои бойгонии вилоят аз 4514 дӯхтаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ 323 ҳазору 405 кадрро рақамӣ кунонидаанд. Дар ҳамин давра аз ҷониби муассисаҳои вилоят ба маблағи 511,8 миллион сӯм корҳои пулнок иҷро гардид. Аз ҷониби идораи муассисаи бойгонии вилоятӣ доири корҳои бойгонӣ дар корхона, муассиса ва ташкилотҳо 15 назорати давлатӣ гузаронида шуд.
Муассисаҳои бойгонии вилоят ҳамеша дар хизмати мардум ва ба ҳалли мушкилоти онҳо омодаи кумак мебошад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.