ҶОДУГАР

Солҳои шастуми асри бистум, дар мактабе, ки дар ноҳияи канори шаҳри бостонӣ буд, муаллиме омад, ки ҷойи холии омӯзгори фанни забони инглисиро пур кунад.

Дар ин мактаб муаллимони ин забон зуд-зуд иваз мешуданд. Онҳо занҳои русзабон буданд. Билохир, як марди қаддарози қоқинаандом омад, ки ёг буданаш аён буд. Чашмонаш хеле калон ва сеҳрангез буданд. Гавҳараки чашмонаш аслан сиёҳ буданд, аммо агар талабае ӯро оташин кунад, суп-сурх мешуданд, фикр мекардед, ҳоло шарорапошӣ хоҳанд кард.
Вақте ки роҳ мерафт, шарфаи пояшро намешунидед. Бо овози хеле паст сухан мекард, аммо маънои овозаш пеш аз суханаш ба мағзатон медаромад.
Ҳини ба бонувон сухан кардан овози ӯ он қадар тағйири оҳанг мекард, ки гӯё як навъ синтези овозҳои най бо скрипка аст.
Ба ӯ бонувони бешавҳари мактаб зуд ошиқ мешуданд, аммо ин шахси аз куҷое омада эътиборе намедод. Ҳангоми бо бонувон сухан кардан ба чашмони сеҳрангезаш айнаки сиёҳ мениҳод, ки таъсир надошта бошанд чашмонаш.
Номаш Ҷаҳонгир Маҳмудиён буд, аз муҳоҷирони эронӣ будааст. Ӯ зуд фаҳмид, ки тоҷикбачаҳо забони русиро кам мефаҳманд, ба лаҳҷаи теҳронӣ сухан мекард оиди он ки кадом калимаҳо аз форсӣ ва дигар забонҳо ба инглисӣ гузаштааст.
Нақлҳои шавқовар мекард ва ин дар хотирҳо нақши амиқ дошт. Зуд луғатдонии талабаҳо боло рафт. Камина дар яке аз синфҳои ин мактаб таҳсил доштам. Калимаҳои инглисии дар як дарс ёдгирифтаамро то дарси дигар фаромӯш мекардам. Ин ҳол то омадани ин омӯзгор буд.
Як муъҷизаи ӯ ин шуд, ки дар пеши назари мо талабаҳои бадхон – Абдусалом ва Назарро дар давоми се дарс аълохон кард.
Дарси даҳум ё ёздаҳум буд, ки дари синфхона тақ-тақ шуд ва хаткашони почта ба муаллим телеграмма дод. Маҳмудиён ба телеграмма чашм давонду онро ба киса андохт ва дарсро хотима дода гуфт: «Узр мехоҳам аз ҳамаи шумо. Маро ба иҷрои як кори таъҷилӣ даъват карданд». Ва зуд ба берун тохт.
Мо ӯро дигар надидем. Ба ҷойи ӯ муаллими нав омад, ки ақлаш даҳ фоизи истеъдоди Маҳмудиёнро надошт.
Алами таҳсили дуруст нагирифтан аз чунин устод дар дилам  тугун шуда монд. Баъди оғози таҳсил дар донишгоҳ  бо як гурезаи эронии дигар, ки Халилӣ ном дошт, шинос шудам, ки аз устодони хати форсӣ буд. Баъд аз он кас пурсидам, ки Ҷаҳонгир Маҳмудиёнро мешинохтед?
Халилӣ гуфт, ки ӯ аз муғҳо буд. Яъне аз онҳое, ки мактаби ҷодугариро дар Кашмири Ҳиндустон омӯхтаанд. 
Пеш аз омадани ӯ ба шаҳри мо як ҷодугари сиёҳкор пайдо шуда буд. Ӯ агар дар кӯча ягон зани бисёр зеборо бинад, сеҳр карда ба хонааш мебурд. Аз мағозаҳо бо васоити ҷоду пул надода ҳар чизе, ки хоҳад мегирифт. Хилофи қоидаҳои ҷодугарии боинсофона зиста, дар ягон ҷо кор намекард. Ӯро на милиса дошта метавонист на КГБ. Сипас касе ин хабарро ба маркази ҷодугарии Кашмир мерасонад. Аз он ҷо ҳамин инспекторро мефиристонанд. Маҳмудиён ӯро ҷоду карда, ба Кашмир мебарад. Дар он ҷо ҷодугари палидкорро дар маҳкамаи худ муҳокима карда, ба куштан маҳкум мекунанд. Зеро ӯ савганди ҷодугарии ба мардум зарар нарасонданро шикаста буд.
Магар баъзе ҳамин сарватмандон, ки дар як-ду сол миллиардер шудаанд,  ҷодугар нестанд?
Дар мактаби ҷодугарӣ як соат нахонда, ин қадар сарват ҷамъ кардаанд, агар мехонданд, чӣ мешуд? Агар онҳо ҷодугари дипломдор мебуданд, гову гӯсфандҳои мардум пару бол бароварда, парида омада, ба фермаҳои онҳо ҳамроҳ мешуданд ва даҳони ҳама журналистони ҳақгӯйро дӯхта мепартофтанд.
Онҳое, ки соҳиби чанд зану  маъшуқаанд, аз он ҷодугари сиёҳ чӣ фарқе доранд?

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: