Дар қисмате аз телешабакаҳои Ӯзбекистон одатан беҳтарин кинофилмҳои солҳои пешро намоиш медиҳанд.
Ба ин гуна картинаҳо калонсолон бештар таваҷҷуҳ менигаронанд. Чунин ба назар мерасад, бинанда «Тоҳир ва Зуҳро», «Алишер Навоӣ, «Саргузаштҳои Насриддин», «Овоза дар маҳалла», «Мафтуни туям», «Ёр-ёр», «Шодиёна» барин асарҳои филмофарони худиро борҳо тамошо карда бошад ҳам мехоҳад боз бинад.
Тамошои бархе картинаҳои филмофарони халқҳои бародар низ бароямон хушоянд. Хусусан «Аршин мал-алан», «Аҳмад дар куҷо?» ва «Хушдоман» барин киномазҳакаҳо, ки озариҳо дар давраи шӯравӣ кор карда баровардаанд. Аз ҷумла, «Хушдоман» («Модаршӯ», с. 1978) аз юмори нозук хеле бой. Ғояи бо гӯяи мардумии «ба қадраш нарасӣ, ба он зор мешави» ё худ «кунандаву кашанда» асоснокшуда дар комедия ба тарзи аҷиб талқин ёфтааст.
Аз батакрор тамошо кардан баъзе диологҳо азёд шудаанд. Пешакӣ модонем, ки ҳозир чӣ рӯй медиҳад. Вале бо шавқ тамошоро идома медиҳем. Ба ҳоли хушдоман, ки ба қадри арӯс нарасид ва Худо чи гуна арӯсшавандаро ба вай рӯбарӯ кард, ҳам механдем, ҳам ба он пиразани саргум диламон месӯзад. Актрисаи соҳибтаҷриба нақши ӯро олиҷаноб бозидааст. Нақши арӯсшаванда дар иҷрои ҳунарвари нисбатан ҷавонтар низ басо қобили таваҷҷуҳ.
Шояд рӯзномахон донистан хоҳад, ки иҷрогари нақшҳои асосӣ дар ин кинокартинаи завқбахш киҳо. Ҳаётанд ё не...
Коргардони он Ҳусейн Саидзода мебошад. Сенари (муаллифон Ҳусейн Саидзода ва Маргарита Малеева) дар асоси песаи Маҷид Шамхалов корбаст гашта ва зиддиятҳо дар ҳаёти маишии оилавӣ асоси рӯйдодҳои киноасарро ташкил намудааст. Ҳунарварони хушсалиқаи озар Насиба Зейналова, Инара Гулиева, Илҳом Наиқ, Камол, Фуад Пӯлодов ва Таниля Аҳмерова нақшҳои асосиро бозидаанд. Иҷрогари нақши Ҷаннат (модаршӯ) – Насиба Зейналиева. «Арӯси нав», аниқтараш арӯсшавандаи «баду бало»-ро Инара Гулиева бозидааст. Дар асл номаш Зарифа. Бар қасди хушдоман, ки ба қадри келини хуб нарасид ва дигар келин гирифтан хост, ба вай Офат ном мегузоранд.
Ба хотиррасон сохтани сюжет ё саргузашти хандаовари қаҳрамонҳои филм ҳоҷат нест. Танҳо хостем дар бораи фаъолияти актрисаи бомаҳорати озар Насиба Зейналиева, ки маҳз ба туфайли филми зикршуда дар чанд мамлакати дунё худро чун «модаршӯ» шиносонд ва ба таҳсин лоиқ гашт, чанд сухан гӯем.
Насибахонум (1916 –2004) Ҳунарвари мардумии Озарбойҷон буд. Ду бор (1974 ва 1981) Лауреати мукофоти давлатии ин ҷумҳурӣ шудааст. Асосан бо нақшҳои мазҳакавӣ дар намоишҳои бадеии телевизионӣ ва спектаклу филмҳо ном баровард. Солҳои тӯлонӣ дар Театри мусиқии Озарбойҷон фаъолият бурд.
Падараш Ҷаҳонгир ном дошт ва эронӣ буд. Яке аз асосгузорони мактаби реалистии актёрӣ ба шумор мерафт ва баъде духтардор шуд, чӣ қадар орзу кард вай оянда санъаткор шавад. Мутаассифона, вақте Насиба дусола (1918) буд, падар аз бемории тиф вафот кард.
Баъди калонак шудан ба рақс меҳр монд. Айни замон асрори актрисагӣ омӯхт. Аз соли 1938 дар ҳайати труппаи театрӣ ба як қатор шаҳрҳои Озарбойҷон сафари ҳунарӣ кард. Соли 1942 факултаи актёрии техникуми театриро ба итмом расонд.
«Ҷаннатхола»-и ба мо шинос дар кино даҳҳо образҳои ҷолиби дигар низ офарида ва дар симои Зулайхо, Земфира, Рахшанда, Мунаввар, Фотима, Хайринисо, Марҷон, Зайнаб, Ҷамила, Салтанат, Нозхоним, Гуландом барин қаҳрамонҳои марказӣ ба дили тамошобинҳои сершумор роҳ ёфтааст.
Дар сари қабр ва манзиле, ки актрисаи номвари халқи озар зиста буд, лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст. Театри ҷавонон дар Озарбойҷон ба номи ӯст.
Писари Насибахонум Ҷаҳонгир Наврӯзов ва наберааш Насиба чароғи хонаашро фурӯзон медоранд. Худи ӯ дар хотири мардуми озар ва мухлисони сершумораш зиндагии рӯҳониро идома медиҳад.
Офат дар «Хушдоман» Инара Гулиева бошад, зодаи Маскав (таваллудаш –1950) буда, баъди хатми ГИТИС (1972) дар опереттаи пойтахти Русия ба фаъолият оғоз кардааст. Алъон 74-сола аст ва дар он маскани ҳунар имрӯз ҳамчун коргардон-басаҳнагузор кор мекунад. Муаллифи чандин намоишҳост, ки дар театрҳои мусиқии Русия намоиш дода шудаанд. Ғайр аз «Хушдоман» боз дар наздик 10 филми ҳунарӣ нақш бозидааст.
Инарахонум чун муаллифи барномаҳои телевизионии «Оперетта шуморо даъват мекунад» ва «Бо жанри хурд» низ байни алоқамандони санъат ва тамошобинони сершумор маълум аст. Ӯ – Артисти хидматнишондодаи Русия. Шавҳараш Виталий низ артисти оперетта.
Тавре мутахассисони соҳа таъкид месозанд, солҳои 1970–1980 давраи гулгулшукуфии филмҳои озар ба шумор мерафт. «Рӯз гузашт», «Ағбаи вопасин», «Насимӣ», «Зодрӯз», «Ҳафт писари ман», «Бобак», «Себ ҳамчун себ», «Моро бубахшед», «Зарба ба пушт», «Духтарро кобед», «Дарвеш метаркад», «Ғариб дар мамлакати ҷинҳо», ки дар бойгонии «Озарбойҷонфилм» маҳфуз дошта мешаванд, ҳамон намоиш ёфта ва эътибори ҳамзамононро ба худ мекашанд.
Дар Ӯзбекистон рӯйикороии «Рӯзҳои кинои Озарбойҷон» ба анъана табдил ёфтааст. Чунин чорабинӣ, хусусан, дар соли 2010 хеле хотирмон сурат гирифта буд. Соли 2019 бошад, ин гуна рӯзҳои фаромӯшнопазир дар Тошканд ва Самарқанд такрор ёфт. Ба ин муносибат дар бинои Агентии миллии «Ӯзбеккино» анҷумани матбуотӣ ба амал омад ва дар он алоҳида қайд гардид «Хушдоман», «Аршин мал-алан» ва «Аҳмад дар куҷо?»-ро ӯзбекистониён ҳамон бо мароқ тамошо мекунанд. Ҳамчунин зикр гашт чанд маҳсули киноэҷодкорони Ӯзбекистон, ки дар жанри мазҳакаанд, аз рӯйи мавзӯъ ба филмҳои зикршуда наздик буда, дар Озарбойҷон, бо вуҷуди он ки чанд даҳсола пештар офарида шудаанд, батакрор намоиш меёбанд ва дӯстдорони сершумор доранд.
Дар доираи кинофестивали «Дурдонаи Роҳи абрешим» рӯйикороии «Рӯзҳои кинои Озарбойҷон» дар Тошканд ва Бухоро (2022) ва дар чорабиниҳо ба ёд оварда шудани симоҳои барҷастаи ҳунар, ки киноҳои ҳарду мамлакатро обод кардаанд, аминем, рӯҳи гузаштагон, аз ҷумла, рӯҳи ҳунарвари нотакрор Насибахонум Зейналиева шод гашт.
Муҳаммадҷон ШОДӢ.