ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ПЕШОҲАНГИ СОЛИ ҶАВОНОНИ МАҲАЛЛА» БАРГУЗОР МЕГАРДАД.

Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳои ташкил намудани озмуни «Беҳтарин пешоҳанги соли ҷавонони маҳалла» қабул гардид.

Бино ба қарор, озмуни «Беҳтарин пешоҳанги соли ҷавонони маҳалла» ташкил карда мешавад.
Мувофиқи қарор ташкил намудан ва гузарондани озмуни «Беҳтарин пешоҳанги соли ҷавонони маҳалла»;
таркиби кумитаи ташкилии озмуни «Беҳтарин пешоҳанги соли ҷавонони маҳалла»;
доир ба ташкил ва гузарондани давраи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва минтақавии озмуни «Беҳтарин пешоҳанги соли ҷавонони маҳалла» таркиби намунавии комиссияҳо тасдиқ карда шуд.
Дар асоси талабҳои низом ба пешоҳангони ҷавонони маҳалла тарзи баҳогузорӣ  доир ба ҳар як самт кор карда тасдиқ мегардад.
Ғолиб ва ҷоизадорон рағбатнок гардонда мешаванд.
Давраи ноҳиявӣ (шаҳрӣ), минтақавӣ ва ниҳоии озмун ҳар сол ташкил карда мешавад.
Озмун байни пешоҳангони ҷавонони маҳалла, ки дар як маҳалла камаш ба муддати шаш моҳ фаъолият бурда, соҳиби таҷрибаи кор ҳастанд, гузаронда мешавад.
Тавсия мешавад, ки ғолибони давраи ҷумҳурии озмун бо нишони сарисинагии «Ифтихори маҳалла» тақдир шаванд. 

 ӮзА.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: