ОРЕ, МО ТОҶИКЕМ, ЗАБОНАМОН ФОРСӢ БУДУ ҲАСТ

Забон волотарин ва нодиртарин инъоми Офаридгор ба инсон аст, василаест, ки одамон тавассути он бо ҳам тамос мегиранд, мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангиро ҳаллу фасл менамоянд.

 Илму маърифат тавассути забон ташаккул ва рушд меёбад. Ба вижа, забон омили муҳимтарини ҳама гуна рушду пешравӣ ва таъмини сулҳу субот ва фаровониву осудагии мардум будааст.
Зиёданд дар дунё забонҳо. Яке рушд ёбад, дигаре маҳв мегардад. Забонҳои лотинию суғдӣ, бохтарӣ ва ғайра аз қабили забонҳои маҳвгардидаанд, ки имрӯз ба ин забонҳо касе (халқе ё қавме) гуфтугӯ намекунад. Зиёданд забонҳое, ки имрӯз рушду такомул меёбанд. Хушбахтона, забони форсии тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳоест, ки рӯ ба самти рушд ниҳодааст.
Забони модарӣ муқаддас аст. Зеро ҳар яки мо забонро аз модар омӯхтаем. 
Забон ояд ба кас бо шири модар,
Аз ин рӯ, асли ҷон аст, асли ҷон аст.
Ҳар як забон таърихи ташаккул ва такомули худро дорад. Забони мо – тоҷикон порсӣ (форсӣ) буду ҳаст. Таърихи ташаккулёбии забони форсии тоҷикӣ тӯлонӣ аст. Олимон се марҳилаи ташаккулёбӣ ва тараққиёти забони форсиро муайян намудаанд:
1.Форсии қадим (асрҳои VI-III пеш аз милод);
2. Форсии миёна (асрҳои III пеш аз милод то VII-VIII);
3. Форсии нав (аз асри IX то ба имрӯз).
Ва ин забонро ба ду гурӯҳ ҷудо намудаанд: 
Ғарбии эронӣ: забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, курдӣ, балуҷӣ, толишӣ ва чанди дигар;
Шарқии эронӣ: забонҳои пашту (афғонӣ), осетинӣ, помирӣ ва як идда забону шеваҳои дигар. (Ниг. ба китобҳои “Пажӯҳиш дар тамаддуни ориёӣ”, Душанбе, “Ирфон”, 2006, саҳ. 6; Абдусаматов М. “Форс тили”, Тошкент, “Ӯқитувчи”, 1977, саҳ. 9).
Мақсад аз нигориши ин сатрҳо рӯшаниандозӣ ба чанд омил аст, ки бояд ҳар як тоҷик хуб дарк ва ҳазм намуда бошад.
Баъзе андеша доранд, ки форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ се забони мустақил ва мухталиф мебошанд. Дар матбуоти тоҷик баҳс оиди як забон ё забонҳои алоҳида будани онҳо беш аз сад сол аст, ки идома дорад. Ин баҳс аз нашри аввалин рӯзномаи форсии Аморати Бухоро – “Бухорои шариф” оғоз ёфта буд. Дар шумораи сеюми “Бухорои шариф” аз 14 марти соли 1912 “Муҷмалӣ дар хусуси забон” ном мақола бо ҷумлаҳои зер оғоз ёфтааст: “Ҳанӯз шумораи аввалини “Бухорои шариф”-ро нашр накарда, баъзе оқоён фармуданд: ин ҷо забони умум (забони аҳоли Бухоро   – Ӯ. Р.) забони тоҷикӣ аст. Рӯзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст”. Ва яке аз мудирони рӯзнома Мирзо Ҷалол вазъи забони форсии тоҷикиро дар он мақола шарҳ додааст: «Форс миллати махсус буда, дар атрофи олам парча-парча шуда, бисёр ақвоми махлут гардидаанд. Ба ин ки ҳама як қавманд, мебинӣ, ки бухорӣ забони самарқандӣ, ҳар ду забони хуросонӣ ва ҳар се забони кошонӣ ... намедонанд ва намефаҳманд. Ба ин восита ҳам риштаи қавмест ҳама гусихта шуда, яке бо исми дарӣ, дигаре бо исми порсӣ, дигаре бо исми тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шудаанд». 
Бад-ин минвол, баҳс дар хусуси забон оғоз ёфт. Ва ҳама эътироф доранд, ки порсӣ (форсӣ), дарӣ ва тоҷикӣ як забонанд, решаи ягона доранд.
“Фелетун дар хусуси забон” ва дар радифи он “Фелетуни кӯчак дар хусуси забон” ном мақолаҳои мубоҳисавии идоманок аз шумораи 7-уми 19 март то шумораи 14-уми 27 март нашр гардид. Дар “Фелетун...”-и аввал ба мактубҳои ба нашрия омада ҷавоб гуфта бошанд, яъне як забон будани форсӣ, дарӣ, тоҷикиро собит намуда, сабабҳои ба қисматҳо ҷудошавии забони форсиро баррасӣ намудаанд. Дар “Фелетуни кӯчак...”, ки ба шакли муколама навишта шудааст, тафовут ва ҳамбастагии шеваҳои форсиву дарию тоҷикӣ возеҳу равшан инъикос ёфтааст.
Бисёр муаллифон (Абдулло Субҳон, Юнуси Имомназар ва дигарон) дариро чун сифати забони форсӣ эзоҳ додаанд. Забони дарӣ забони аҳли дарбор, забони коргузорӣ, забони илму адаб буд... «Меоем ба сари дарӣ – сифати забони форсӣ (тоҷикӣ)... Забони дарӣ, яъне забони дарбор. Дар гузаштаҳои дур забони дарбории порсӣ ё форсӣ аз забони аҳолӣ (авом) фарқ мекард, дарбориён – уламову шуаро ва ашрофиёни тоҷик бо забони мураттаб ҳарф мезаданд, фармони шоҳону амирон низ бо ин забон доир мегардид...» (Абдулло Субҳон, «Овози тоҷик», 6.10.с.2021).
То ба сари қудрат омадани Сомониён аксар аҳолии минтақа ба забони суғдӣ ҳарф мезаданд.”Забони форсӣ ҳафт шева дорад. Аз он ҷумла яке суғдӣ аст, мансуб ба суғди Самарқанд аст. Ва забони (шева)-и порсии хиттаи Мовароуннаҳр буда. Соҳиби китоби “Таърихи Бухоро” Наршахӣ аз “Хазоин ул -улум”-и Абулҳасани Нишопурӣ нақл менамояд: «Бухоро аз ҷумлаи шаҳрҳои Хуросон аст, агарчи оби Ҷайҳун дар миён аст ва забони қадимаи ин хитта порсӣ (суғдӣ) буд». («Бухорои шариф», № 14, аз 27 марти соли 1912.) 
Дарбориён, яъне озодагон, ки фаъолияти онҳо ба давраи нави ташаккулёбӣ ва рушди забони форсӣ рост омад, ба он забон ҳарф мезаданд ва коргузорӣ менамуданд. Ва ин забонро дарӣ номиданд, яъне забони дарборӣ, ба маънии забони давлатӣ. Дар ҳақиқат забони дарӣ зинаи нави инкишоф ва рушди ҳамон забони порсӣ (форсӣ)-и қадима буд. Пас, он сифати забони форсӣ будааст. Дар ин маврид набояд касеро шубҳа пайдо шавад.
Пас, ибораи “забони тоҷикӣ” аз кай арзи вуҷуд кард? Чаро забони тоҷикиро чун забони мустақил аз забони форсӣ пазируфтаанд?
Дар ин масъала Абдулло Субҳон назари худро дорад: “... Ба се забон будани як забон боварам намеомад. Намедонистам, ки об аз таҳи ях ҷорист ва сиёсати ҷудоиандози шӯравӣ дар он аҳд як забонро ба се қисмат карда буд...” (“Овози тоҷик”, 6 октябри соли 2021). Бешубҳа, андешаронии шоир асос дорад. Зимни тақсимоти миллӣ-ҳудудии давлатҳои Осиёи Миёна ҳамзабонии тоҷикон бо мардуми Эрону Афғонистон то андозае таъсир намуда буд. Шӯравӣ аз муттаҳидшавии мардуми кишварҳои ҳамзабон ҳарос дошт. Зеро форсзабонон мардуми бомаърифат ва соҳибмаълумоти Машриқзамин буданд.
Бояд иқрор кард, “ба се қисмат” кардани забони форсӣ хеле пеш оғоз ёфта, то миёнаҳои солҳои 30-юми асри сипаригардида идома дошт. Дастбакорони рӯзномаи “Бухорои шариф” ба ин масъала низ дахл намудаанд. “Забони қадимаи ин хитта (Мовароуннаҳр ва Хуросон – Ӯ. Р.) порсӣ буд. Иллати хароб шудани забони форсии ин кишвар аз тасаллути муғул буд...
Пас аз хуруҷи Чингизхон форс (тоҷик)-ҳои ин кишвар ба иҷолаб махлути қотӣ ва аралаш шуда, забонашон хароб ва вайрон шуд. Ба вазъе омад, ки онро (ҷиҳати имтиёз аз форсӣ) тоҷикӣ меноманд. Бале, забони аҳолии тоҷикияи (тоҷикон – Ӯ. Р.) Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа (Истаравшан) аз фасоҳат дур ва аз қоида берун аст, сабабаш ҳамон аз ихтилоти ӯзбак ва тоҷик аст”. (“Бухорои шариф”, № 4 аз 27 марти соли 1912).
А. Субҳон дар мақолаи хеш овардааст: “Вақте ба сарчашмаҳои таърихиву адабӣ муроҷиат мекунем, мебинем, ки аз замонҳои хеле қадим дар Осиёи Марказӣ қавме бо номи тоҷик будубош доштааст”. (“Овози тоҷик”, № 78, аз 6 октябри соли 2021). Ин тезиси муаллифро бо чанд далелу санади таърихӣ тақвият мебахшем. Доктори илмҳои таърих, профессор С. Бобомуллоев басе кори савоб ва шоистаро анҷом додааст. Ӯ китоберо бо унвони “Таджики в источниках и трудах исследователей” (Душанбе, “Истеъдод”, 2013) ва баъдтар бо ҳамроҳии Насрулло Убайдуллоев китоби “Таджики в источниках и трудах исследователей. (Материалы по истории таджиков)” (Душанбе, “Дониш”, 2018, 536 саҳифа)-ро ба дасти чоп додаанд. (Минбаъд дар иқтибосҳо “Таджики”, соли нашр ва саҳифаи китоб зикр карда мешавад). Дар ин ду маҷмӯа маводи зиёди таърихӣ оиди тоҷикон ва забони онҳо аз сарчашмаҳои хаттии хитоиву тибетӣ, арманӣ ва осори зиёди муҳаққиқини русу аврупоӣ гирдоварӣ шудаанд.
Зимни мутолиаи маҷмӯаҳо кас ба хулосае меояд, ки қавм ва забон ҳамеша муродиф набудаанд. Кулли сарчашмаю осори таърихиву бадеӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳудуди Хуросон ва Мовароуннаҳр аз замонҳои қадим қавме бо номи тоҷик буду бош дошта, забони онҳо порсӣ (форсӣ) будааст. Бо овардани чанд санад қонеъ намуда, пайдоиш ва таҳлили сайри таърихии истилоҳи “тоҷик”-ро ба мавриди дигар боқӣ мегузорем.
Агатангелос, муаррихи арман, нимаи аввали асри V: “кишвари тачик”,«Тачкастан» (“Таджики”, 2013, саҳ. 12); Эзоҳ: (Истилоҳоти «тачик» ва «Тачкастан» дар сарчашмаҳои арманӣ нисбати арабҳо истеъмол мешуд. Ниг. ҳамон ҷо, саҳ.12).
Мовсес Хоренатси, муаррихи арманӣ, солҳои 410-490 зиндагӣ кардааст: “Саҳрои Тачкастан”, (“ҳамон ҷо, саҳ. 11);
Себеос, нависандаи асри VII: “Аруастан ба ӯ дар ҳудуди тоҷикон ва Сурия тобеъ шуд” (“Таджики”, 2013, саҳ. 12);
“Ҳамаи инро аз мардоне шунидем, ки тоҷикон ба асирӣ мебурданд”. (Ҳамон ҷо, саҳ. 13);
Н. В. Хаников, мардумшиноси рус: “... дар Бохтари қадим ва Суғд, бешубҳа дар Бухоро, Балх ва Афғонистон тоҷикон забони форсиро забони модарӣ эътироф доранд.(“Таджики”, 2018, саҳ. 47); Карл Риттер, муаррихи франсуз: “Тоҷикон мардуми босаводу пешрафтаанд ва тамоюли зиёд ба санъат доранд, нисбати кӯчманчиёни ғоратгар ... ” (Ҳамон ҷо, саҳ. 38);
А. Д. Гребёнкин, муаррих ва кишваршиноси рус: “Тоҷикон намояндагони тамаддун (ренессанс)-и аҳли башар мебошанд”. (Ҳамон ҷо, саҳ. 81);
Соҳиби тамаддун будани тоҷиконро Юсуф Хос Ҳоҷиб (a.XI) эътироф доштааст.
Тожиклар китобда битишган буни,
Битигда бӯлмаса, ким ӯқар уни? 
(“Қутадғу билиг”, Тошканд, “Ӯзбекистон”, 2019, саҳ.20). 
Яъне, тоҷикон инро дар китоб навиштаанд, агар навишта намешуд, онро кӣ мехонд?
Ва мисолҳо дар адабиёти мумтози мо зиёданд, ки вожаи “тоҷик” ба сифати қавм омада:
Нигори турки тоҷикам кунад сад хона 
вайрона,
Бад-он мижгони тоҷиконаву чашмони 
туркона. 
Фонӣ (Алишер Навоӣ).
***
Ӯ турк буду ман тоҷик, 
Лек дорем хешии наздик.
(Абдураҳмони Ҷомӣ).
Ҳамин тавр, пас аз муҳокимарониҳо хулоса ин аст, ки ҳамаи сарчашмаҳои таърихиву адабӣ аз қадимият ва фарҳанги пешрафтаи мардуми тоҷик дарак медиҳанд, на аз мавҷуд будани ибораи забони тоҷикӣ. Мардуми тоҷик адабиёт ва фарҳанги оламгири худро ба забони форсӣ офаридаанд. Имрӯз низ ин эътироф байни аҳли адаб ва бисёр ҳаводорони таъриху адабиёти миллат пойдор мондааст. Инак чанд намуна аз абёти адибони дигар:
Бингар, бингар ба Бухоро, 
ширин ғазалест форсӣ,
Шаккар, шаккар ба Самарқанд қанду 
асалест форсӣ.
***
Аз Шом то ба Қошғар, аз Ҳинд то Хуҷанд,
Оинадори олами болост форсӣ.
***
Лаҳҷаам дурри дарӣ, аммо забонам 
порсист,
Рӯҳи ман «Шаҳнома» асту ҷисму ҷонам 
порсист.
***
Хоҳӣ дарӣ бихонаш ва хоҳ тоҷикӣ,
Дар се намод нур яктост – порсӣ.

Ба андешаам, ибораи “забони тоҷикӣ”, ҳамчунин “забони ӯзбекӣ” пас аз истилои Осиёи Миёна аз ҷониби Русияи подшоҳӣ ба миён омад. Ва масъалаи забон дар ибтидои садаи XX боз ҳам тезу тундтар гардид. Аксари равшанфикрони Бухорову Самарқандро, ки ибтидои асри ХХ дар Туркия таҳсил гирифта буданд, рӯҳияи бегонапарастӣ фаро гирифта буд, ба тафаккури мардуми омӣ бештар таъсиргузор будаанд. 
Бо як хулосаи профессор С. Бобомуллоев ба ин сатрҳо хотима мегузорем: “То асри XVI, то ба сари ҳокимият омадани сулолаи Сафавиҳо, ҳамаи мардуми эронинажод, ки ба забони форсӣ ҳарф мезаданд, дар манбаъҳо бештар бо номи «тоҷик» ёдоварӣ карда мешаванд. (“Таджики”, 2013, саҳ. 278).

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
таърихшинос.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: