Бо фарорасии Рӯзи устодон ва мураббиҳо қалби моро эҳсоси наҷибе фаро мегирад ва фикр мекунем ин рӯзи муборак давраи беғубор ва нотакрори бачагиро зинда месозад дар пеши назари мо.
Мактаби азиз, устодони меҳрубони худро ба ёд меорем бо як ҳузни ширин. Ба ҳамсинфу ҳаммактабҳо, ки замонҳое паҳлу ба паҳлу нишаста, дарс мехондем, шӯхиву бозиҳо менамудем, пазмонии дилу рӯҳ ҳис месозем.
Вақте сухан дар бораи устодон аст, мехоҳам номи нахустустоди худ Зайниддин Низомовро қайд карда гузарам дар навбати аввал. Он кас ва ҳамсафонашон Шарофиддин Маткаримов, Абдуллоҷон Домуллоев, Бобо Мазиёев ва Баротҷон Ҳасанов, дар даврае, ки мактабхон будем, устоди арҷманди онҳое низ буданд, ки дар мактаби рақами 18-уми ноҳияи Риштон (ҳоло дабистони рақами дувуми ноҳияи Сӯх) омӯзгорӣ мекарданд. Ман дар мактаби зикршуда айни замон аз сабақҳои Хайрулло Мирзоев, Абдуваҳҳоб Акбаралиев, Додохон Холназаров, Тоҳирҷон Мазиёев, Миралӣ Сидиров, Баҳодур Хидиров, Абдураззоқ Қодиров, Акбарҷон Сафаров барин муаллимон баҳраманд шудаам, ки он асно муаллими ҷавон бошанд, ҳоло даври пирӣ меронанд ё ба зиндагӣ падруд гуфтаанд. Ёди устодоне,ки дар қайди ҳаёт нестанд, ҳамеша дар дил. Салоҳиддин Завҳаров, Субҳиддин Шарофиддинов барин устодони муътабари мо ҳоло навадсола. Умрашон зиёда бод!
Ба назар чунин мерасад, қисми муайяни шахсони муътабар, ки дар воҳаи Сӯхи вилояти Фарғона умр ба сар бурда ва мебаранд, муаллимонанд.
Яке аз бонувони номдори вилоят, дорандаи медалу орденҳои ҳукуматӣ Очаором Рафиқова (шодравон), ки ду бор ба депутатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб шуда, аз муаллимӣ ба дараҷаҳои баланд расид. Баъди хидматҳои шоён дар соҳаҳои гуногун боз ба касби пештара баргашт ва дар мактабе, ки роқими ин сатрҳо таҳсил кардааст, ба насли ҷавон сабақ дод.
Аксарияти номдорон дар Сӯх, ки соҳиби унвонҳои фахрӣ шудаанд, муаллимонанд. Дар давраи шӯравӣ Ҳомид Одилӣ дар вилояти Фарғона яке аз аввалин омӯзгороне ба шумор мерафт, ки ба гирифтани унвони “Муаллими хидматнишондодаи ҷумҳурӣ” сазовор шудаанд. Дар давраи истиқлолият ду нафар устодони мо – Обидхоҷа Иброҳимов ва Абдураҳим Абдусаломов “Муаллими мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” гардиданд. Муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик Саврор Эрназаров ба унвони “Ходими хидматнишондодаи таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон”, омӯзгор Гулчеҳра Маҳбубова ба унвони “Мураббии хидматнишондодаи ҷавонон” лоиқ дониста шуданд. Ботурхон Ақрабов, ки солҳои зиёд ба дабистони рақами даҳум роҳбарӣ ва дар пешбурди таълим дар ноҳия хидмати сазовор кардааст, бо ордени “Меҳнат шуҳрати”, айни замон фидоиёни таълими халқ Шаҳодат Бойболаева, Икромҷон Қодиров, Гулшан Зарифов бо ордени “Дӯстлик”, Ҳакимҷон Мирзокаримов, Муҳаммадсобит Гадоев, Ёқубҷон Маҳмудов, Нуриддин Хӯҷамқулов бо медали “Шуҳрат” тақдиронида шуданд.
Соли равон ба шарафи “Рӯзи ҷавонон” сарвари муассисаи таълими томактабии ғайридавлатӣ Шабнам Адҳамбекова бо медали «Келажак бунёдкори», ба муносибати Рӯзи дӯстии халқҳо омӯзгори собиқадор Субҳиддин Шарофиддинов бо ордени “Меҳнат шуҳрати”, инчунин таҳти фармони Президент ба муносибати 31-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон собиқ мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия, ҳоло директори дабистони рақами сиюм Амирҷон Темиров бо ордени “Дӯстлик” мукофотонида шуданд. Ҳамаи ин далел бар он ки чи дар давраи шӯравӣ ва чи давраи истиқлолият устодон дар кулли ҷабҳаҳо, хоссатан дар соҳаи таълими халқ сидқидилона меҳнат кардаву шогирдони сазовор бароварда ва беҳтаринҳо муносиб тақдиронида шудаанд. Аммо устодоне, ки пешсафиро аз даст намедиҳанд ва собит месозанд, воқеан ба касбе, ки интихоб кардаанд, содиқ мебошанду номашон ин ҷо зикр наёфт, дар ноҳия хеле зиёд.
Қобили таваҷҷуҳ боз он ки аксарияти алоқамандони таълим дар Сӯх бо матбуоту расонаҳои хабарӣ аз наздик ошноӣ доранд. Муаллимони пешқадам ҳамчун эҷодкори хушсалиқа низ ном баровардаанд. Ҳасан Иззатӣ, Зайниддин Миров, Бобо Саидбеков, Гадойбой Назарқулов, Ӯринбой Раҳимов, Ғаниҷон Муъминҷонов, Раҳимбердӣ Мавлонов, Абдураҳим Беҳбуд, Нодир Нодирӣ, Олимҷон Олимов, Неъматулло Суннатуллоев, Ҳамробой Илҳом, Шодибой Маҳмудҷонов барин соҳибқаламон, ки саҳифаҳои рӯзномаи ноҳиявии “Садои Сӯх” ва “Овози тоҷик”-ро бо навиштаҳои худ обод мекарданд, муаллим буданд. Омӯзгориву эҷоди бадеӣ ва публисистиро баробар пеш мебурданд. Мирасрори Фарғонӣ, Масъуди Мирзо, Расулбек Аҳмадзод, Содиқҷон Тоҳиров, Садриддини Ҳушёрӣ, Фарҳод Ҷӯраев, Раҳимбердӣ Тошматов, Баҳриддин Тоҷиддинов барин рӯзноманигорону шоирон, ки муттасил эҷод мекунанд, дар асл муаллиманд ва агарчи бархе дар вазифаҳои дигар фаъолият мебаранд, худро алоқаманди мактаб ва таълиму тарбия ҳис мекунанд, ба тақдири шогирдҳо дар муассисаҳои таълимӣ бепарво нестанд. Қисми асосии пажӯҳишгарони илм, ки бомуваффақият ҳимоя карда, дараҷаҳои илмӣ гирифтаанд, низ устод-муаллим буда, Ӯринбой Сӯфиев ва Абдувоҳид Йӯлдошев барин номзадҳои илм ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дарс медиҳанд.
Ду-се сол инҷониб адади донишҷӯён аз Сӯх, ки дар муассисаҳои таълими олии мамлакат ва берун аз он таҳсил менамоянд, ба таври ҳисшаванда афзуд. Муассисаҳои таълимию тарбиявӣ симои замонавӣ дошта, бо заруртарин ускунаҳои асрӣ муҷаҳҳазанд. Ба бачаҳои аслу наслашон тозаву хушбахт – авлоди Синову Бухориву Фарғониҳо, ки ҷониби дабистон бо сад умеду орзу қадам мегузоранд,чашм дӯхта, даври афсонамонанди мактабхониатон ба хотир меояд. Орзуи ба бачагӣ баргаштан рӯ мезанад дар қалб. Хусусан дар арафаи рӯзе, ки ба сифати иди умумихалқӣ қайд карда мешавад...
Ид муборак,устодони азиз!
М. ШОДИЕВ.
узви Иттифоқи
нависандагони Ӯзбекистон.