МУАММОҲОИ ДЕҲОТИ ДУРДАСТ ҲАЛ МЕШАВАНД

Гурӯҳи кории иборат аз мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарё бо номи Эшонқудуқ ба кори худ оғоз кард.

Ин гурӯҳи кориро мушовири вазири Вазорати ихтисори камбизоатӣ ва таъмини шуғл Ботир Парпиев сарварӣ карда, раҳбарони секторҳои ноҳияи Ғузор ва сарварони муассисаву ташкилотҳои вилояти Қашқадарё онҳоро дар ин кор ҳамроҳӣ мекунанд. 
Гурӯҳи кории мазкур дар деҳаи Эшонқудуқ масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳаёти бошандагони ин мавзеъро пурра омӯхта, дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта кумаки амалӣ хоҳанд расонид. Дар назар аст, ки вазъи роҳҳои дохилии деҳа, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, беҳбуд бахшидани таъминоти нерӯи барқ ва гази табиӣ, масоили доир ба вазъи тандурустии аҳолӣ, беҳбуд бахшидани инфрасохтори мавзеъ пурра омӯхта шаванд.
Чунин санҷишот дар дигар деҳаҳои дурдасти минтақа низ идома мекунанд ва ин амал яке аз роҳҳои муассири ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта дар зиндагии рӯзмарраи мардум ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо мебошад.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик», 
дар вилояти Қашқадарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: