ОМӮЗГОРИ СОҲИБКОРУ БОҒБОН

Рӯзе муаллим Музаффар Диловаров аҳли синфашро ҷамъ намуд ва дар бораи интихоби касб бо онҳо суҳбат орост.

 Аз ҳар яки шогирдон бипурсид, ки дар оянда дорои кадом касбу ҳунар шуданианд. Натиҷаҳоро дониста, роҳбари синф маслиҳату самти дуруст ҳам дод, ки онҳо соҳиби касбу кори пуршараф низ шаванд. Аз онҳо ба Имомалӣ, Холбой, Абдуманнон ва Солеҳҷон тавсия дод, ки баъди хатми мактаб ба Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ рафта хонанд. Тавсияи роҳбари синф самараи хуб дод. 3 нафар хатмкунанда донишҷӯйи факултети забону адабиёти тоҷик ва Солеҳҷон сабақомӯзи бахши физикаи он донишкада шуданд.
Ҷавонон дар таҳсил, ҳам дар корҳои ҷамъиятии мактаби олӣ ба дигарон намуна буданд. То ҳол Имомалӣ аз он рӯзҳо ёдовар мешавад: 
– Ман дар имтиҳони қабул ба саволҳо ҷавоб дода, бо дархости муаллима Азиза Юсуфова аз Ҳилолӣ ду мисраъ шеър хондам:

То кай ба дарат ояму дидор
 набинам, 
Сад бор туро ҷӯяму як бор 
набинам.

То ҳол Имомалӣ бо ифтихор таъкид менамояд, ки бо гуфтани он ду мисраъ шеъри Ҳилолӣ ба донишкада дохил шудааст.
Дар пахтачинӣ ба ҳар донишҷӯй рӯзе меъёри 100 килограммӣ чидан гузошта шуд. Имомалии чаққон то нисфирӯз 106 килограмм пахта чинд. Аз ин – ҳама дар ҳайрат.
Роҳбари курс Хуршед Қамариддинов низ бо шӯхӣ ба ӯ суол кард:
– Рафиқ, Усмонов, шумо ин қадар пахтаро худатон чиндед? Касе ба шумо кӯмак кард ё дуздидед? 
Имомалӣ бе хиҷолат ҷавоб гардонд:
– Касе кӯмак ҳам накард, надуздидам. Худам чиндам, устод. 
Роҳбари курс бовар карду ба ӯ чунин таклиф намуд:
– Худатон чинда бошед, меъёрро барзиёд иҷро кардед. Рафта, истироҳат кунед. 
Имомалӣ таклифи роҳбарро инкор накарда, ба сӯйи хобгоҳ роҳ пеш гирифт. Ҳамин тариқ, ҳар рӯз меъёрро барзиёд иҷро мекард.
Имомалӣ даври тиллоии донишҷуйиро бо иштироки фаъолона дар машғулиятҳою корҳои иҷтимоии донишкада сипарӣ кард. Баъди хатми донишкада ба мактаби рақами 30-юми ноҳияи Поп омад. Аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гирифт. Дарсҳои ӯ бо қироати шеъру нақли ёддошту саргузаштҳо шавқовар мегузашт. 
Ин буд, ки шогирдонаш дар озмунҳои миқёси вилояту ҷумҳурӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамуданд. 
Имомалӣ ғайр аз омӯзгорӣ, бо деҳқонӣ, боғбонӣ, чорводорӣ ва тиҷорат низ машғул шуд. 
Деҳаи Водии ноҳияи Поп, ки дар он ҷо Имомалӣ бо оилааш зиндагӣ мекард, аз норасоии оби тоза азият мекашид.
Соли 2007 бо ташаббус ва саъйи ӯ аҳолии деҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ бо гази табиӣ ва баъди 2 сол чоҳи артезианӣ кофта шуда, бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.
Рӯзе як хонандаи ӯ ба дарс наомад. Муаллим аз ин хавотир кашид ва ба хонаи ӯ рафт. Бо хонадон гуфтугӯ кард ва хонандаро ба таълимгоҳ ҷалб намуд. Вақте аз ҳавлии хонандааш мебаромад, чашмаш ба дарахти чормағзи боғ афтид. Дарахт хеле хурд буд, аммо ҳосили фаровон дошт. 
Имомалӣ ба боғу боғдорӣ шавқи зиёд дорад.
– Ин чормағз чӣ ном дорад?
– Номи ин чормағз «Ҷонам» аст, – посух дод соҳибхона Ӯлмасбобо 
Рӯзиматов, ки боғбони асили деҳа буд.
– Онро аз куҷо овардед?
– Аз Исфара, аз Тоҷикистони ҳамсоя.
Имомалии шавқманд аз ниҳоли атрофи он чормағз оварда, ба боғаш шинонд. Бо мурури вақт ниҳолҳо зиёд шуданд.
Оҳиста-оҳиста аз чормағз даромади зиёд мегирифт. Имрӯз дар тасарруфи соҳибкор 7-8 нафар аъзо меҳнат мекунанд ва онҳо низ соле то 20-30 миллион сӯм даромад мегиранд. Имомалии савобҷӯ ҳар сол 10 фоизи даромадашро чун хайрия ба халқ сарф мекунад. 
Боре ба 54 муассисаи таълимии томактабии ноҳияашон 4 бехӣ ниҳоли чормағзу настаранро ҳадя кард. 
Ба косонсоиён 400 бех ниҳоли бодомро бепул дода фиристод.
Шуҳрати боғбонии Имомалӣ ба хориҷи кишвар низ паҳн шуд. Аз Русия ва Қазоқистон аз ӯ тухмии настаран хариданд. Барои бунёди 1600 гектор настаранзор тоҷикистониён ҳам аз он тухмӣ харид карданд. Муҳиддинҷон ном олим аз рӯйи таҷрибаи ниҳолпарварии Усмонов рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Вай имрӯз мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии Андиҷон мебошад. 
– Дар оянда тутро зиёд карда, аз меваи он шиннӣ истеҳсол намуданиам. Шиннии тут хусусияти шифобахшӣ дорад. Чунонки ҳама медонанд, аз барги он дар соҳаи кирмакпарварӣ васеъ истифода мебаранд, – мегӯяд Имомалӣ.

Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: