ГАНҶ МАГИР, КИТОБ ГИР

Нависандаи бузурги авар Расул Ғамзатов дар китоби худ «Доғистони ман» чунин сатрҳоро овардааст: «Адади нашр далели чизе нест.

Китобҳое ҳастанд, ки сад ҳазор нусха чоп шудаанд, аммо онҳоро касе намехарад, онҳо дар рафҳои китобхонаҳою дуконҳо мехобанд. Баъзе китобҳо даст ба даст мегарданд ва як нусхаи онҳоро одамони бисёре мехонанд. Бигзор, китоби маро ақаллан як кас хонад, ман ба ҳамин ҳам хурсанд мешавам. Ҳар кас як порча замини худро шудгор кардааст, дар натиҷа, тамоми замин шудгор шудааст».
Боиси хурсандист, ки солҳои охир ҷевони китоби мо аз китобҳои тозанашр беш аз пеш пур мегардад. Аз ҷумла, ба қарибӣ китобҳои «Фирдавсӣ», «Пайроҳаи илм», «Меҳрнома» ва «Ду тори як дутор» рӯйи чопро диданд.    
Нависандаи мардумии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – Сотим Улуғзода яке аз шоҳсутунҳои насри муосири тоҷик мебошад. Романи ӯ «Фирдавсӣ» дар адабиёти тоҷик аз шоҳкориҳоест, ки арзиши баланди бадеиву таърихӣ дорад. 
Роман ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Фирдавсӣ – муаллифи «Шоҳнома»-и безавол, ки зиндагии ноҳамворро аз сар гузаронда буд, бахшида шудааст. Ин роман аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба таври шоиста пазируфта шуд. 
Роман бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ ба муносибати 110-солагии нависанда, ки дар ду ҷумҳурӣ ба таври шоиста ҷашн гирифта шуд, аз ҷониби нашриёти «Тамаддун» бо теъдоди 500 нусха ба дасти чоп расид. 
Академик Абдулғанӣ Мирзоев дар таҳқиқи омӯзиши таърихи адабиёти классикии тоҷик хидматҳои шоиста кардааст. Асарҳои пурарзиши ӯ – «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик (1956), «Мулҳами Бухороӣ» (1948), «Биноӣ» (1957) ва дигар мақолаҳояш оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Ҳилолӣ (1948), Сайфи Бухороӣ (1956), «Аҳмади Дониш» (1962), «Ибни Сино» (1957), «Алишери Навоӣ» (1966), «Ҷомӣ» (1971) далели ин гуфтаанд. 
Баъди бо ташаббуси сарвари мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нарм гардидани муносибатҳои ду ҷумҳурӣ робитаҳои фарҳангӣ ва адабии халқҳои бародар – тоҷикону ӯзбекон беш аз пеш густариш ёфт. Маҳсули ин ҳамкориҳо буд, ки соли сипаригардида солгарди зодрӯзи ду чеҳраи илму адаби тоҷик Сотим Улуғзода ва академик Абдулғанӣ Мирзоев, ки зодаи Ӯзбекистон ва парвардаи Тоҷикистон буд, дар ҷумҳуриамон пуршукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Аҳли илму адаб огоҳанд, ки дар зодгоҳи олими забардаст Абдулғанӣ Мирзоев – ноҳияи Китоб маҳфили ёдбуди ӯ баргузор шуд. Китоби «Пайроҳаи илм» маҳсули ин гирдиҳамоӣ буд. 
«Пайроҳаи илм» китобест доир ба роҳи тайкардаи олими барҷастаи тоҷик. Он ҳамчунин мақолаҳоеро, ки дар бораи ин олими нуктадон навишта шудаанд, дар бар мегирад. 
Халқҳои тоҷику ӯзбек муштаракоти зиёде дар фарҳангу суннати аҷдодӣ доранд. Дар гузаштаҳои дуру наздик бисёр шоирони ин ду халқи ҳамҷавор ба ду забон навиштаанд, яъне зуллисонайн будаанд. Ин анъана ҳанӯз идома дорад. Соли сипаригардида бо ташаббуси Маркази фарҳанги миллии тоҷикони Ҷиззах ва Маркази маънавият ва маърифати ӯзбекони вилояти Суғди  Тоҷикистон намунаҳои назм ва насри аҳли қалами вилояти Ҷиззах ва адибони ӯзбеки вилояти Суғд баёзи дастҷамъие бо номи «Меҳрнома» аз тариқи нашриёти «Маҳорат»-и шаҳри Самарқанд бо теъдоди 500 нусха рӯйи чопро дид. Дар ин баёз намунаҳои назм ва насри 19 адиби тоҷики вилояти Ҷиззах ва 19 адиби ӯзбекзабони вилояти Суғд гирд оварда шудааст. 
Боз як китоби тозанашр бо ташаббуси Маркази маданӣ-миллии тоҷикони вилояти Намангон бо номи «Ду тори як дутор» аз нашриёти «Усмон Носир медиа»-и шаҳри Намангон чоп шуд, ки дар он шеър, ҳикоя ва мақолаҳои гуногунмавзӯи эҷодкорон – Илҳоми Насафӣ, Олимҷон Эшматов, Шаҳло Мамаҷонова, Шоҳида Даминова, Шарофхон Мирзоев ва дигарон гирд омадааст. Дар китоб нақли раиси шуъбаи намангонии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Носир Аббос оварда шудааст, ки хеле ҷолиб аст. Назар ба нақли ӯ, ба хонаи Носири хурдакак тағояш Шамсиддин аз Тоҷикистон зуд-зуд меҳмон мешуд. Рӯзе ӯ ба Носир аз ашъори шоири тоҷик Носири Хусрав китобчаеро тақдим мекунад ва мегӯяд, ки номи ту низ Носир аст, бояд чун Носири Хусрав ғазалсаро гардӣ. Ҳамин шуду Носир Аббос шоир ва журналисти бомаҳорат гардид. 
Чунин маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, бешубҳа, ба таҳким ёфтани робитаҳои адабию фарҳангии халқҳои ба ҳам дӯсту бародар хидмат мекунанд.

С. БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».           
М. МИРШАРОФ, 
хабарнигори ҷамоатии 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: