ТАВЛИДИ НЕРУИ БАРҚИ ҲАРОРАТӢ СОЛ АЗ СОЛ АФЗОИШ МЕЁБАД

Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳҳои барқи ҳароратӣ» дар айни ҳол шабакаи асосии тавлидкунандаи неруи барқу гармӣ дар кишвари мо маҳсуб мешавад.

Саҳми қиёсии корхонаҳои тавлидкунандаи неруи барқи ҳароратӣ дар мамлакат бештар аз 70 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соли 2023 аз ҷониби ҶС «Неругоҳҳои барқи ҳароратӣ» дар маҷмӯъ 54,2 миллиард кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст. Ин назар ба нақша 1,4 миллиард киловатт-соат зиёд буда, 102,6 фоизи нақшаи супориши давлатиро ифода мекунад.
Дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соли 2023 ба миқдори 622,63 миллион доллари ИМА азхуд карда, иҷрои нақшаи муқарраргардида 100,1 фоизро ташкил дод. Дар доираи барномаи сармоягузорӣ бошад, дар ҶС «Неругоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон», бо мақсади ҷорӣ намудани дастгоҳҳои нави замонавӣ ва каммасраф сохтмони корхонаи буғ-газ, бо иқтидори 1 ҳазору 65 МВт оғоз гардид. Дар чаҳоряки соли нави 2024 барои Неругоҳи барқи ҳароратии Тошканд ду лӯлаи гази 64 МВт ба кор дароварда шуд.
 Ҳар сол, пеш аз фарорасии фаслҳои тирамоҳу зимистон, барои омода намудани неругоҳҳои барқи ҳароратӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023 – 2024 дар маҷмӯъ 53 неругоҳи барқӣ таъмир карда шуд. Дар натиҷа иқтидори мавҷудаи таҷҳизоти энергетикӣ ба 209 МВт ва иқтидори истеҳсоли таҷҳизоти дегхонаҳо ба 483 тонна/соат расонда шуд.
Ҳамчунин, дегхонаҳои марказҳои гармидиҳии «Чилонзор-5»-и ноҳияи Учтеппа ва «Ғарбӣ-3»-и ноҳияи Шайхонтаҳури пойтахти кишварамон навсозӣ шуданд. Ҷолиби диққат аст, ки кори гибридии дастгоҳ барои истеъмолкунандагон ҳатто дар шароити ғайримуқаррарии сардии ҳаво дар ивази сӯзишвории захиравӣ имкони таъмин бо неруи гармии доимиро фароҳам меоварад. Илова бар ин, дар маҳаллаҳои «Оқтеппа» ва «Боғзор»-и ноҳияи Чилонзор як неругоҳи нави замонавии когенератсияи каммасраф сохта шуд. Дар ин ҷо 2 дастгоҳи газ-поршен, ки ба истеҳсоли 4,6 МВт неруи барқ махсус гардонида шудаанд ва 2 дегхонаи Bosch, ки 25,4 Гкал энергияи гармӣ истеҳсол мекунанд, насб шуданд. Натиҷа нишон дод, ки ба ҳаво беҳуда пошхӯрӣ дар шабакаҳои тавлиди неруи барқ 90 дарсад коҳиш ёфта, солона 32 миллиард кВт соат неруи барқ ва 1 миллион мукаабметр гази табиӣ сарфа карда шуд.
 Дар доираи Барномаи маҳалликунонӣ соли 2023 бар асоси 35 лоиҳа истеҳсоли 35 миллиард сӯмина маҳсулот барномарезӣ шудааст. Дар амал ин нишондиҳанда 48,1 миллиард сӯм ё 137 фоизро ташкил дод. Илова бар ин, пешбинӣ шудааст, ки бар асоси савдои кооператсия бо маблаги 180,1 миллиард сӯм маҳсулот харида шавад, ки 106 фоизро ташкил хоҳад дод. Тибқи тадбирҳои кам кардани воридот дар кишвари мо ба маблағи 18,5 миллион доллар маҳсулот истеҳсол шуда, иҷрои нақшаи солонаи муқарраршуда 107,4 фоиз таъмин гардид.
Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти саҳҳомӣ ҷиҳати ҷуброни неруи барқи барои эҳтиёҷоти худ истифодашуда аз ҳисоби «энергияи сабз» низ мунтазам кор мебарад. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини иҷрои як қатор супоришҳои Сарвари давлатамон дар ин самт соли 2023 неругоҳҳои фотоэлектрии офтобӣ бо иқтидори 9,6 МВт ба истифода дода шуданд. Ҳоло барои ба 15 МВт расондани ин иқтидор чораҳо андешида мешаванд.
 Ба таври маълумот гуфтан мумкин аст, ки ба таркиби Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳҳои барқи ҳароратӣ» 5 истгоҳи барқ, 3 маркази барқ, 3 хидмати сервисӣ ва маркази ҳароратии Тошканд шомиланд. Тавлиди барқ дар ин неругоҳҳо ва марказҳои барқи ҳароратӣ беш аз пеш афзоиш меёбад.

Муҳаммадҷон 
БЕКМУҲАММЕДОВ,
роҳбари хидмати матбуоти 
ҶС «Неругоҳҳои барқи
 ҳароратӣ».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: