МЕРОСИ ПАДАРБУЗУРГ

Падарбузурги ман Аминҷон ибни Бозор ибни Тилло будааст.

 Ӯ барвақт вафот карда буд. Дар фабрикаи чойқадоқкунии Самарқанд кор мекард, се писар дошт, ки падарам Истад аз ҳама калонӣ буд. Баъди вафоти бобоям дар 17-солагӣ таъминоти рӯзгор ба зиммаи падарам меафтад. Вақте ман 3-4 сол доштам, модарбузурги ман Калонона зинда буд ва ман ба ӯ дастёрӣ мекардам.
– Аминҷонбобоят таомро бе ягон камбағал намехӯрд, саховатманд буд, аз бонки русӣ қарз мегирифту камбағалонро зиёфат мекард. Баъд қарзро ман медодам, – мегуфт падарам. 
Бонкҳои Русияи подшоҳӣ қарзро бо фоизи калон медоданд.
Аз падарбузургам дар дашти Оҳалик якчанд гектар замини лалмӣ, дар деҳа токзори калон мерос мондааст. Падарам чун мебинад, бо ин мерос хӯроку пӯшоки оиларо таъмин кардан имконнопазир аст, дукони баққолӣ мекушояд. Ин амали ӯ замоне буд, ки болшевикон заминҳоро аз деҳқонон кашида гирифта, ба колхоз, яъне хоҷагиҳои ҷамъиятӣ медоданд. Болшевикҳо на танҳо заминҳои кораму токзор, аспу ароба, балки ягона гови ҷӯшоии падарамро низ мусодира кардаанд. 
Чунин фоҷиа ба таъминоти ғизои хонавода таъсири бад дошт, бинобар ин аввал фарзанди аввали падарам Қимат ва баъд завҷаи ягонаи ӯ вафот мекунанд.
Баъд комиссияи кулаккунии болшевикон барои ба Сибир фиристодани падарам қарор мебарорад. Сабабаш дӯкони баққолӣ доштанаш будааст. Комиссия одатан шабона қарор бароварда ба милиса медодааст, то кулакшуда хабардор шуда нагурезад, саҳар ӯро аз ҷойи хобаш дошта, ба вагонҳои кулакшудагон ҳабс мекарданд.
Як узви комиссия аз одамони раҳмдил будааст, ӯ мегӯяд, ки Истад тоҷири боинсоф аст, вайро чанд бор санҷидаанд, ба маҳсулоти харидааш аз панҷ фоиз зиёд нарх намемонад.
Аммо  аъзои дигари комиссия сухани ӯро ба эътибор намегиранд ва як нафаре мегӯяд, ки ӯ ароба низ дорад. Он узви раҳмдил шабона ба ҳавлии падарам омада огоҳ мекунад ва мегӯяд, ки ягона илоҷ ба ягон ҷойи дур гурехта рафтан аст.
Падарам ҳамон шаб ба сафар мебарояд. Ва дар истансаҳои роҳи оҳани Ашқобод – Тошканд корҳои гуногунро иҷро мекунад. Маблағи пайдокардаашро шабона омада, ба аҳли байташ дода, чашми рӯз накафида, боз ба ягон истанса меравад.
Ӯ дар як истгоҳ бо ҳамдеҳааш, ки корхоначаи хурде кушода ҳамроҳи 4-5 нафар шогирдон телпакдӯзӣ мекард, дучор мешавад, ки низ мисли падарам гуреза будааст. Падарам ва он телпакдӯз дар фабрикаи чой бо русҳо кор карда, русиро омӯхта буданд. Ба инжинер ё роҳбари истанса ин сифати онҳо хуш омада, бо онҳо суҳбат мекардааст. Рӯзе вай мегӯяд, ки дар истанса нарасидани об проблемаи калон. Як манбаи об ҳаст, вале қариб як километр дур. Бо ҷӯй об оварданӣ шудем, заминаш регзор, об то мо омада намерасид.
Дар деҳаи мо – Ӯташик хумдони хишти пухта ва зарфҳои кулолӣ будааст. Падарам ба ёд меорад, ки дар он хумдон барои тарнови бом аз лой қубур, яъне лӯлаи об низ сохта мепухтанд. Он вақт лӯлаҳои оҳанӣ ҳанӯз дастнорас будаанд.
Падарам мегӯяд, ки мо қубури сафолӣ сохта, обро бе талафот то истанса меоварем. Агар шумо ба мо хумдон созеду барои хумдон ангишт диҳед. Ин пешниҳоди ӯро урус бо хурсандӣ мепазирад. Ва кор авҷ мегирад. Қубурчаҳои сафолии якметраи даҳани як тарафаш васеъ сохтаанд, то ба ҳамдигар пайванд карданаш осон бошад.
Он инжинери урус доим мегуфтааст: 
– Ман ба шумо қоил. Ҳамин фикр ба сари ман наомада буд, вале ду тоҷики нохонда ин масъалаи мушкилро ҳал кардед.
Баъди он, ки маъракаи кулаккунӣ ба охир расиду комиссияҳои кулаккунӣ барҳам хӯрданд, падарам ва устои телпакдӯз ба деҳа бармегарданд ва ба колхоз медароянд.
Ҳавлии телпакдӯз аз шаш хона иборат буд, болшевикон онро ба мактаби деҳа дода буданд. Ман чор соли аввал дар ҳамин мактаб, ки фаршаш хокӣ буда, тирезачаҳои хурде дошт, таҳсил кардаам.
Падарам дар бораи солҳои қаҳтӣ, ки болшевикон бо баҳонаи сиёсати продразветка аз деҳқонҳо ҳосили гандумро кашида мегирифтаанд, нақл намекард. Барояш нақли он солҳои мудҳиш, ки мардум дар кӯчаҳо тӯда-тӯда аз гуруснагӣ варам карда мемурданд ва он солҳо як фарзанду зани аввалаш фавтида буданд, хеле гарон буд. Танҳо боре гуфта буд, ки камтар бошад ҳам кунҷора хӯрдем. Дар ҷанг моро бе машқи пешакӣ бидуни омӯзондани тирпарронӣ ба хандақ дароварданд ва бисёр ҳамватанонамон ба ин сабаб қурбон шуданд. 
Соли 1953-ро дар ёд дорам, ки мардум вафоти Сталинро шунида гиря мекарданд.
Падарам дар чойхонаи гузар ин хабарро шунида, ба хона омада гуфт: – Хайрият, ки Худо ҷони Сталинро гирифт. 
Саховатмандии бобоям ба падарам мерос монда буд. Масалан, агар ягон кас, қатъи назар аз кадом миллат аст, дар чойхона нишаста чой хӯрда, пули чойро надода равад, чизе намегуфт. Ба ман низ мегуфт, ки барои 5-10 тин одамро дар хиҷолат монондан хуб нест. Эҳтимол фаромӯшхотир бошад, ё пул надоштагист.
Буданд касоне, ки баъзан чойнику пиёларо ба сумка андохта мебурданд. Падарам дар ин маврид низ ором буд ва мегуфт: – Шояд камбағал бошад, эҳтиёҷ доштагист. Савобаш ба мо мерасад.
Ман аз хонаамон чойники дигар оварда ба ҷойи он мемондам, зеро ҳангоми тафтиш, падарамро ҷавобгар мекарданд.
Падарам 5 августи соли 1978 вафот кард. Рӯзҳои охири умр бистарӣ буд. 83 сол дошт. Ман ба рухсатӣ баромада, аз Душанбе ба Самарқанд омада бемордорӣ кардам. Шабҳо хобаш намебурд, дардаш зӯр буд. Ман низ дар натиҷаи як моҳи бехобӣ хеле азоб кашидам. Падарам мегуфт, агар азобҳои дар замони пеш кашидааш намебуданд, камаш сад сол умр медид. Воқеан, қоқандому чандир буд. Ёд дорам, вақте як ҳамдеҳаамон – ҷавони сархуш оби ҷӯйи моро дуздида, дашном дод, падарам ӯро, ки қаддарозу боқувват буд, аз миёнаш гирифта, ба даруни ҷӯйи пуроб зада буд.
Дар фотеҳахонӣ як устои наҷҷор, ки дар сохтмони иморатҳо бо падарам ҳамкор будааст, пеш аз рафтанаш ба ман гуфт: – Инҳо одамони куҳна, чанги меҳмонхона хӯрда буданд, покиза буданд. Навбуромадҳо дигар хеланд. Ҳамин гап дар ёдат монад.
Чанги меҳмонхона хӯрдан ба маънои он аст, ки дар ҳар гузару деҳи Самарқанд чандин меҳмонхона буду шабҳои дароз дар он «Шоҳнома», «Абӯмуслимнома», «Маснавӣ» барин асарҳоро хонда гӯш мекарданд.

Адаш ИСТАД,
нависанда.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: