Муҳаммад ШОДӢ
Туӣ шӯридасар, то шеър гӯйӣ,
Хӯрӣ хуни ҷигар, то шеър гӯйӣ.
Дар оташхонаи эҳсос, эй дил,
Ту даргирию дар, то шеър гӯйӣ.
Ба оташсанг мекӯбӣ сари худ,
Аз он хезад шарар, то шеър гӯйӣ.
Ту ҳам парвоз хоҳӣ чун Самандар,
Бисӯзӣ болу пар, то шеър гӯйӣ.
На мисле дар вуҷуди дардхӯрда,
Туӣ дар баҳру бар, то шеър гӯйӣ.
Шаби тӯлониат ғарқ аст бар ашк,
Ту бо чашмони сар то шеър гӯйӣ.
Ҳазору як шаб, эй дил, гӯйи Аллоҳ,
Кашӣ оҳи саҳар, то шеър гӯйӣ.
***
Хонаи чашму дили ман бе ту холӣ,
модарам,
Бе ту холӣ хонаи фархундафолӣ, модарам.
Мезанад ҳуввос бе ту хонаи бесоҳибат,
Дар куҷоҳо кардаӣ «ҷоҳу ҷалол»-е, модарам.
Навҷавонӣ рафт,омад баргрезон дар баҳор,
З-офате, к-омад хазон шуд навниҳолӣ,
модарам.
Буд зебо зиндагонӣ, худнамоӣ дошт вақт,
Навбаҳорон бохт гӯё гулҷамолӣ, модарам.
Буд сабзу тар баҳори умр агар, аз баъди ту
Хушк гардад шӯрам! Омад хушксолӣ,
модарам.
Бо гузашти ту гумоне подшоҳиҳо гузашт,
Оҳ, омад давраи бечораҳолӣ, модарам...
***
Сӯйи ҷаҳон ёфт ба амри Худо,
Роҳи писар аз дари ту ибтидо.
Духтараке бурд чу ҳуш аз сараш,
Гашт зи ту нури басар дилҷудо.
Рафт «рақамҳот» зи ёди писар,
Гӯши ту нашнид дигар з-ӯ садо.
Сахт замин гарчи, баланд осмон,
Дам ба дарун аст дар ту нидо.
Бо дили пурғусса ба дар бингарӣ,
Ташна туӣ бар нигаҳи ғамзудо.
Меҳрнисо номи туву меҳрро,
Модараки зор, ту ҳоло гадо.
Шодии фарзанд гуфтӣ як умр,
Дар ғами фарзанд гаштӣ адо.
***
Кашӣ ранҷу азоби рӯҳ, эй дил,
Гар обӣ, кард адо андӯҳ, эй дил.
Чу киштиат дучори сахттӯфон,
Кашӣ гӯё ту дарди Нӯҳ, эй дил.
Ту беозор оҳу дар тасаввур,
Вуҳуш ин бешаи анбӯҳ, эй дил.
Ҳалолие, ки буд андар даҳанҳо,
Лагадмол аст бар андӯҳ, эй дил.
Чу кӯҳ афканд оташсанг, бо сар
Ту меафтӣ ба пои кӯҳ, эй дил.
Вале ҳарфи хуш аст оби ҳаётат,
Ту мисле бо «бале!» мамдӯҳ, эй дил.
***
Бар пой агар ҳастам, афтондани ман осон,
Бар бистари беморӣ хобондани ман осон.
Ман мӯйсафед астам ё кӯдаки шашмоҳа,
Ранҷондани ман осон, гирёндани ман осон.
Хандед ба ҳоли ман, к-аз дард ҳамехандам,
Дарду ғами дунёро хандондани ман осон.
Пухтаст магар ин тут ё гашт хазон ин барг,
Чун бод ҳамехезад резондани ман осон.
Бар гурги дупо зинда-бар зинда
«фурӯ бурдан»,
Бар одами дарранда даррондани ман осон.
Бар ҷону ҷигарсӯз ин гӯгирдзани қисмат,
Ҳамчун хаси оташдон сӯзондани ман осон.
Сар кандану пар кандан душвор агар, эй дӯст,
Бе корд маро куштан – гӯрондани ман осон.
***
Ту дороӣ, ту милёндору бо зар мекунӣ бозӣ,
Ба тин гарчи намеарзӣ,
ба долар мекунӣ бозӣ.
Даромад ҷони ту чун зердастат дошт
ҷонбозӣ,
Амалдорӣ – ту сардорию бо сар мекунӣ бозӣ.
Чу созӣ рӯбаҳӣ, рӯбоҳ бар ту мекунад
таъзим,
Намоӣ мот ҳар бозигаре, гар мекунӣ бозӣ.
Намояд рақс гӯё бо навои нойи ту ҳар мор,
Даме чун морбозони фусунгар мекунӣ бозӣ.
Ту бимангез з-афъӣ ҳам, ки бо тақдири
одамҳо,
Гумоне бо забони ҳамчу ханҷар мекунӣ бозӣ.
Наяндешӣ зи уқбову натарсӣ з-оташи дӯзах,
Биҳишти туст ин даҳру ба озар мекунӣ бозӣ.
Дили ҳар муштипар хун созию резӣ ба сарҳо
об,
Ту худро шер бишморию чун хар мекунӣ
бозӣ.
***
Туву дил дар диёри орзуҳо,
Туву ҷон ҳамканори орзуҳо.
Нигоҳи ман ба рӯйи туст гӯё
Нигоҳи пуршарори орзуҳо.
Занӣ лабханд, гулҳо мешукуфанд,
Гумоне дар баҳори орзуҳо.
Баҳори ишқу уммед аст хуррам,
Зи нози лолазори орзуҳо.
Дилам бисёр хоҳад рӯй бар рӯй,
Ниҳем, эй гулъузори орзуҳо.
Битобад рӯйи мо бар чашми фардо
Зи рӯйи шуълабори орзуҳо.
Ба мақсад, гарчи дури дур роҳаш,
Расем, эй шаҳсувори орзуҳо.