АНҶУМАНИ ДОНИШҶӮЁНИ ОСИЁ ГУЗАРОНИДА ШУД

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов Анҷумани VI донишҷӯёни Осиё – «Ӯзбекистон – Осиё 2023» гузаронида шуд.

Онро ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё Рустам Холмуродов кушод.
Зикр гашт, ки мақсад аз баргузории анҷуман дастгирии рушди муносибатҳои ҷавонон дар фазои фаромарзии Русия ва Осиё, инчунин ҷалби ҷавонони кишварҳои қитъа ба лоиҳаҳои байналмилалии фарҳангӣ-гуманитарӣ, таълимӣ, варзишӣ, маърифатӣ ва гузаронидани тадбирҳои байналхалқии ҷавонон мебошад.
Мувофиқи анъана дар идома координатори  ҳамоиш – Донишгоҳи давлатии Олтой барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти конфронс ба мизбони он – Донишгоҳи давлатии Самарқанд китоби рейтингӣ супорид.
Бояд гуфт, ки иштирокчиён аз рӯйи як қатор лоиҳаҳо дар самтҳои «Таълими бидуни сарҳад», «Илми ҷавонон», «Мероси таърихию фарҳангӣ», «Худидоракунии донишҷӯён ва тарҳрезии иҷтимоӣ», «ВАО ва медиа барои донишҷӯён» кор бурданд.

Мухбири худамон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: