МАҲФИЛИ ШЕЪР БАРГУЗОР ГАРДИД

Боиси хушҳолист, ки як иддаи хонандагони фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилҳои шеърхонӣ фаъолона ширкат меварзанд.

 Аз ҷумла, дар саҳифаи «Оё медонед?»-и телеграм, ки устод Тоҷиддин Шодиев якчанд маротиба ба таври фосилавӣ маҳфили шеърхонӣ баргузор намуд, шогирдон хеле хуб иштирок намуда, ташаккурномаҳо гирифтанд.
Чанде пеш узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, шоир Муҳаммад Акаҷонов бо ҳамроҳии роҳбари бахши вилоятии Иттифоқи нависандагон Меҳрубон Абдураҳмонова, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах Элмурод Насруллоевҳо меҳмони мактаби мо шуданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ тақдимоти китоби тозанашри Муҳаммад Акаҷонов низ доир гардид. Хонандагон аз эҷоди шоир намунаҳо аз ёд хонданд. Устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах Элмурод Насруллоев гуфт, ки шоир аз афоризму мақол ва панду андарзҳо ба таври фаровон истифода мебарад. Чунончӣ, дар ҷое мегӯяд, ки аҳливу тифоқии олам аз аҳлии бародарон шурӯъ меёбад, ё худ шом ояд нур, дард ояд ҳузур гурезад. 

Холбой ШОМУРОДОВ, 
китобдори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-уми ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: