Дар истгоҳ нишастаам.
Дар истгоҳ нишастаам. Ҷавонзане, ки паҳлӯям аст, бо писарчаи се-сеюнимсолааш андармон.
Писарча: – Гарм шудам, каллапӯшамро гиред, – гуфт ба модараш.
Як-ду мӯйи ӯ ба каллапӯш часпида будааст ва ҳамин ки модар хоҳишаш ба ҷо овард, фиғон бардошт:
– Мӯямро кандед!
Модар саросема ва хиҷолатзада:
– Вай, ман мурам!..
Писарча қаҳромез амр намуд:
– Хам шавед.
– А?
– Хам шавед! – дасти худ боло кард писарча. Модар бо итоат гардан хам кард. Тифл ба зулфи ӯ чанг зад. Чанд тор мӯйи модарро канда гирифту нохуне нозуктарин ҷойҳои дилам сахт харошид.
Худро таскин медиҳам: «Кӯдак-дия, беақл аст. Ҳоло ақлаш надаромадааст».
Модар дарде ҳис кард ё не, номаълум.
Вай сари «боақлак»-и дар вақташ ниқорситондаро бо меҳр сила мекунад:
– Надонистаам. Мӯят часпида будааст. Дардаш монд?
Ш. ГУЛРУХСОР.