АЗ АВВАЛИН ТАБИБОНИ ДЕҲА БУД

Ибтидои солҳои ҳафтодуми асри гузашта.

Мо – мактабхон. Таътили тобистонаи онсоларо дар истироҳатгоҳи пешоҳангони гӯшаи Зардолузори ҳамсоядеҳи Қароқӯрғон мегузарондем. Ин деҳа дар доманаи қаторкӯҳҳои Чотқол ҷойгир буда, аз миёни он Кӯксараксойи пуроб мегузашт.  Вай мавзеи сердарахту серсоя ва ҷойи дамгирӣ буд. Роҳбар, муаллимони тарбиягар ва қисми зиёди бачагони он истироҳатгоҳ варзикиён буданд. Бунгоҳи тиббӣ дар дохили истироҳатгоҳ буд ва он вақт ба аҳолии тахминан дуҳазорнафараи он, ҳамсоядеҳ ва мо – истироҳаткунандагон хидмат мерасонд. Ба он як ҷавони тануманд, базеб ва сарпӯшу халаташ сафед фаъолият дошт. Мо пеш ӯро надида будем. Гуфтанд, ки вай аз Варзик аст ва исмаш Шарофбой мебошад.
Шарофбой Калонов баъди хатми мактаби миёнаи рақами 13-уми деҳаи Варзик ва пас аз адои қарзи аскарӣ, дар техникуми тиббии Намангон маълумоти миёнаи махсус гирифт. Ӯро маъмурият дар тақсимот ба иттиҳодияи тиббии ноҳияи Чуст равон кард. Калонов ба бунгоҳи тиббии деҳаи Қароқӯрғон омада, ба кор оғоз кард. Кор ҳар рӯз, ғайр аз рӯзи якшанбе, аз соати 9 то 18 идома дошт. Аз маркази деҳаи Варзик то ин макон масофа 6 километр буд. Ягон воситаи доимии нақлиёт дар ин фосила равуо намекард. Рафтуомад азоб буд. Танҳо Ваҳҳобҷон ном ронанда ҳар пагоҳ, барвақт дар мошини «ГАЗ-50» аз Варзик ба деҳаи Қароқӯрғон омада, аз фермаи чорво ба комбинати ноҳияи Чуст шир мебурд. Калонов гоҳ бо ин мошин ба кор мерафт, гоҳ пиёда.
Таҳҷоиёни деҳаи Қароқӯрғони бо Қирғизистон ҳамсарҳад қариб нисф тоҷикон, ҳамчунин ӯзбеку қирғизон буданд. Онҳо дӯстона зиндагиву кор мекарданд. Касе аз онҳо Калоновро бегона намедонист, ӯро ҳама худӣ медонистанд. «Шумо» гӯён муроҷиат мекарданд. 
Аз рӯйи таъкиди Калонов, духтур, «ёрии таъҷилӣ» ва «патронаж»-и деҳа фақат худаш буд. Дар бунгоҳ баъзан шабро бо рӯз мепайваст. Ҳамагӣ 60 сӯм моҳона мегирифт. Баъдтар ҳамсараш Инобатҷон чун санитарка ба вай ҳамкор шуд. Шарофбойако бо ин норасоӣ ва пиёдагардиҳо 20 сол меҳнат кард. Пас аз он ки кадрҳои таҳҷойӣ омаданд, ӯ вазифаашро ба онҳо супурд. Ба шифохонаи Варзик гузашт. Маошаш кам буд. Аз ин рӯ, 5 сол дар хоҷагии ҷамоавӣ кор кард. Сипас барои кор ба обанбори Варзик омада, фаъолияти тиббиашро давом дод.
Дар бунгоҳи он ҷо бо музди навбатдориҳо маошаш зиёдтар шуд. Дар 55-солагӣ ба нафақа баромад. 
Онҳо – зану шавҳар бо меҳнати ҳалол 6 фарзанд – 5 духтару 1 писарро ба камол расонданд. Алҳол дар давраи фарзандон, набераю аберагон айёми пирӣ меронанд.

Ш. МИРЗОЕВ,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: