Охири моҳи декабри соли сипаригардида Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис дар матбуоти даврӣ рӯйи чопро дид.
Охири моҳи декабри соли сипаригардида Муроҷиатномаи Президент ба Олий Маҷлис дар матбуоти даврӣ рӯйи чопро дид. Ба мушоҳида расид, ки аҳолӣ онро тавассути телевизион ва радио диду шунид, дар корхонаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифт. Вақте бо он ошно шудам, ҷараёнҳои соли сипаригардида ва вазифаву нақшаҳо барои соли 2021 пеши назар омад. Сарвари мамлакат соли равонро «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» эълон кард. Худ номи сол ба масъулияти мо — ходимони тиб то ҷое меафзояд. Фикр мекунам, ки ин муроҷиат, дар мисоли Олий Маҷлис, муроҷиат ба аҳолии Ӯзбекистон буд.
Ба сифати як шифокор — ҷарроҳ дар Муроҷиатнома вазифаҳои дар соҳаи тиб пешбинишуда маро мутаваҷҷеҳ сохтанд. Аз он бармеояд, ки дар соли 2021 дар соҳаи тиб иҷрои вазифаҳои муҳим дар мадди назар аст. Роҳбари давлат таъкид намудааст, ки дар соли равон низ алайҳи коронавирус пайгирона мубориза бурда хоҳад шуд. Бо назардошти таҷрибаи андӯхташуда дар шароити пандемия доир ба беш аз пеш вусъат додани рақамикунонии соҳаи тиб, пурзӯр намудани хидмати фосилавӣ дар муассисаҳои тиббӣ, тезондани корбарии электронӣ дар поликлиникаҳои оилавӣ ва бемористонҳо чорабиниҳо андешида мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки ба беморон ташхиси дуруст гузошта шавад, ба давутози зиёд ҳоҷат намонад, муолиҷа натиҷаи матлуб бахшад. Ба мақсади баланд бардоштани сифати хидмати санитарию эпидемиологӣ лабораторияҳои замонавӣ ташкил карда хоҳанд шуд.
Омадааст, ки барои ин ҷудо кардани 200 млн. доллар дар назар аст. Пешбинӣ шудааст, ки ба мақсади беҳбуди кор дар соҳа ба шифокори оилавӣ 5 нафар ҳамшираи шафқат вобаста карда мешавад, яъне «бригадаи тиббӣ» фаъолият нишон хоҳад дод. Сабукии дигар дар соҳа ин аст, ки рӯйхати хидмат ва воситаҳои давоии ройгон аз нав тартиб дода мешавад ва низоми таъмини аҳолӣ бо онҳо роҳандозӣ мегардад.
Дар соли равон бунёди бунгоҳҳои тиббӣ ва поликлиникаҳои оилавӣ дар назар дошта шудаанд, ки имкони бо хидмати тиббӣ бештар фаро гирифтани аҳолиро медиҳад. Ба шифокороне, ки дар дурдастҳо кор мекунанд, ба миқдори 30 млн. сӯм кӯмакпулӣ дода мешавад. Илова бар ин, онҳо бо хонаҳои хидматӣ таъмин карда хоҳанд шуд. Ба фикрам, ин ба он хотир аст, ки дар гӯшаҳои дурдасти мамлакат низ аҳолӣ аз хидмати тиббӣ ба таври бояду шояд баҳраманд гарданд. Фикр мекунам, бо нақлиёт низ таъмин намудани ин гуна шифокорон ба фоидаи кор аст.
Ин суханони роҳбари давлат: «Ғамхорӣ дар бораи саломатии модару кӯдак — ғамхорӣ нисбат ба ҷамъият ва ояндаи мо мебошад... Дар оянда ба бачаҳои то 15-сола ва занони ҳомила 7 намуди витамин ва дорувориро аз касалиҳои паразитӣ ройгон ба даст медароранд», натанҳо дасту дили ходимони тиб, балки дасту дили аҳолии мамлакатро низ ба ҳаёт гарм месозад. Бешубҳа, модарону кӯдакон солим, бошанд, ҷамъият низ солим мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки насли солим ба бунёдкориҳои зиёд қодир аст.
Президент дуруст таъкид намуд, ки ҳоло беш аз 12 ҳазор шаҳрвандони мо аз лейкемия ва оқибатҳои вазнини бемориҳои гемотологӣ азият мекашанд. Вобаста ба ин, барои соли равон маблағи зиёд — ҷудо кардани 250 млрд. сӯм ба гузарондани чораҳои мураккаби ташхис дар соҳаи онкогематология ва касалиҳои табобаташон душвор пешбинӣ шудааст.
Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз омилҳои муҳими тандурустии аҳолӣ мебошад. Ин самт низ аз эътибори роҳбари давлат дар канор намонд. Вай изҳор дошт, ки оммавӣ гардондани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш омили муҳими таъмини саломатии аҳолӣ ба шумор меравад. Ба сифати мутахассис илова намуданиям: 80 фоизи шахсоне, ки бо тарбияи ҷисмонӣ пайгирона машғул мешаванд, ба беморӣ гирифтор намешаванд. Одатан хуни инсон баъди 45-50 солагӣ ғафс шудан мегирад. Баъзе бемориҳо бар асари ғафсшавии хун зуҳур мекунанд. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба гардиши муътадили хун мусоидат менамоянд...
Пешбинӣ шудааст, ки соли равон барои бо таҷҳизоти варзишӣ ҷиҳозонидани 70 иншооти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, 16 муассисаи таълими томактабӣ ва мактабӣ 100 млрд. сӯм ҷудо карда хоҳад шуд.
Бояд дар гирдиҳамоиҳои гуногун, муассисаҳои таълимӣ ба мардум моҳияти ин ғамхориҳоро тавре маънидод кард, ки тарбияи ҷисмонӣ ба ҷузъи ҷудонопазири зиндагии шаҳрвандон табдил ёбад. Рушди иқтисодиёт ва шукуфоии мамлакат аз инсони рӯҳан ва ҷисмонан солим вобаста аст. Дар урфият мегӯянд: «Тани сиҳҳат — бехи давлат». Халқ ин ҳикматро беҳуда эҷод накардааст.
Зайниддин НОРМАН,
ҷарроҳи тоифаи олӣ, номзади илмҳои тиб.