Дар айни замон, сирояти коронавирус барои тамоми ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ дорад. Дар мамлакати мо барои рафъи ин таҳдид тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин давраи душвор инсонпарварии давлатро шаҳрвандони мо амиқ эҳсос мекунанд ва онро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд.
Дар айни замон, сирояти коронавирус барои тамоми ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ дорад. Дар мамлакати мо барои рафъи ин таҳдид тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин давраи душвор инсонпарварии давлатро шаҳрвандони мо амиқ эҳсос мекунанд ва онро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд.
Ҳоло мо то ки аз сирояти коронавирус ҳам худу ҳам дигаронро эҳтиёт намоем, имрӯз бояд ҳама дар хона бимонем. Агар мову шумо аз як гиребон сар бароварда, аз хона набаромада, ба талаботу қоидаҳои карантин пурра риоя намоем, пеш аз ҳама пеши роҳи сирояти бемориро мегирем. Мардум набояд аз таъминоти маҳсулоти хӯрокворӣ ба ташвиш афтад. Ҳукумат бо сарварии Президенти халқпарвар, дурандешамон Шавкат Мирзиёев тамоми чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудааст. Мутахассисони соҳаи тиб, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, гвардияи миллӣ шабу рӯз дар хизмати халқанд. Халқи якдил ҳеҷ гоҳ мағлуб нахоҳад шуд. Ҳакими маъруф, донишманди тиб Абӯалӣ ибн Сино беҳуда нагуфтааст: “Танумандӣ - давлати бузургу пояндаи инсон”. Даҳ аср қабл вақте ки дар Бухоро бемории “ришта”, “вабо” пайдо шуда буд, тамоми мардум бо изтиробу ҳаяҷон аз бемориҳои нобаҳангом наҷот меҷустанд. Маслиҳатҳои ҳакимонаи Сино ба дарди мардум чун дору шифо мебахшид. Касе бемаврид аз хона намебаромад, ба бозору дӯкон намерафт. Ҳамагон мақсади ягонаи аз беморӣ озод гардиданро доштанд.
Бемории коронавирус аз бемории риштаю вабо фарқ дорад. Фарқ дар он аст, ки бемории коронавирус тамоми мардуми ҷаҳонро, бемории риштаю вабо дар замонаш танҳо мардуми Бухороро ба ташвиш овардааст. Алҳол бемории коронавируси дар гӯшаҳои кишвару ҷаҳон паҳнгашта, ҳамаро ба ҳушёрӣ ва худогоҳӣ даъват менамояд. Агар мо каме саҳлангорӣ зоҳир намоем, вируси “тоҷдор” дар бари мо ҷо мегирад. Бо ин мо на танҳо ҳаёти худ, балки аҳли оилаву дигаронро ба хавф мегузорем.
Мо шаҳрвандони комилҳуқуқи Ватани биҳишосо – Ўзбекистонем. Бо вуҷуди чораҳои бесобиқае, ки роҳбарияти мамлакати мо меандешад, бисёр чиз аз худи шаҳрвандон вобаста аст. Барои ин, тавре ки Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев ба қарибӣ дар конфронси видеоӣ оид ба масъалаҳои маҳалла ва оила қайд кард, «мо бояд ба тавсияҳои табибон риоя кунем, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва санитарияро дар хона, дар ҳалқаи оила, инчунин дар кор ва ҳамарӯза, дар куҷое набошем риоя кунем».
Дар шароити имрӯзаи барои ҳамаи мо душвор ба якдигар дасти ёрӣ дароз кардан нишонаи анъанаҳои деринаи дастгирии якдигар аст. Мардумони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамчун ду ҳамсояи наздик тӯли асрҳо ба ҳамдигар дасти мадад дароз мекарданд. Кишварамон ба қарибӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ирсол намуд. Президентҳои ҳар ду кишвар - Тоҷикистону Ўзбекистон ба воситаи телефон дар масъалаҳои ҳифзи мардум аз бемории коронавирус сӯҳбат намуда, розу матлаби бар манфаати халқ нигарондаро баён намуда, ҳаммаслакиро боз ҳам қавитар гардондаанд. Дар робита ба ин, омодагии тарафҳо барои амалиёти муштараки мақсаднок якҷоя бо тамоми кишварҳои минтақа барои рафъи вазъи буҳронӣ изҳор карда шуд.
Барномаҳои ахбору коммуникатсионӣ, компютерӣ, шабакаҳои электронӣ, мулоқотҳои онлайнӣ барои идомаи фаъолияти касбу пеша ва ғояҳои ибратбахш ёрӣ мерасонад. Бо ташаббус ва ҷонибдории Президент Шавкат Мирзиёев сари вақт музди меҳнат ва нафақаҳо дода мешавад. Тамоми ин чорабиниҳо барои фаровонии ҳаёт ва раҳоӣ аз бемории коронавирус мебошад.
Ранҷу заҳматҳои шабонарӯзи мутахассисони соҳаи тиб, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гвардияи миллӣ, ҳарбиён, сарҳадчиёнро ба эътибор гирифта, дар вақти карантин ҳама дар хона бимонем, хеш ва аҳли оилаамонро аз сирояти коронавируси нопадид эҳтиёт мекунем.
Таваккал Чориев, депутати палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон,
узви Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат”.