БУЗУРГМАРДЕ АЗ ХУФАР

Ҳоҷӣ Давлатбой Маҳмудов китоби бузургҳаҷмеро бо номи “Хуфар ва хуфариён” таълиф ва омодаи чоп намуд.

Ҳоҷӣ Давлатбой Маҳмудов китоби бузургҳаҷмеро бо номи “Хуфар ва хуфариён” таълиф ва омодаи чоп намуд. Мо ба хотири он ки ҳаёт ва фаъолияти некмардони ин манзил ба насли ҷавон намунаи ибрат хоҳад шуд, порае аз боби “Бузургмардони Хуфар” -и ин китобро ба хонандагон пешниҳод менамоем, ки он ба Мулло Сафар (Эшони мударрис) бахшида шудааст. Фикр мекунем барои хонандагони «Овози тоҷик» ибратомӯз ва муфид хоҳад буд.
Яке аз намояндагони соҳибмаърифати Хуфар, ки бо заковату донишмандӣ дар байни мардуми Хуфар ва миригарии Сари Ҷӯй обрӯю эътибори хосса дошт, мулло Сафари Мударрис аст, ки бо унвони эҳтиромии “эшони мударрис” маълуму машҳур буд. Бино ба гуфтаи пирони солхӯрда ӯ марде буд тануманду миёнақад. Рӯйи зебои нуроние дошт. Риши кулӯтаи ғулӯяш ба ҷисмаш хеле зебанда буд. Дар Бухоро таълими илм кардааст. Толибилми закӣ ва пешқадами мадраса буд. Дар озмуне дар ҳузури аълам ва уламои бузурги Бухоро аз имтиҳон гузашта ба мукофоти махсуси амир – “даҳяк” сазовор шудааст. Даҳяк як навъ мукофоти пулии ба 120 тангаи Бухоро баробар буда, ба ғолиби озмун ҳар сол дар арафаи иди Наврӯз аз хазинаи амир тақдим карда мешуд. Баъди хатми бомуваффақияти мадраса ба зодгоҳаш баргашта ба тарғибу ташвиқи маърифати динӣ машғул мешавад ва дар ин роҳ ба мардум ёрии беғараз мерасонад.
Дар ҳамин айём доир ба масъалаи шаръие байни муллоҳои мадрасаҳои Сариосиёву Деҳнав баҳси доманадоре барпо мегардад. Баҳс шиддат мегирад, аммо тарафҳо дар фикри худ мемонанд, касе фикри дигареро қабул намекунад. Ҳатто дар байни баҳскунандагон низоъ пайдо мешавад. Ҳалли масъала то аълами Бухоро мерасад. Аълам моҳияти масъаларо фаҳмида ба онҳо роҳи дурусти ҳалли онро мефаҳмонад ва аз куҷо будани онҳоро пурсон мешавад. Чун мефаҳмад, ки мубоҳисон аз Ҳисоранд, аз онҳо мепурсад, ки Мулло Сафари Ҳисориро мешиносанд? Нафаре бо аломати тасдиқ сар ҷунбонда “ҳа, мешиносем” гӯён шинохтанашро тасдиқ мекунад. Аълам ба онҳо мегӯяд: “Барои чунин масъалаҳо азоби роҳ кашида, то Бухоро омадан шарт набуд. Аз мулло Сафар мепурсидед, ҷавоби аниқу саҳеҳ меёфтед. Бояд гӯям, ки илми Бухороро мулло Сафари ҳисорӣ бо худ ҳамроҳ бурдааст, ин ба ҳар гуна толибилм ҳам муяссар намешавад”. Баҳскунандагон ба Сариосиё баргашта, мулло Сафарро пайдо мекунанд ва кунҷковона масъаларо аз ӯ мепурсанд. Мулло Сафар моҳияти масъаларо тавре мефаҳмонад, ки аълам фаҳмонда буд. Аҷоиботи кор ин буд, ки ҷавоби Мулло Сафар бо далелу бурҳон боз ҳам қавитар буд.  Баъд аз ин эътиқоду эҳтироми мардум, хоссатан аҳли илм, ба ин марди хуфарӣ зиёд мешавад ва ӯро бо талабу тавсияи муллоҳои пешқадам сармударриси мадрасаи Сариосиё таъин мекунанд. Мулло Сафар дар ин мадрасаи начандон машҳур солҳои зиёд адои вазифа мекунад ва барои пешрафти илму маърифати динӣ хидматҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Пайваста мутолиа мекарду донишу маҳораташро сайқал медод, мухлисонаш зиёд, мартабааш баландтар мешуд...
Аммо ҳар ҷо, ки ҳабибест, ба паҳлуш рақибест. Ин ҷо ҳам чунин буд. Муллобачаи навбаромаде, ки акнун аз Бухоро омада буду аз ҷунуни ҷавонӣ худро аълами доруссалтана ҳисоб мекард, на аз пайи омӯхтану омӯзонидани илм, балки бештар аз пайи ҳар чӣ зудтар ба даст даровардани мансаб ва обрӯ ҷон мекоҳонд. Ба худ тарафдору мухлис ҷамъ карда, дар ҳар қадам фитна бунёд мекард. Ҳатто боре ба худи мулло Сафар шунавонида гуфта буд, ки ин халқи нодон то кай аз як пойлучи кӯҳистонӣ барои худ аллома месохта бошад? Мулло Сафар ин гапро бе ҷавоб гузошт. Охир чӣ ҳам гӯяд, ман муллои зӯрам, лоиқи эҳтироми халқам ё биё, писарам, дар ҳузури бисёрӣ бо ҳам баҳси илмие барпо кунем, бинем, ба ин вазифа кӣ лоиқтар аст, гӯяд? Не, ӯ ин корро ба худ муносиб намедид. Ба замми ин муллои мансабталош чун худ тарафдорони зиёди ҷоҳиле пайдо кардааст, ки бо онҳо баҳс кардан фоидае надошт. Агар чунин кунад, нифоқ, ҷанҷолу хархашаи беҳуда, парокандагӣ, дилхирагиву тараф-тараф пайдо шуда, файзу баракат аз байн меравад. Дар ҷое, ки файзу барака ва осудагӣ набошад, таълим самарае намебахшад. Қарор дод, ки бо хоҳиши худ аз ин вазифа даст кашад. Ҳамин тавр ҳам кард. Ба раъю хоҳиши мухлисону тарафдорон ва маъмурияти мадраса нигоҳ накарда, вазифаро ба ҷонишини худ вогузошту роҳи зодгоҳаш Хуфарро пеш гирифт. Аммо тарафдорону ҳаводорони мулло Сафар ин масъаларо то Бухоро бурданд. 
Аз Бухоро ҳайати махсусе барои ҳалли одилонаи масъала ба Сариосиё омаданд. Вазъиятро омӯхта ба қароре омаданд, ки тамоми аҳли мадраса, муллоҳои пешқадами ин қаламравро ҷамъ карда, дар ҳузури ҳама сармударриси аввала – мулло Сафар ва даъвогари навбаромад мулло Шарофро имтиҳон кунанд. Шартҳои имтиҳон аз шарҳу тафсири оёти Қуръон, шарҳи чанд ҳадиси шариф, се масъалаи мураккаби фиқҳӣ, суоле оиди ақоид (илми калом) ва суоле доири таърихи ислом иборат буд. Дар имтиҳон мулло Сафар ба тамоми саволҳо бо далелу бурҳонҳои радношаванда ҷавоб гардонда, меҳмонони бухороиро дар ҳайрат гузошт. Мулло Шароф ба ду саволи фиқҳӣ ҷавоби нодуруст ва ба саволи оиди ақида умуман ҷавоб дода натавонист. Ҳаводорони мулло Шароф, ба гумони он, ки суоли ба мулло Шароф омадаро мулло Сафар ҳам намедонад, аз ҳайати имтиҳонкунандагон талаб карданд, ки ба ин саволҳо ӯ ҷавоб гӯяд. Хуб мешуд, мо ҳам ин ҷо ба ин саволҳо ҷавоб меёфтем. «Хуб мешавад», аз ду-се ҷо овоз баланд шуд. Мулло Сафар ба саволҳои рақиб низ ҷавоби пурра, дилпуронаю боварибахш гуфт. Мулло Сафари ғолибро он рӯз бо тантана боз ба вазифааш таъин карданд. Мулло Шарофи мулзаму ҳаводоронаш низ ба донишу қобилияти ӯ мардона тан доданд ва мулло Сафар солҳои зиёди дигар дар ин вазифа монд. Ва ӯро акнун, на мулло Сафар, балки бо унвони эҳтиромии “Эшони мударрис” ном мебурданд.
Солҳои пирии ин марди шариф ба солҳои инқилоби болшевикону тағйироти солҳои аввали ҳаёти нав рост омад. Вай ин солҳоро дар зодгоҳаш – Хуфар гузаронидааст. Аз рӯйи нақли ҷияни фарзонаи он кас – устоди олиқадр Суннатулло Соҳибов дар ҳамон гуна солҳои пурталотум, ки барои ҷамъияти он вақт бойу мулло унсурони бегона ҳисоб мешуданд, мардуми Хуфар бо ихлоси тамом эҳтиромашонро ба ҷо меовард. Хари сафеди калоне доштанд. Савори он ба сари хирманҳо мерафтанд. Дар ҳама ҷо ба хушӣ қабул карда, дар бозгашт ба хӯрҷинашон як ду ғалбер гандум ё барои харашон кафаю ҷав меандохтанд, ки дар он солҳои қаҳтию қиматӣ ҳадяи бузурге ҳисоб мешуд. Боре пеши роҳи он касро бойи калонтарини маъзулшудаи Хуфар Гулбой оқсақол гирифта, бо оҳанги эътироз мегӯяд: Шумо, эшони мударрис, ин қадар ҳам ғуломи нафс нашавед, дар вақти пирӣ сайру гаштро камтар кунед, хуб мешуд. Мулло Сафар мақсади бойро зуд пайхас карда, дар ҷавоб маро қиблагоҳам Сафар ном гузоштаанд, то гӯшанишин набошаму ҳамеша дар сафар бошам. Агар лоиқи номам амал кунам, чӣ бадӣ дорад? Дигар ин ки ман аз касе чизе тамаъ надорам, аммо қабули ҳадя суннати набавист. Ба шумо ҳам бо ҳазор ният қиблагоҳатон Гулбой ном ниҳодаанд, то гули бойҳо шавед. Гул будед, лек ҳоло хазон шудаед. Гули хазоншуда арзишу қимате надорад. Дастатонро аз гардани хари ман гиреду маро аз сафарам боз надоред, гуфта роҳашонро давом медиҳанд.
Ҳоҷӣ Бобораҷаб (писари мулло Қаландар) нақл карда буданд, ки соли аввали саршавии ҷанг буд. Боре дар меҳмонхонаи мо мулло Сафар бо падарам суҳбат доштанду дар рафти суҳбат ба падарам рӯй оварда гуфтанд: «Додар-махсум, дина шаб хоб дидаам, ки Сталин як иморати чоргӯша сохта, хишташро худаш чида истодааст. Ҳамин ҷанг аҷаб нест чор сол давом кунаду Сталин ғолиб ояд». 
Қиблагоҳам бо як ҳайрат ва ихлоси бузург нақл мекарданд, ки дар қурултойи коркунони хоҷагии қишлоқ дар Тошканд роҳбарони республика бо як яъсу ноумедӣ ва ҳазинӣ эълон карданд, ки душман Сталинградро дар муҳосираи сахт гирифтаасту ба шаҳр ягон илоҷи кӯмак кардан намондааст. Аҳолии шаҳру қувваҳои ҳарбии он ҷо чӣ қадар бардошт доранд, кас намедонад. Хуллас, аҳвол бисёр баду вазъият нозук аст. Ба ҳар ҳол мо бояд шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта фидокорона меҳнат кунем. Ёрии мо ба фронт аз пештара бештару зиёдтар бояд бошад. Баъди ин ҷамъомад бо ҳазор хаёлу хотири парешон ба хона баргаштам, ки дар хона мулло Сафар нишастаанд. Он шаб эшонро хуб меҳмондорӣ карда, пагоҳӣ бо савғою салом гусел кардам. Мулло Сафар баъди аз дарвоза баромадан, харашонро нигоҳ дошта ба Маҳмуд гуфтанд: «Маҳмуд, ҳушёр шав. Ин гапҳое, ки ба ман гуфтӣ, дигар ба забон нагир, душман то Сталинград не, агар то Юрчӣ омада бошад ҳам, мо ғалаба мекунем. Ман дар хоб дидаам, ки Хизру Илёс дар ҷилави қӯшуни мост». Субҳ ба райком равам, ҳама бо ақибнишинии душман ҳамдигарро табрик мекарданд. Дар дил муҳаббатам нисбат ба амаки муллоям даҳчанд зиёд гардид.
Устод С.Соҳибов аз тағояшон ҳоҷӣ Ниёзаҳмади Рауфзода нақл мекунанд, ки солҳои охири Ҷанги бузурги Ватанӣ буд. Намози иди қурбонро рустӣ берун аз деҳа хондем. Мулло Сафар, ки имоми ин намози рустии мо буданд, баъди адои намоз ба намозгузорон рӯй оварда гуфтанд: «Бародарони аҳли ислом, ин охирин намозгузории ман ба шумост. Ман ҳамагӣ бист рӯзи дигар меҳмони шумоям. Ҳар камбудиву норасоӣ ва беадабие, ки аз ман гузашта бошад, илтиҷо дорам, афв кунед. Агар бо баъзеи шумо дигар дидор набинем, хайр, дар паноҳи Худо бошеду дар рӯзи ҳашр бо рӯйи сурх бо ҳам дидор насиб гардонад. Дар ин рӯзи муборак, дуо кунем, ки Аллоҳи меҳрубон гуноҳҳои ҳамаи моро мағфират карда бошад». 
Дар ҳақиқат, Мулло Сафар баъди бист рӯзи ид аз олам гузаштанд. Мардуми Хуфар он касро бо эҳтироми бузург ба роҳи охир гусел карданд. Қабрашон зиёратгоҳи аҳли дил аст.

Таҳияи 
Олим ПАНҶИЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: