Котиби иҷроияи Конвенсияи мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ ба Самарқанд ташриф овард

Муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи Конвенсия оид ба мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ Иброҳим Тиав аз маркази Silk Road Samarkand дидан кард.

Меҳмони олӣ ҳамроҳ бо вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов дар маркази сайёҳӣ Конгресс-холлро аз назар гузаронд. Ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи 21-уми Кумитаи татбиқи Конвенсияи мубориза бо биёбоншавиро (CRIC-21) баррасӣ карданд.

Котиби генералӣ инчунин бо «Шаҳри абадӣ» ва маҷмааи Регистон шинос шуд. Тиав ба иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон баҳои баланд дод.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии CRIC-21 аз 13 то 17 ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: