МУШКИЛОТ ЭҶОБӢ ҲАЛЛУ ФАСЛ ГАРДИДАНД

Ба мақсади таъмини иҷрои супориши роҳбари давлат дар бораи азнав пурра ташкил намудани сохтори кор бо муроҷиатҳои аҳолӣ, ки дар яке аз ҷамъомадҳои видеоселекторӣ таъкид шуда буд, дар вилояти Намангон вохӯрии директори Агентии ахбори миллии Ӯзбекистон Абдусаид Кӯчимов бо аҳолӣ баргузор шуд.

Дар маҳаллаи Амир Темури шаҳри Намангон аз рӯйи муроҷиати ашхоси юридикиву ҷисмонӣ қабули сайёр ба вуқӯъ пайваст. Дар он намояндагон аз қабулхонаҳои халқ ва ҳокимияти шаҳр, бюрои иҷрои маҷбурӣ, маркази кӯмак бо шуғл, шуъбаҳои таълими халқ, таълими томактабӣ ва дастгирии маҳалла ва куҳансолон муроҷиати 14 нафар шаҳрвандро, ки оиди масъалаҳои хонаву ҷой, кӯмаки моддӣ, табобат, таъмини шуғл ва баллонҳои гази моеъ буд, шуниданд.
Аз ҷумла, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷийдакапа Абдураҳмон Юнусов таъкид кард, ки дар кӯчае, ки мактаби рақами 22 ҷойгир аст, бояд светофор шинонда шавад. Шаҳрванд Муаззам Болтабоева аз масъулон хоҳиш намуд, ки азбаски ӯ фарзанди 9 солаашро парвариш мекунад, ӯро бо хонаву ҷой таъмин намоянд. Ба М. Болтабоева маслиҳати ҳуқуқӣ дода, ба мутасаддиён супориш додаанд, ки ӯро дар корхонаи истеҳсолии минтақаи хурди саноатӣ бо кор таъмин намоянд. Масъала зери назорат гирифта шуд.
Боз як истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷийдакапа Набихон Мамадиев оиди ҳолати валангори роҳҳо ва мумфаршгардонии онҳо ҳарф зад. Шаҳрванд Холида Қутбиддинова гуфт, ки фарзанди ӯро 13 сол инҷониб бемории гепатит азият медиҳад. Ҳоло аҳли оила барои муолиҷаи ӯ душворӣ мекашанд. Масъала таҳти назорат гирифта, оиди чорабиниҳои муолиҷаи он дар муддатҳои муайянгардида супоришҳо дода шуд.
Дар ниҳояти қабули сайёр А. Кӯчимов ва ҳокими шаҳри Намангон Ғафурҷон Ҷалолов бошандагонро даъват карданд, ки бо мушкилоти рӯзмарра саривақт ба мутасаддиёни соҳа муроҷиат намоянд, дар даврони ислоҳоти нави имрӯза ба қадри имкониятҳое, ки аз тарафи роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар фароҳам оварда мешавад, бояд бирасанд.

Ш. ДАМИНОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: