ВОХӮРИИ АҲЛИ ИЛМУ АДАБ ДАР ТАЪЛИМГОҲ

Саҳни таълимгоҳи рақами 86-уми ноҳияи Сариосиё аз меҳмон пур буд.

Омӯзгорону муҳассилин бо сару либоси идона ва табъи болида интизори меҳмонон буданд...
Имрӯз ба ин таълимгоҳ як гурӯҳ меҳмонон, олимон, адибон ва аҳли қалам аз кишвари ба мо ҳамзабон – Тоҷикистон таҳти роҳбарии фарзонафарзанди деҳаи Хуфар, адабиётшинос, узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Анзурати Маликзод ташриф оварданд.
Меҳмононро бо нону намак ва гулу гулдаста хонандагону омӯзгорони ин таълимгоҳ истиқбол гирифтанд. Ба назари бинанда ҳатто чунин менамуд, ки  гулу гулбуттаҳои саҳни дабистон дар ин айёми шукуфтанҳову рустанҳо, гӯё аз тамошои ин саҳнаи аҷибу фараҳафзо ҳусну таровати дигар гирифта дар назар боз ҳам пуртароваттар менамоянд.
Дар маҳфили адабӣ, ки ба муносибати ташрифи меҳмонон дар ин таълимгоҳ ҷараён гирифт, хонандагону устодон фаъолона ширкат намуданд. Шеъру ғазалҳо аз эҷодиёти адибони мумтозу муосир бо завқу шавқи дилпазир аз тарафи хонандагон қироат гардид. Ҳозирин ва аҳли нишаст, ки аксар падару модарони хонандагони ин таълимгоҳ буданд, аз баромаду ҳунарнамоии фарзандони худ болидахотир гардида, ба маҳорати онҳо таҳсин мегуфтанд.
Дар ҷараёни маҳфил Маликзод зимни суханронии худ иброз дошт, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи кишвар ба мо таҳсили ҳамаҷонибаи илмҳои дунявӣ зарур аст. Пас моро лозим аст, ки бештар омӯзем то қирраҳои нав ба нави илмҳои дунёвиро кашф намоем ва барои равнақи халқу ватани худ ҳиссаи арзанда гузорем. Ӯ аҳли ҷамъомад ва хонандагони таълимгоҳро ба ғояҳои некбинона: инсондӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу салоҳ, дӯстиву рафоқат барин амалҳои некбинона ҳидоят карда, бо чунин руҳия ба камол расиданро хоҳиш намуд. Ӯ зиёда аз 30 соли умри бобаракати худро дар роҳи омӯзишу тадқиқу ҷустуҷӯйи илмӣ сарф кардааст ва мавсуф муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ аст, албатта, дидор ва суханонаш ба аҳли ин маҳфил хотирмон ва пуртаъсир шуд. Дар навбати худ Анзурати Маликзод ба ин таълимгоҳ дасти холӣ наомада буд. Ӯ зиёда аз 100 номгӯй китобҳои илмӣ ва бадеиро ба китобхонаи мактаб ҳадя намуд. Зимни тақдимоти китобҳо ӯ ба хонандагони мактаб таъкидан муроҷиат намуд: «Мо ҳар илме, ки мегирем аз китоб аст ва  шумо аз ин ганҷинаи ҳикмат ва дурри маънавият истифода баред, мутолиа намоед ва ояндаи худро некбинона бисозед.» 
Дар ташкил ва омодагии ин маҳфили адабӣ-фарҳангӣ саҳми директори мактаб Зарнигор Каримова, ҷонишини директор оиди корҳои илмӣ Шодмон Раупов, муовини директор оиди корҳои маънавию маърифатӣ Нозим Муҳаммадов ва дигар омӯзгорону ходимони ин таълимгоҳ шоистаи таҳсин аст. 

Илҳом ХИДИРОВ, 
омӯзгори тоифаи олии мактаби таҳсилоти умумии 
рақами 86-уми 
ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: