ДОДАР, ТУ МУАЛЛИМӢ!

Дар шумораи 13 июни соли 2020, № 38 «Овози тоҷик» «Шумо чӣ мегӯед?» ном андешаҳои муаллимаи тоифаи олии мактаби рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Эркиной Султоноваро хондам.

Дар шумораи 13 июни соли 2020, № 38 «Овози тоҷик» «Шумо чӣ мегӯед?» ном андешаҳои муаллимаи тоифаи олии мактаби рақами 2-юми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Эркиной Султоноваро хондам. Андешаҳои муаллима дархӯрди замон аст. Ӯ одилона омӯзгорро ба офтоб шабеҳ додааст. Агар офтоб бо нураш оламро равшанӣ диҳад, омӯзгор бо нури илму маърифат роҳи инсонро дар зиндагӣ мунаввар мегардонад.Муаллима оқилона  суол мегузорад: «Лекин мо имрӯз муаллимонамонро ба таври ҳаққонӣ офтоб гуфта метавонем? Оё ин «офтоб» барои ҳар яки мо азизу мукаррам аст ё на? Оё муаллим ба ҳамон мақоме, ки ба он дода шудааст, мувофиқат мекунад?» ва ҷавоб низ одилонаву оқилона садо додааст: «Афсус, ки ба ин савол на ҳамеша  «ҳа» гуфта ҷавоб дода метавонем».
Муаллима танҳо аз хусуси одоби либоспӯшии муаллимон дар мактаб сухан рондааст. Риоя ба одоби либоспӯшӣ дар мактаб кам аст. Муаллим қувваи асосии пешбурди корҳои маънавӣ ва маърифатӣ дар ҷомеа мебошад ва ӯ бояд дар ҳар гуна ҳолат – дар чорабинӣ ё корҳои ҷамъиятӣ бояд зоҳиран ва ботинан намунаи ибрат бошад. Ба ӯ натанҳо толибилмон, балки аҳли ҷомеа ҳавас ва пайравӣ кунад. Муаллим чӣ бо одоби либоспӯшӣ, чӣ бо гуфтору рафтор аз дигар табақаҳои ҷомеа фарқ мекунад ва дар ташаккули маънавияту маърифати онҳо саҳмгузор бояд бошад.
Рӯзе (таътили тобистонаи бачаҳо буд) дар суроғи рӯзнома ба мактаби № 30 рафтам. Дар деҳот асосан омӯзгорон ба матбуоти даврӣ обунаанд ва дастбакори шӯъбаи алоқа газетаҳоро то мактаб мерасонад. Аз газетаҳо  хабар набуд. Бо посбони мактаб Ғайбулло Насруллоев рӯйи хараки саҳнаи мактаб суҳбат доштем. Муаллими ҷавоне омад. Дар пой чоруқи нӯгипоӣ, ба ҷойи шим «шортик» ва ҷойи курта таҳпӯши мардона (футболка) дошт. Ба дурудаш алейк нагирифта гуфтам:
– Бо ин либос дар кӯча гаштаӣ? Ту муаллим ҳастӣ ва аз паси ин касби бошараф зиндагӣ дориву фарзанд ба воя мерасонӣ.
Шармаш омад. Баҳона пеш овард: – Муаллим, нисфирӯзӣ аст. Дар кӯча касе нест ва маро касе надидааст.
– Не, додар, ин хел намешавад. Ту омӯзгорӣ, бояд дар гуфтору рафтор дигаронро намунаи ибрат бошӣ. 
Рафт, тағйири либос карда омад.
Рӯзи дигар боз бо ҳамон матлаб мактаб рафтам. Роҳбари синфи нӯҳум Амон Қӯзиев рӯйи хараки саҳнаи мактаб нишаста буд. Гуфт, ки имрӯз хонандагони синфи нӯҳ мактаб меоянд. 
Ду-се нафарӣ омадан гирифтанд толибилмон. Ва ҳар як нафар аз муаллим таъна мешунид. Чунки аксар писарбачагон бо «шортик» меомаданд. Бо талаби муаллим аксарашон баргашта либос иваз карда омаданд. Ва чун ҳама ҷамъ омаданд, хонандае гуфт: – Муаллим, баъзе омӯзгорони ҷавон дар кӯча бо шортик мегарданд-ку, мо онҳоро дида пайравӣ намудем.
Ана, муаллим, идеали хонанда ва аҳли ҷомеа! Ин тоифа омӯзгорон бо кадом услуб аз толибилм одоби либоспӯшӣ ва вазифаҳои хонандагонро талаб мекунанд? Онҳо натанҳо ба мавқеъ ва мартабаи худ, балки омӯзгоронро беобрӯ ва беэътибор мекунанд.
Зиёданд омилҳое, ки симо ва сирати муаллимро муайян намуда, аз обрӯ ва эътибори омӯзгор дар ҷомеа шаҳодат медиҳанд.Ин ҷо танҳо бо инъикоси аҳамияти маданияти либоспӯшии омӯзгорон кифоят карда шуд. Ҳақ аст Э. Султонова, ки навиштааст: «Пас, ба маданияти баланди либоспӯшӣ риоя намудани муаллимон кори ҳатмист».

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: