ПОЙГАИ АВТОМОБИЛӢ БА ТАРАФДОРИИ ТАҒЙИРОТҲОИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР КАНАДА

Сафари кории намояндагони сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Торонтои Канада сурат гирифт.

Дар Торонто дипломатҳо бо ҳамватанони муқими Канада мулоқот карданд. Дар вохӯрӣ иштирокдорон бо афзалиятҳои ислоҳоти конститутсионие, ки дар кишварамон татбиқ мегарданд ва моҳияти тағйироте, ки ба Конститутсияи Ӯзбекистон дохил карда мешаванд, шинос карда шуданд.
Таъкид гардид, ки таҷдиди Қонуни асосӣ ба рушди кишварамон, баланд бардоштани некӯҳолии мардум хидмат карда, пеш аз ҳама, ба сифати афзалият ғояи «Барои шаъну шарафи инсон»-ро муайян мекунад. Қайд гардид, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ барои бунёди асосҳои давлати иҷтимоӣ, демократии ҳуқуқбунёд, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ, таҳкими минбаъдаи ҳуқуқу манфиатҳои инсон аҳамияти бузург дорад.
Инчунин таъкид гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ фаъолона пеш бурдани манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, таҳкими минбаъдаи ҳуқуқ ва озодии натанҳо шаҳрвандоне, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, балки шаҳрвандон дар хориҷа, ғамхорӣ намудан ба онҳо, гиромидошти шаъну шарафи инсон пеш бурда мешавад.
Зимни суҳбати озод ба ҳама саволҳои ҳамватанонамон посухҳо дода шуданд. Иштироккунандагон тамоми шаҳрвандони дар хориҷбудаи Ӯзбекистонро даъват намуданд, ки дар референдум оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ, ки 30 апрел баргузор мегардад, иштирок кунанд. 
Аз ҷумла, Нодир Бурҳонов, фаъоли Ассотсиатсияи ӯзбекҳои Канада гуфт, ки «Мо аз он хушнудем, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон дигаргуниҳои бузург ба амал омадаанд. Ба ин муносибат мо ҳамаро даъват менамоем, ки тағйироти конститутсиониро, ки идомаи ислоҳот ба ҳисоб меравад, дастгирӣ кунанд».
Сипас, якҷоя бо фаъолони Ассотсиатсияи ӯзбекҳои Канада ва ҳамватанони муқими Торонто барои ҷонибдории раъйпурсӣ дар Ӯзбекистон ва таблиғи васеи ин раванд дар байни канадагиҳо пойгаи автомобилӣ ташкил карда шуд. Кортеж бо байрақҳои мамлакати мо аз кӯчаҳои Торонто гузашт.

АИ «Дунё»,
ТОРОНТО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: