6.Ӯ ПУШТБОНИ МАЪРИФАТ БУД

Устод Айнӣ дар хотираҳояш менависад. «Оқибат соли 1917 расид. Баъд аз фалокати 75 чӯби амир, дар моҳи июни ҳамон сол ман тамоман ба Самарқанд кӯчидам.

Дар ин ҷо бемор шуда дар хонаи яке аз навшиносҳоям, ки дар гузари Сӯфирозиқ буд, афтодам. Ҷавонони самарқандӣ, ки ман бо онҳо ба тозагӣ ошно шуда будам, ҳар шаб пеши ман омада суҳбаткунон менишастанд ва кӯшиш мекарданд, ки маро хурсанд кунанд...» («Ахтари инқилоб», нашриёти «Ирфон», Душанбе. (1974, саҳ. 127).
Биёед, хонандаи азиз, пеш аз ҳама, дар бораи ин «навшинос»-и устод Айнӣ маълумоти муфассал диҳем. Ин шахс аз равшанфикрони давру замон Исматулло Раҳматуллозода буд, ки дар байни маорифпарварони Самарқанду Бухоро ва водии Фарғона ҳамчун ҳомии маърифат обрӯю нуфузи калон дошт.
Давраи бачагию наврасии Исматулло ба шӯришҳои мардуми маҳаллӣ ва истилогарони рус рост омад. Ӯ соли 1883 дар деҳаи Раҷабамини ноҳияи Самарқанд таваллуд шуд. Падараш ҳамчун деҳқони хокпош дар боғот сару кор дошт. Оилаи онҳо дар ҳамсоябоғии Абдуқодир Шакурӣ мезист. Ин аст, ки Исматуллои ҷавон зуд-зуд бо Абдуқодир, ки дар мадраса мехонд, ҳамсуҳбат мешуд. Рӯзе модари Абдуқодир Бибӣ Розия, ки зани босавод буда, дар ҳавлии худ барои духтарон мактаб кушода, ба саводомӯзонии онҳо машғул буд, Исматуллои наврасро барои хондан ба мактаби худ ҷалб кард. Исматулло дар назди ин зани меҳрубон саводи динӣ гирифта, аз эҷодиёти пурғановати Ҳофизу Бедил ва Ҷомию Навоӣ ва дигарон низ қисман баҳравар шуд.
Дар ин муддат Абдуқодир Шакурӣ баробари дар мадраса таҳсил гирифтан аз фаъолияти мактабҳои навусули замонааш хабардор шуда, бо маслиҳати модари босаводаш дар хонаи алоҳидаи ҳавлиашон барои писарбачагон мактабчае мекушояд ва баробари фанҳои динӣ ба бачагон аз рӯйи фаҳмиши худ аз фанҳои ҳисобу савод (алифбо, арифметика – Ҳ.Ҷ.) таълим медиҳад. Исматулло дар ин ҷо савод бароварда, баъдтар дар мактаби Шакурӣ, ки дар гузари Шарбатдори шаҳр кушода буд, ҳамроҳи устодаш аз пайи омӯзгорӣ шуд ва баробари ин дар мактаби русӣ-тузем, ки маорифпарварони рус кушода буданд, таҳсилро давом медиҳад. Ин мактаб ҷаҳонбинии муаллими ҷавонро васеъ карда, ӯро аз фанҳои дунявӣ воқиф мекунад. Дар натиҷа ба бачагон сирру асрори фанҳои математика, география, ботаника, табиатшиносиро меомӯзонад.
Устоди ӯ маорифпарвари забардасти замона Абдуқодир Шакурӣ мудом аз пайи навоварӣ буд. Ӯ ба шогирдаш Исматулло Раҳматуллозода ин хислатҳои некро омӯхт. Рӯзе Шакурӣ ба шогирдаш гуфт:
Анҷомҳои сафарро тайёр кун, фардо ба Фарғона рафта, бо корҳои мактаби нави Ҳамза Ҳакимзода шинос мешавем. Ҷиҳатҳои хуби услуби таълими ӯро қабул  мекунем. Бо ин мақсад устоду шогирд роҳи Фарғонаро пеш гирифтанд. Мактаби Ҳамза дар назди чойхонае ташкил шуда, шогирдон дар як синфхона таълим мегирифтанд. Дар чор тарафи хона аз шеърҳои пандомези шоирони классикӣ байтҳои пурмазмун навишта шуда буданд. Муаллим дарсро ба таври саволу ҷавоб мегузашт. Дар аснои суҳбат Ҳамза ба Шакурӣ гуфт, ки шароит хеле мураккаб, мутаассибон қариб ҳар рӯз ба мактаби мо таҷовуз мекунанд. Бо иғвогарӣ падару модаронро аз роҳ мезананд, то ки фарзандони худро аз мактаб дур кунанд. Аммо ба ҳар ҳол, фаъолияти мактабро идома медиҳем.
Шакурӣ ин суҳбати ӯро бо тамкин гӯш карду:
– Хафа нашавед. Дар музофотҳои мо ҳам аҳвол ҳамин. Чӣ бояд кард? Илоҷи дигар надорем. Ҳарчӣ бошад ҳам, мо мактабдорони усули нави таълим дар якҷоягӣ ҳамфикр шуда, ба муқобили душманонамон бояд мубориза барем. Исматулло аз ин суҳбати ду дӯст хулоса бароварду нисбати рафтори ғаразноки мутаассибон ба ғазаб омад.
Соли 1905 Абдуқодир Шакурӣ дар шафати масҷиди деҳааш – Раҷаб Амин бо як ҷасурӣ боз як мактаби ҷадид ташкил кард. Ба тадбири кушодашавии он  маърифатпарварон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Ҳоҷи Муин иштирок карда, мардуми деҳаро бо афзалиятҳои мактаби нав ошно намуданд. Исматулло Раҳматуллозода фаъолияти педагогии худро дар мактаби нав давом дод. Ӯ дар ин давр аллакай ҳамчун маорифпарвар шуҳрат пайдо карда буд. Ба хубӣ медонист, ки Шакурӣ солҳои гузашта мактаби худро гоҳ дар ҳавличаи Беҳбудӣ, гоҳ ба гузари Тошкандии шаҳр ва гоҳ ба ҳавлии барҳавои Мирраҳимбой, ки дар гузари Сӯфи Розиқи шаҳр воқеъ буд, мекӯчонид, зеро мутаассибон Абдуқодири бечора ва мактаби ӯро мудом таъқиб мекарданд. Ҳатто чанд маротиба ба қатли ӯ азм карданд. Шукри Худованд, ки Маҳмудхоҷаи Беҳбудии муфтӣ ва Остроумов, ки ба шуъбаи маорифи вилоят сару кор дошт, ин сӯиқасдҳоро пешгирӣ карданд. Ин воқеаро баъдтар нависанда Ҳасан Ирфон дар романи «Дар кулбаи косибон» чунин тасвир мекунад.
«Устошарифи куҳнадӯз бо ташвиқи муаллим Исматулло Раҳматуллозода ду писарашро ба мактаби нав дода буд. Бинобар қашшоқии усто мактаб онҳоро бе пул мехононд, пули дафтару қалами онҳоро муаллим Қориака (Шакурӣ – Ҳ.Ҷ.) аз кисаи худаш медод. Рӯзе домуллои гузар ӯро (Устошарифро – Ҳ.Ҷ.) аз масҷид меронад. Писаронатро ба тарбияи кофирони зиндик (бехудо) медиҳию худат ба намози ҷумъа меоӣ?! Инро ба шариат мунофиқӣ мегӯянд. Садқаи шариат шавӣ, ки бо мӯйи сафедат пайрави бидъат шуда, исломро хор кардӣ. Баро, нест шав аз масҷид. Бо ғайрату ҳиммати муаллими ман – Исматулло Раҳматуллозода писарони куҳнадӯз дар худи ҳамон мактаб хонда, соҳиби саводи дуруст шуданд». (Ҳамон китоб, саҳ. 79-80).
Бале, ин шахси муътабар баробари омӯзгори пешқадам будан хислати бузурги инсонпарварӣ ва меҳру оқибати самимӣ дошт. Ӯ намехост, ки омӯзгору шогирдонаш зери шиканҷаҳои душманони маҳаллӣ монанд. Ӯ бо як ҷасорати ба худ хос мудом бо бидъатпарастон дар афту дарафт шуда, шогирдонашро ҳимоя мекард. Исматулло Раҳматуллозода қариб ҳар рӯз баъди дарс то ҷойи зисташон мебурд, то домуллоҳои масҷид ба онҳо озор нарасонанд.
Бояд гуфт, ки ӯ дар байни омӯзгорон бо дониш ва саводи баландаш низ обрӯ пайдо карда буд ва фанҳои география, математика ва таъриху нуҷумро нисбати дигар омӯзгорон бештару беҳтар медонист. Забони русиро танҳо худаш меомӯзонид. Барои шавқу ҳаваси хонандагонро ба мактаб зиёд кардан аз усулҳои гуногуни таълиму тарбия истифода мебурд. Ба шогирдонаш падарона ғамхорӣ мекард. Исматулло Раҳматуллозода чандин бор барои маҳви бесаводии бачагон ва ташкил намудани мактабҳои навусул бо устодаш Абдуқодир Шакурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бухорои Шарқӣ (Тоҷикистони имрӯза – Ҳ.Ҷ.) сафар кардааст. Дар ин мавзеъҳо рушду камоли мактабу маориф хеле суст буд. Масалан, дар ибтидои солҳои 1900 дар уезди Хуҷанд, ки шумораи аҳолиаш қариб ба 212 ҳазор мерасид, дар мактабҳо шумораи хонандагон ҳамагӣ 4 ҳазор нафар буд, ки ин 2 фоизи аҳолии уездро ташкил мекард. (М.Эркаев, «Дар саргоҳи маориф», Душанбе, «Ирфон», 1979, саҳ. 10). Ин аст, ки маорифпарварони самарқандӣ бо сардории муаллим Абдуқодир Шакурӣ зуд-зуд ба ин мавзеъҳо рафта, ба муаллимони аввалин дар кори таълиму тарбия кумак расониданд. Масалан, ҳамон солҳо Раҳматуллозода ва Раҳим Ҳошим бо устоди худ Шакурӣ муддати чанд рӯз дар деҳаи Қистакӯзи Хуҷанд шуда, ба корҳои омӯзгорон аз наздик ёрдам доданд.
Шиносоии Исматулло Раҳматуллозода бори аввал бо устод Айнӣ соли 1907 ба вуқӯъ пайваст. Чанд рӯз пеш Шакурӣ аз Айнӣ мактуб гирифт, дар он барои ташкили мактаби ҷадидӣ дар Бухоро кумак пурсидани муаллиф сабт шуда буд. Дар боғи барҳавои Шакурӣ меваҳо пухта расида буданд. Фасли тобистон буд. Ҳаво ниҳоят гарм буд. Устод Айниро бо ҳамроҳонаш Мунзим ва Ҳамдӣ Абдуқодир Шакурӣ ва чанде аз маорифпарварон, аз ҷумла Исматулло Раҳматуллозода бо хушнудӣ қабул карданд.
Ҳамон рӯз онҳо бо фаъолияти мактаби Шакурӣ, ки дар деҳаи Раҷабамин – рӯ ба рӯйи ҳавлии соҳибхона буд, шинос шуданд. Иштироки хонандагон ба дарс, тарзи дарсдиҳии омӯзгоронро мушоҳида карданд. Асбобҳои аёнӣ аз ҷумла глобус – шакли заминро дида, хеле хушҳол шуданд. Сипас, шабонгоҳ дар атрофи дастархон нишаста суҳбат карданд. Дар он суҳбат Аҷзӣ ва Беҳбудӣ ҳам ҳозир буданд.
Дар Бухоро, барои мо ташкили ин қабил мактаби навусул хеле мушкил. Амир ва амалдорони ӯ моро мудом назорат мекунанд. Мо ҳайронем, ки аз куҷо ва чӣ хел  кор сар кунем, гуфт бо афсӯсу надомат устод Айнӣ.
Шакурӣ риштаи суханро ба даст гирифта: –  5-6 сол шуд, ки вазорати маориф барои ташкили мактабҳои навусул фармоиш дод. Ин маънии он надорад, ки мактаб пурра бо илмҳои дунявӣ мусаллаҳ шавад. Агар фанҳои диниро омехта накунем, албатта ба тазйиқи чаламуллоҳо дучор мешавем. Аз ин рӯ эҳтиёткорӣ лозим, – гуфт.
Омӯзгори ҷавон Исматулло Раҳматуллозода суҳбати устодонро гӯш мекарду хулоса мебаровард. Ин шиносоии аввалини Исматулло бо устод Айнӣ буд, ки ба вай таассуроти хуб гузошт. 
Дар Самарқанд ҷараёни маорифпарварӣ бо шиддат давом мекард. Алҳол Сиддиқӣ дар маҳаллаи Ҳалвоии ноҳияи Ҷомбой, Ҷавдат дар мавзеи Чорраҳа, Ҳоҷӣ Муин дар мавзеи Сӯзангарон, Фахриддини Роҷӣ бошад, дар наздикии гузари Чақари шаҳри Самарқанд панҷ-шаш мактаби ҷадидӣ кушода буданд. Аз ин пешравиҳо Исматулло Раҳматуллозода ҳам илҳом гирифта дар наздикии мавзеи Регистон бо маслиҳати Шакурӣ мактаби усули нав кушод. Дар он муаллимони пешқадами даврро ба кор ҷалб карда, худ аз фанни забони русӣ таълим дод. Бинобар кам будани китобҳои дарсӣ дар муддати хеле кӯтоҳ бо номи «Таълими алифбо ё худ роҳбари мактаб» китоби дарсӣ навишт, ки барои шогирдони синфҳои ибтидоӣ нисбатан осонтар буд. Исматулло Раҳматуллозода дар китоб шеъру ҳикояҳои хурд-хурди худро, ки мазмун ва мақсади тарбиявӣ доштанд, ҷо кард. Ин алифбо соли 1915 зери таҳрир ва ноширии устодаш Шакурӣ рӯйи чопро дид.
Масъалаи дигаре мудом муаллими навоварро ором намегузошт. Ин ҳам бошад, баланд бардоштани дараҷаи саводнокии муаллимон буд. Чунки аксарияти онҳо танҳо ба маълумоти одии мактабҳои ҳамон давра ва мадрасаҳо маҳдуд буданд. Чӣ бояд кард? Ҷамъият рӯз то рӯз ташаккул меёбад. Қонунҳои нав қабул мешаванд. Бо ташаббуси равшанфикрон рӯзномаю маҷаллаҳо чоп мегардиданд. Ҳамаи инро муаллими навовар ба хубӣ идрок мекард ва охир дар фикри ташкил намудани курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисоси муаллимон шуд. Зеро медонист, ки педагоги машҳури рус Ушинский фаъолияти такмили ихтисоси омӯзгоронро ба ҳамин усул равнақ дода буд. Ниҳоят ба ҳамин мақсад бо ташаббуси Исматулло Раҳматуллозода дар Самарқанд чунин курс кушода шуд. Акнун омӯзгорони шаҳр ва мавзеъҳои дигар курси махсусро тамом карда, дар фаъолияти худ усулҳои нави таълимро ҷорӣ мекарданд, ба шогирдонашон аз илмҳои гуногуни дунявӣ дарс мегуфтанд.
Тавре ки дар боло гуфтем, Исматулло Раҳматуллозода ҳамчун муаллими навовар барои ташкил намудани мактабҳои навусул дар миқёси вилоят ва берун аз он хидматҳои босазое кардааст. Ҳамаи таҷриба ва кордонии ӯро шуъбаи маорифи халқӣ ба ҳисоб гирифта, ӯро ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Самарқанд ба вазифаи директорӣ тавсия мекунад. Ӯ тӯли солҳои 1922-26 дар ин вазифа фаъолияти пурмаҳсул нишон дода, садҳо нафар кадрҳои маълумотнокро тайёр кардааст, ки ҳамаи онҳо барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонони кишварҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон хидмати шоиста кардаанд. Сипас, қариб даҳ сол вазифаи сарварии «Ӯзбек китоб давлат палатаси»-и Ӯзбекистонро ба ҷо меорад.
Хидматҳои бузурги ин маорифпарвари шуълаварро ҳукумати он вақт ба ҳисоб гирифта, ӯро соли 1935 бо унвони «Қаҳрамони меҳнат» тақдир кард. Исматулло Раҳматуллозода аз ин мукофоти олӣ рӯҳ гирифта, барои ташаккули маърифату маданият дучандон ғайрату шуҷоат нишон медод. Аммо ин фаъолияти пурмаҳсули маърифатпарвари замон дер давом накард. Соли 1937 буҳрони шахспарастӣ  шиддат гирифта буд. Аввал устодаш Шакурии ҷонфидои маърифат бо туҳмат ҳамчун «душмани халқ» ба ҳабс гирифта шуду дере нагузашта ӯро ба узвият ба ташкилоти «Миллий иттиҳод», «Анҷумани маориф» айбдор карда, 10 сол ҳабс карданд.
Дуруст аст, ки Исматулло Раҳматуллозода ҳамчун мусулмон ба масҷид мерафт, намоз мегузошт ва баробари ин бисёр корҳои бузурги маърифати ҷамъияти навро ҷонибдорӣ қарда, баҳри ташкили мактабҳои навусул ҷони худро дареғ надошта, бо ақидапарастону мутаассибон мубориза мебурд. Дар ягон фаъолияти ӯ нисбати ҷамъияти нав ҷосусӣ, нишонаҳои душманӣ ва риёкорӣ дида нашавад ҳам, ходимони НКВД ӯро душмани давлат дониста, бадарға карданд. Чаро ин марди равшандилу беозор ба ин рӯзгори пурдаҳшат дучор шуд? Дар ин ҷо як ҳақиқати таърих пинҳон аст. Ин ҳам бошад, ҳукуматдорони рус аз олиму шоир ва шахсони босаводи мардуми маҳаллӣ дар ҳарос буданд, гумон доштанд, ки онҳо халқи маҳаллиро бар зидди онҳо бармеангезанд. Ба ҳамин мақсад ин қабил шахсони пешқадамро бадарға ё ҳабс мекарданд. 

Ҳамза ҶӮРА.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: