ТУҲФА БА ШАРАФИ ИДИ ИСТИҚЛОЛ

Дар ноҳияи Нишони вилояти Қашқадарё маҷмӯаи тиббие мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт, ки ба шарафи 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли Ватан аз таъмири кулл берун оварда шуд.

Дар ин чорабинӣ, ки ба ҷашни ҳақиқие мубаддал гашт, ҳокими вилоят, раҳбарони секторҳо, намояндагони муассисаҳои тандурустии минтақа ва собиқадорони меҳнат ширкат варзиданд. Ҳоким гуфт, ки ин маҷмӯаи тиббӣ дар асоси меъёрҳои маъруфи ҷаҳонӣ аз нав бознигарӣ шуда, бо кулли таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷаҳҳаз гаштааст. Ба талаботи замон мувофиқ гардондани бемористонҳо тақозои давр аст ва мурод аз он хидмати хушсифати тиббӣ расондан ба мардум мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша сиҳатии аҳолиро дар мадди аввал гузошта, кӯшиш мекунад, то тарҳҳои вобаста ба соҳаи тиб, ки ислоҳоти доманфарохи ҳукумат рӯи даст дорад, бенуқсон ва саривақт дар амал иҷро гарданд.
Аз таъмири кулл бароварда шудани Шифохонаи марказии ноҳияи Нишон ҳам аз тарҳҳои муҳими ҳукумат ба шумор меравад, ки кунун ҷомаи амал пӯшида, дар арафаи ҷашни Истиқлол тӯҳфаи арзандае ба мардуми минтақа гашт. 
Бояд таъкид кард, ки дар маҷмӯаи тиббии мазкур бахшҳои таваллудгоҳ (70 ҷой), кардиология (20 ҷой), терапия (65 ҷой), ду шуъбаи ҷарроҳии дорои 20 ҷойи хоб ва биноҳои иловагӣ, боғи обод, ҳавзи обу дигар масканҳои дилхушӣ, ки бевосита ба сиҳатии беморон мусоидат хоҳанд намуд, мавҷуданд.
  
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: