НИГОҲ ДОШТАНИ БА ХУД ХОСӢ, Ё КИ НАҚШЕ, КИ БА ВОСИТАИ ТРАКТОР ОФАРИДАНАШ ҒАЙРИИМКОН АСТ

Моҳи январи соли 2020 дар шабакаи интернет маълумот паҳн шуд: фемери итолиёвӣ Дарио Гамбарин дар майдони худ ба воситаи трактори шудгоркуниаш нақши "Коронавирус"-ро офаридааст. Ду сол қабл, фермер ҳамин тариқ портрети Президенти Русия Владимир Путинро офаридааст.

Моҳи январи соли 2020 дар шабакаи интернет маълумот паҳн шуд: фемери итолиёвӣ Дарио Гамбарин дар майдони худ ба воситаи трактори шудгоркуниаш нақши "Коронавирус"-ро офаридааст. Ду сол қабл, фермер ҳамин тариқ портрети Президенти Русия Владимир Путинро офаридааст.

Ба ин касе эътибор дод, дигаре танҳо ҳайрон шуд, сеюмӣ дасташро афшонд, ки гӯё аблаҳист. Сипас дар матбуот дигар мавзӯъҳо инъикос ёфтанд, нақши аҷиби ба воситаи чархҳои трактор офаридашуда фаромӯш шуданд ва ... ногаҳон – инсоният бо фалокати ғайричашмдошт рӯ ба рӯ шуд.

Асарҳои санъати тасвирии арзишашон садҳо миллион доллар, ки дар осорхонаҳои машҳури  Ню Йорк, Лондон, Рим нигоҳ дошта мешаванд, пас аз садсолаҳо ҳамчун шоҳкориҳо эътироф шуданд. Асари  Дарио Гамбарин бошад, ҳамагӣ дар ду моҳ  шӯҳратёр шуд. Чунин гардиши воқеаро ҳеҷ кас ҳатто тасаввур карда наметавонист.

Вақте ки ин асар аз ҷониби тракторчии оддӣ "ронда шуд", дар ВАО аввалин маълумот дар бораи паҳншавии коронавирус дар Чин паҳн шуда буд. Саволе ба миён меояд: оё ин асари Гамбарин танҳо барои ҷалби диққати мухлисон офарида шудааст ё ин зуҳуроти муносибати ӯ ба офати дарпешистода мебошад, ки метавонад ба тамоми олам таъсири манфӣ расонад?

Аммо, дар ин мавзӯъ андешаронӣ кардан хеле дер аст. Ҳар чизе ки рӯх дод, рух дод: коронавирус ба зудӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Ҳама ба рӯйҳояшон ниқоб ва дасташон дастпӯшакҳо пӯшиданд. Даъвати "Дар хона монед"  ҳамчун "Зиндагӣ кардан хоҳед?"  садо медиҳад. Бинобар имкониятҳои мавҷудаи техникӣ  корҳои хидматиро метавонед дар хона анҷом диҳед. Дар кӯчаҳо сокинӣ ҳукмфармост, ташкилотҳо баста шуданд, дар роҳҳо касе ба назар намерасанд. Байни одамон бояд на камтар аз ду метр масофа бошад. Бояд ба пиронсолон, кӯдакон ва хусусан шахсони гирифтори масунияти заиф дошта ғамхорӣ зоҳир карда шавад. Давлат ва ҳукумат қарорҳои муҳим қабул мекунанд. Президент Шавкат Мирзиёев доир ба дараҷаи нигаҳ доштани миллат, имрӯзу фардои он чораҳо меандешад. Ӯзбекистон дар бобати бозгашти ҳамватанони мо, ки бо сабабҳои гуногун дар хориҷа монданд, намунаи баландтарин нишон дод.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ба суолҳои мураккаб ва дардноки хабарнигори “Euronews”  Изабелла Кумар посух дода, эътироф намуд, ки чунин ҳамла аз бӯҳрони молиявии соли 2008 даҳшатноктар аст. Ба ақидаи ӯ, агар чораҳои қатъӣ андешида нашаванд, мамнӯият ва маҳдудият ҷорӣ карда нашаванд, метавонад таназзули нави иқтисодӣ ба вуқӯъ ояд, ки оқибатҳои онро ҳатто тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар бораи зарурияти таҳияи барномаҳои муштарак таҳти сарпарастии СММ гуфта мешавад. Ҳоло вақти муайян намудани гунаҳкорону хатокорон нест, таъкид намуд Котиби Генералии СММ.

Дабири кул гуфт, ки барои ислоҳи вазъ, кӯмак ба гурезагон, дастгирии гуруснагон ва хотима додан ба низоъҳои хунӣ ҳадди аққал 2-2,5 миллиард доллар лозим аст. Имрӯз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамасола то ду триллион долларро барои ҳадафҳои ҳарбӣ сарф мекунанд. Вақти он аст, ки чунин мусобиқаҳои хатарнокро пешгирӣ намоем. Ду ним миллиард зидди ду триллион чист? Барои чунин як ташкилоти бонуфузе ба монанди СММ вақти озмоиш фаро расидааст.

Таърихи инсоният мусибатҳои гуногунро дидааст. Даврае буд, ки дар тӯли ҳафт сол хушксолӣ омад, аммо ба ин нигоҳ накарда одамон ақлу заковат, интизомро нигоҳ дошта, худ ва фарзандони худро якдилона ҳимоя намуданд. Имрӯз, ҷаҳон нишон дод, ки аксари кишварҳо барои муқовимат бо вирус омода нестанд. Ва кӣ кафолат дода метавонад, ки чунин офатҳо дубора такрор намешаванд?

Сиёсатшиносон қайд мекунанд, ки дар ҷаҳон беш аз 160 вирус мавҷуд аст, ки алангагирии онҳо баъзан дар ин ё он қитъаи дигар рух медиҳад (вирусҳои компютерӣ ба ин рӯйхат дохил намешаванд). Вируси Эбола, риновирус, вируси Сеул, онковирусҳо, хантавирусҳо, вируси Андес, вируси папиллома, вируси вараҷаи Нили  Ғарбӣ, вируси Эпштейн-Барра ... Ҳатто ҳангоми талаффузи ин номҳо ҷисм ба ларза медарояд. Дар давраи ҷанги Ветнам ба ҷойи зисти аҳолии маҳаллӣ беш аз 400 кило диоксин партофта шуд. Зиёда аз 14 миллион тонна маводи тарканда истифода шудааст. Ин силоҳ аз дигар сайёраҳо ворид карда нашуданд. Онро кӣ ихтироъ кардааст, кӣ офаридааст, инчунин газҳоеро, ки барои мақсадҳои ҳарбӣ истифода мешаванд?

Ҷавоб додан ба ин саволҳо душвор нест: ҳамаи инро одам бо роҳи сунъӣ бо мақсадҳои мушаххас ихтироъ кардааст, аз ҷониби одамони боистеъдод дар тӯли солҳои зиёд офарида шудааст. Имрӯз дар кишварҳои пешрафта, ки дар он ҷо нисбат ба дигар давлатҳо одамон аз коронавирус зиёдтар азоб мекашанд, лабораторияҳои гуногун мавҷуданд, ки дар онҳо бинобар фармоиши махсус маҳсулот таҳия карда мешавад.

Дар Амрикои Ҷанубӣ  панҷ-даҳ сол қабл олимон ба парвариши сунъии занбӯри асал оғоз карданд, ки қодиранд соле  нисбат ба имрӯз то 3-4 маротиба бештар асал диҳанд. Онҳо дар таҳқиқоти худ ба муваффақиятҳо ноил гаштанд. Аммо хурсандӣ дер давом накард. Занбурҳои ба таври сунъӣ парваришёфта ба ҷои ҷамъоварии гарди гул бо селаи тӯдаҳо ба одамон ҳамла карда, неш заданд, ки дар натиҷа бисёр одамон мурданд. Баъд барои бартараф кардани онҳо маблағи зиёде сарф шуд.

Биёед, андеша кунем. Агар имрӯз хидматчиёни маҷмӯъҳои ҳарбию саноатии кишварҳои ҷаҳон, олимони-вирусолог, мутахассисон, ихтироъкорони бомбаҳои русуми нав ва снарядҳо, ки осмони кабудро бо нурҳои лазерии даҳшатнок пур мекунанд, бо нигоҳ доштании тозагии замин, об, ҳаво, ҳифзи ҷангал, дароз кардани умри инсон, баланд бардоштани иммунитети бачаҳо, афзун гардондани ҳосилнокӣ дар кишоварзӣ шуғл варзанд, ҳаёти мо имрӯз чӣ гуна хоҳад буд?

Мутаассифона, имрӯз инсон дар баробари пешрафти илм, роҳи муайяни сунъиро пеш гирифта, аз аҳамияти худ дур мешавад ва ба замине, ки дар он зиндагӣ мекунад, беэътиноӣ зоҳир менамояд ва онро ифлос мекунад. Замин доимо парма карда мешавад. Ин раванд аллакай ба уқёнусҳои яхбастаи шимолӣ ва ва Атлантика расидааст. Олимон на танҳо дар сохтани роботҳо барои корхонаҳои азими саноатӣ, ки ба онҳо маош додан лозим нест, кор мебаранд, инчунин ёрдамчиҳои сунъиро ихтироъ мекунанд, ки метавонанд либосҳоро шуста, ба кӯдакон нигоҳубин кунанд, хӯрок тайёр намоянд, асбобҳои мусиқиро навозанд, рақс кунанд, суруд хонанд. Эҳтимол, имкониятҳои роботҳо васеъ шаванд, дар байни онҳо соҳибкорони намоён, нависандагони хуб, рассомон, хабарнигорон, инчунин оҳангсозон пайдо шаванд, ки метавонанд фавран мусиқии навро дар компютер нависанд. Дар бораи ин кайҳо боз дар матбуот менависанд.

Аммо ин ҳамааш нест, олимон генетикаи мева ва сабзавотро тағйир медиҳанд. Дар лабораторияҳои пӯшидаи махфӣ барои офаридани инсони сунъӣ корҳо идома доранд. Шояд онҳое,  ки мегӯянд: "Шумо ва мо имрӯз зиндагӣ мекунем, бо зомбӣ ва камикадзҳои ба таври сунъӣ офаридашуда аз як ҳаво нафас мекашем", ҳақ ҳастанд. Оё фазое ҳаст, ки  ба он ҷо аз  офатҳои табиӣ ҷойи гурез имкон дошта бошад?

Ба ин савол ҷавоб додан душвор аст. Суоли оё дар рӯи замин инсон боқӣ мемонад? Кушода мемонад.  Наход дар хонаи худ, дар рӯи замин, ки гаҳвораи мо ба ҳисоб меравад, зиёдатӣ шудем?  Бесабаб, нависандаи бузург Чингиз Айтматов дар солҳои охири умраш нагуфтааст: "Вазифаи асосии имрӯза ҳифзи Инсон дар ватани худ аст." Имрӯз мо кистем? Магар мо заминро нобуд намекунем, хокро бо заҳрҳо пур намекунем, ҳаво ва обро олуда наменамоем, чинорҳои аҷдодонамон шинондаро аз беху бунаш нест намекунем, шохи дарахтонеро, ки дар он менишинем, намебурем? Оё мо метавонем ба амалҳоямон, ки аз мантиқ берун аст, баҳо дода метавонем,  ё ки ин вазифаро ба зиммаи наслҳои оянда мегузорем? Чаро мо ба рӯйдодҳои ғайриинсонӣ ва бадахлоқӣ, обшавии яхҳои абадӣ ва баланд шудани сатҳи об бепарвоем? Бисёр филмҳои дар кишварҳои ғарбӣ офаридашуда ба роботҳои сунъӣ, нобуд сохтани тамоми мавҷудоти зиндаи рӯи Замин бахшида шудаанд. Дар Интернет маълумоти нав пайдо шуд: яке аз коргардонҳои маъруфи Ғарб ба таҳияи филми "Тамаддун пас аз мо" шурӯъ кард. Ин чист? Танҳо тахайюл ё ки бонги ҳушёрӣ?

Тибқи маълумотҳои расмӣ дар рӯи замин миқдори зиёди яроқи ядроӣ ҷамъ омадааст, ки он метавонад сайёраи моро ҳадди ақал сад маротиба нобуд созад ва онро дар шакли хока дар фазои кайҳон пароканда кунад. Ва ба ин факт чӣ гуна метавон баҳо дод, ки ҳатто дар ин вазъ  нақшаҳои  афзун гардондан ва такмил додани ин тухми марг кашида мешаванд? Академик Сахаров, ки бомбаи водородиро ихтироъ кардааст, пас аз ихтирои худ пушаймон шудааст. Вай дарк кард, ки баргардонидани  “дев” –е, ки тасодуфан аз паймонааш баромадааст, душвор хоҳад буд.

Маҳатма Ганди гуфтааст: “Одам – меваи тафаккур аст. Ӯ метавонад ҳар чизеро, ки мехоҳад, ба даст орад ». Ҳадафи тафаккури инсони асри XXI чӣ аст? Илм ба кадом ихтироъҳо қодир аст? Пас аз панҷ, даҳ, бист ё ки панҷоҳ сол ин ихтироъҳо ба кӣ ва барои чӣ хидмат мекунанд?

Ҳар гуна фикрҳо одами дар хона бударо мағлуб мекунад. Касе китоб мехонад, бо кори хона шуғл меварзад. Дигар кас аз субҳ то шом хобида, телевизор тамошо мекунад. Сериалҳои хориҷӣ уфуқҳои ниҳонтарини муносибатҳои оилавиро кушода медиҳанд: шавҳар зани худро фиреб медиҳад, зан шавҳарашро фиреб медиҳад, ҳар ду фикру хаёл нек надоранд, яке пинҳонӣ фарзанд дорад, дигаре маъшуқа дорад. Фарзандон аз падар хеле дуранд, духтарон аз модар, набераҳо аз бобою бибиҳо. Озодӣ, ҷудошавиҳо, созиш кардан, боз талоқҳо. Оила гӯё бозича аст. Амалан “дарсҳои маҳорат” фитна, фосиқӣ, бадахлоқӣ.  Ва оё ин ҳама як навъи пандемия нест?!

Ба муносибати коронавирус нисфи аҳолии сайёра – сеюним миллиард нафар  муддате дар хона монданд. Аммо, ба монанди шутурмуғ, ки сари худро зери рег пинҳон карда, фикр мекунад, ки он дар ҷои бехатар аст, ин ҳалли мушкилоти ба пандемия марбут шуда наметавонад. Одамро дар хона комилан ҷудо кардан мумкин нест: вай бояд бо зарурат ба кӯча барояд, ба саҳро об монад, боғҳоро нигоҳубин намояд, маҳсулот истеҳсол кунад, дар ҳавои тоза бошад, бо кӯдакон сайр кунад. Инсони замони мо тарзи зиндагии дигарро тасаввур карда наметавонад. Ҳалли мушкилот бояд чӣ гуна бошад?

Олимон тӯли солҳои зиёд ҳаёти занбӯрҳои оддиро меомӯзанд. Тартиби қатъии оилаи занбӯр – интизом, тақсимоти одилонаи меҳнат, таҳвили иттилоот, муборизаи муштарак бар зидди душман, ҷазо барои танбалӣ ва қаллобӣ (барои ҷамъоварии гулҳои талх), покизакорона нигоҳ доштани маъво, роҳ надодан ба бегонагон, тарбияи насл ҳайратовар аст. Зимистон занбӯрҳо се-чор моҳ аз хонаашон намебароянд, ҳатто наҷосаташонро аз лона набароварда, балки дар холигоҳи шикам нигоҳ медоранд. Агар зимистон тӯл кашад, шикам варам мекунад ва занбӯр мемирад.

Ва дар солҳои пеш низ ҳолатҳои пандемия буданд (грипи парранда, грипи хук). Ва ҳеҷ кафолате нест, ки онҳо такрор нашаванд. Ва то ки аз ин офатҳо ҳимоят кунед, магар ақалан аз занбурҳо ибрат гирифтан лозим нест?! Партовҳо аз фаъолияти одамон на танҳо заминро, балки қаъри уқёнусро низ пур карданд.

Дар китоби Азизиддин Насафӣ дар бораи камолоти инсон чунин сатрҳо ҳастанд: «Мо – мусофирони ин дунёем. Ҷаҳон тағйир меёбад. Давлат (сарват), меҳнат, омад  падидаҳои муваққатӣ мебошанд. Ҷаҳон дар як ҳолат ба муддати дароз боқӣ монда наметавонад. Дар замонҳои гуногун он ҳар хел мешавад. Он ба мавҷҳои дарё монанд аст. Шахси соҳибақл иморатро дар болои мавҷ намесозад”.  Мутафаккири бузург намехост тасдиқ намояд, ки зарурати сохтани хонаҳо вуҷуд надоранд,  барои зиндагӣ каппа ҳам кифоя аст. Вай даъват кард, ки дар ин ҷаҳони гузашта ба боигарӣ саъй набояд кард, ба кибру ҳаво дода нашуда, бо қувваи худ ҳавобаландӣ набояд кард.  Магар ин камбудиҳо боиси ларзиши осмон, аз даст рафтани имон ва нобудшавии инсоният нестанд?!

Пандемияи коронавирус ба ҷаҳон зарбаи марговар расонд. Ногаҳон инсоният маҷбур шуд, ки аз имтиҳони қатъие, ки тақдири онро муайян менамояд, гузарад. Тарзи зиндагӣ, одатҳои ҳаррӯза, қоидаҳои навиштаву нонавишта тағйир ёфтанд, муносибатҳои байни хешовандон, ҳамсояҳо, дӯстон шакли дигарро гирифтанд. Мардуми сарватманди тамоми ҷаҳон дар тӯли ҳафта ним триллион долларро аз даст доданд. Миллионҳо одамон ҷои кори худро аз даст доданд. Ҳазорон нафар ҷон бохтанд. Сарватмандон ва камбизоатон, мулкдорон ва соҳибкорон, қарздорон ва кредиторон бо ҳисси таҳлука зиндагӣ мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба бӯҳрони бузурги ҷаҳонӣ дучор омад. Варзишгоҳи азими “Маракана” дар Бразилия ва боғи машҳур дар маркази Ню Йорк ба беморхонаи бузург, варзишгоҳи “Сантяго Беранабеу” ба анбори воситаҳои доруворӣ  табдил дода шуданд. Фабрикаҳои истеҳсоли тобутҳо бе истироҳат дар ду баст кор карда, ҳаҷми истеҳсол 10 маротиба афзоиш ёфт. Яке аз ҳамкасбони хориҷии мо навиштааст, ки маросими дафни марги аз коронавирус фавтидагон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст ва ин ҳолатро бо рӯзҳои муҳосираи Ленинград қиёс кард.

Ва на танҳо ин фоҷиа ба бисёриҳо фалокат овард, шахсони нопок бошанд, дар ин давр ба сарватандӯзӣ кӯшиш карданд. Онҳо ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ шурӯъ карданд. Дар бозорҳо ва мағозаҳо норасоии картошка ба миён омад. Соҳибкорони хусусие, ки бо мусофиркашонӣ машғуланд, ба  ҷузъ осон даромад ба даст овардан дигар ҳеҷ чизро эътироф намекунанд. Замоне, ки ниқобҳои тиббӣ ба таври ройгон тақсим карда мешуданд ва соҳибкорони инфиродӣ ба ашхоси ниёзманд маҳсулоти озуқаворӣ тақдим мекарданд, бисёриҳо ба таҳлука афтида, маҳсулотхарӣ карданд.

Вақте ки дар нерӯгоҳи атомии Ҷопон фоҷиа рух дод, ҳазорон одамоне, ки хона ва амволи худро аз даст доданд, асосан пиронсолон, сифати олии ба мардуми Ҷопон хосро ба тамоми ҷаҳон нишон доданд. Онҳо  ба монанди мавҷи уқёнус ба халтаҳо, ки аз ҷониби ҳукумат бепул дода мешуд, худашонро напартофтанд, панҷ-даҳтогӣ нагирифтанд,  аммо ба таври оддӣ дар саф истода, ба якдигар гузашт карда, бо умеди фардо танҳо як халтагӣ гирифтанд. Бо вуҷуди он ки аксари хонаҳо беназорат монданд, ҳолатҳои дуздӣ ва ғоратгарӣ ба назар нарасиданд.

Бояд қайд кард, ки дар мо бевиҷдонии ронандагон, ки бо кашондани одамон аз пойтахт ба вилоятҳо шуғл меварзанд,  бори аввал ба назар намерасанд. Онҳо нархҳоро дар арафаи ид, ҳаитоҳои муқаддас, Соли нав баланд мекунанд. Дар ИМА, Фаронса, Бритониёи Кабир, Олмон, Испания, Белгия ва дигар кишварҳо дар рӯзи идҳои мусалмонӣ, ҳамчун нишонаи эҳтиром ба дини ислом нархи ғизо коҳиш меёбад. Дар мо бошад ...

Ба ин муносибат ба маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои динӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намоем мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Хирад, ниятҳои нек, сабр ҳамаашро ба ҷои худ мегузорад, зиндагӣ ба маҷрои худ бармегардад. Матонати роҳбари давлат, чораҳои саривақтӣ ва амиқ андешидашуда, қаҳрамониҳои табибони фидокор, бешубҳа самараи худро медиҳанд. Ва мо ба ин боварӣ дорем. Ҳамаи мо ба фаъолияти иҷтимоӣ, кори илмӣ, рушди маориф бармегардем, дубора дар ҷамоаҳои меҳнатии худ ба кор шурӯъ хоҳем кард. Роҳҳо боз, монеаҳо бартараф карда мешаванд, дар чеҳраҳои бениқоб эътимод, муҳаббат ба зиндагӣ, саъй ба бунёдкорӣ дубора пайдо мешаванд, шаҳру деҳаҳо боз мисли лонаи занбӯри асал сершавшув мегарданд. Дунё боз ҳам аз табассуми кӯдакон саршор мегардад. Аммо ...

Мо ба ин чӣ тавр ва бо чӣ бармегардем? Мо ҳама ҷиҳатҳои манфиро, ки то ин озмоиши мураккаб ба даст овардем, маҳз: мусобиқаҳои бемантиқона ва ба арзишҳоямон зиди кӣ бойтар, такаббурӣ дар баргузории маросимҳои оилавӣ, ба инсон  на аз рӯи қадру қиматаш, балки мавқеи хидматиаш баҳо доданро қафо  хоҳем гузошт.  Даст кашидан аз худситоӣ аз омода кардани як тонна палав ва сумалак, баргузории тӯйҳои бодабдаба ва бисёр одатҳои дигари манфӣ моро водор месозад, ки инсонигарӣ зоҳир намоем. Чунки як қадам монда будем, ки молу давлати андӯхта,  хона, мошинҳо метавонистанд дар назди картошкаи оддӣ ба чизи беарзиш табдил ёбанд. Оё фермери итолиёвӣ Дарио Гамбарин чунин ҳолатро бо трактораш тасвир карда метавонад?

Не, наметавонад. Ин нақш дар қалби ҳар яки мо бо имон, виҷдон, инсонипаварӣ офарида мешавад ва бояд мероси маънавии наслҳо гардад.

Ба муносибати пандемия Инсон, сарфи назар аз нажод, эътиқод, миллат, баромади иҷтимоӣ бояд ба дунё назари дигар, оқилона дошта бошад, ҳама чизро аз бинии худ каме дуртар бинад ва хулосаҳои дахлдор барорад. Дар акси ҳол, тавре ки дар давраи фоҷиаи Помпео ё ки сел дар Шоҳимардон эҳтимол имконияти мулоҳиза рондан нашавад.

Ин хулосаҳо чӣ гуна хоҳанд буд?

Муҳимаш  ҳушёрӣ аст. Ин маънои онро надорад, ки аз субҳ то шом ҳамаро назорат карда, дар ҳама чиз хатарро бинем. Духтурон маслиҳат медиҳанд, ки вақте иштиҳо пайдо шуданд, бояд хӯрокхӯриро бас кард. Пандемия дар амал дақиқ будани ин маслиҳатро исбот кард – иштиҳои мо вақтҳои охир бе ҳазлу шухӣ ба навохтан даромаданд. Дар рафти дарс дар мактаби олӣ бисёр вақт такрор мекунам "Хушбахтӣ ва омад на ҳама вақт ба некӣ меорад." Истиқлолият ба мардум хушбахтӣ ва имкониятҳои бемисл дод. Мо метавонем ба кишвари дилхоҳи ҷаҳон сафар кунем. Мо аз ин имконият  чӣ гуна ва бо кадом мақсад истифода мебарем? Бале, "иштиҳои" мо бо шиддат ба бозӣ даромад ...

Хулосаи дуввум  – пештар ё дертар Инсон бояд аз иллати бузург – дурӯғ озод шавад. Дар кишвари мо дар доираи қонун ҳуқуқи журналистон барои интишори иттилооти объективӣ ва санҷидашуда эътироф шудааст. Қонун дар бораи ҳифзи истеъмолкунандагон мавҷуд аст. Аммо дар ин ҷаҳони серташвиш қонун ва манъи таблиғи иттилооти бардурӯғ вуҷуд надорад. Ҳангоми пандемия дар сатҳи маҳаллӣ маълумоти бардурӯғ паҳн карда, саъй менамоянд одамонро гумроҳ созанд. Аксаран, шахсони ҷудогона барои нафъу манфиати худ ин гуна эълонҳоро паҳн мекунанд: "Ба туфайли ин дору ман сиҳҳат шудам, дарди пойҳоям рафъ ёфтанд, захми меъда нест шуд, нишонаҳои саратон аз байн рафтанд, безурётӣ нест карда шуд" ва ғайра. Бисёр одамон дар ҳавлиҳои хурд ё ки таҳхонаашон барои истеҳсоли доруҳои дастисохт сехҳои ғайриқонунӣ кушоданд. Агар соҳаи дорусозӣ  ба тартиб оварда нашавад, фиребгарӣ идома хоҳад ёфт.

Хулосаи дигар – ҷаҳони ноорому пуриллати имрӯзаро на панҷ ё шаш давлати пурқувват ё ки иттиҳодияҳои сиёсиву иқтисодӣ ва блокҳои ҳарби, балки ниятҳои нек, эътиқоду ақлу заковати самимии ба Инсони ҳақиқӣ хос наҷот медиҳад.

Аҳмадҷон МЕЛИБОЕВ, сардабири маҷаллаи "Ҷаҳон адабиёти".

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: