КАДРҲО ДАР АСОСИ ОЗМУН ИНТИХОБ МЕГАРДАНД

Дар Ӯзбекистони Нав, чун дар тамоми соҳаҳои ҷомеа, ҷараёни ислоҳот дар соҳаи нав кардани низоми роҳбарӣ ва кадрҳои идоракунанда оғоз ёфта, пайваста амалӣ карда мешавад.

Ин ҷараён  бо ташаккул додани низоми тайёркунии кадрҳои нави роҳбарикунанда, ки ба талаботи истиқлолият ҷавобгӯ буда, моҳияти муносибатҳои навтаъсиси иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодиро дарк менамоянд, алоқаманд мебошад. 

Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси Агентии рушди хидмати давлатии назди Президент доир ба мавзӯи «Ҷамъбасти вазифаҳои соли гузашта ва нақшаҳои ояндаи агентӣ» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Мудири департаменти агентӣ Илҳом Қурбонов таъкид намуд, ки соли гузашта дар самти идоракунии кадрҳо ва рушди захираҳои инсонӣ дар мақомоти давлативу идоравӣ корҳои зеринро амалӣ намуд. Агентӣ дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо қабули кадрҳоро дар асоси озмуни мустақил ба хидмати шаҳрвандии давлатӣ ба таври доимӣ ташкил менамояд. Бо ин мақсад, агентӣ портали ягонаи кушоди ҷойҳои холии хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ — vacancy.argos.uz-ро таҳия кардааст. Ин портал барои пур кардани ҷойҳои холии кории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо бо кадрҳои баландихтисос аз рӯйи принсипи «равзанаи ягона» амал мекунад. Яъне, тамоми платформаҳои интернетӣ оид ба меҳнат ва кор бо кадрҳо бо портали мазкур  муттаҳид карда шудааст. Портал дар баробари интерактив шудан, барои номзадҳо як қатор имконият ва қулайиҳоро фароҳам меорад. Масалан, номзадҳое, ки мехоҳанд дар озмун ширкат варзанд, метавонанд дар як вақт барои то се ҷойи холии корӣ дар мақомоти давлатӣ ариза диҳанд. Шумораи ташкилотҳое, ки ба онҳо ариза пешниҳод карда мешавад, бемаҳдуд аст. 
Дар натиҷа соли гузашта интихоби номзадҳо бо хидматрасонии давлатӣ тавассути «vacancy.argos.uz» дар тамоми сохторҳои ҳукуматии шаҳр ва ноҳияву вилоятҳои ҷумҳурӣ, беш аз 730 нафар номзад, аз рӯйи  24256 ҷойи холӣ, 10 ҳазору 137 нафар ба кор қабул карда шуданд.
Самти ташаккули захираи муносиби кадр «zaxi-ra.argos.uz» ба кор шурӯъ кард. 1000 нафар номзад ба захираи кадрҳои салоҳиятнок аз ҷумлаи ёварони ҳоким, пешвои ҷавонон ва зану духтарони фаъоли маҳалла  интихоб мегарданд. 145 нафар номзад, ки дар фаъолияти меҳнатӣ дастовардҳои хуб ба даст овардаанд, бо тавсияи агентӣ ба вазифаҳо таъин карда мешаванд.
5730 нафар хидматчиёни зинаи поёнии кишварамон аз ҷониби агентӣ доир ба соҳаи маориф зиёда аз 100 курси такмили ихтисос иштирок намуданд. Ҳифзи ҳуқуқи хидматчиёни давлатӣ 4 омӯзиши комплексӣ ва 261 мониторинг гузаронида, 1792 вайронкуниҳои қонун ошкор карда шуд. 18 нафар гунаҳкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Доир ба риояи нақшаи кор 1174 мақомоти корҳои дохилӣ санҷида шуд, маълум гардид, ки дар 163-тои он 540 нафар корманд дар рӯзҳои истироҳат ва баъд аз соати корӣ ба кори маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир агентӣ оид ба пешбурди феҳристи давлатии мансабҳои хидмати шаҳрвандии давлатӣ, инчунин минбаъд такмил додани портали ягонаи кушод барои ҷойҳои холии хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ фаъолона кор мебарад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: