Дар арафаи рӯзи ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба идораи суди вилоят пресс-тур ташкил гардид.
Дар арафаи рӯзи ходимони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба идораи суди вилоят пресс-тур ташкил гардид.
Раиси суди вилоят Олимҷон Ҳайитов ҳозиронро бо иди касбӣ табрик кард ва ба як гурӯҳ журналистон, ки барои инъикоси ислоҳоти соҳаи суду ҳуқуқ саҳмгузор гардиданд, «Ташаккурнома» ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Сипас, вакилони расонаҳои ахбор дар доираи пресс-тур ба ноҳияи Тайлоқ сафар карда, бо фаъолияти судҳо оид ба корҳои ҷиноӣ, иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ аз наздик шинос шуданд. Бояд таъкид намуд, ки барои мурофиаи суд бинои зебо ва замонавӣ бунёд гардидааст. Толори қабули шикояту ариза ниҳоят зебо, хушҳаво, равшан, тозаву озода буда, барои корафтодагон «оинаи нилгун», курсиҳои бароҳат, тахтаи маълумотҳо гузошта шудааст. Ходимон мардумро қабул карда, аз рӯйи муроҷиати онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
– Президенти муҳтарамамон таъкид карданд, ки идораи суд ба қасри адолат табдил ёбад, – иброз дошт раиси суди байниноҳиявии шаҳрвандӣ Ҷамолиддин Ҳамроев, – бинобар ҳамин, ҳар як парвандаро дар чорчӯбаи адолат дида мебароем.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки бештари шикоятҳо доир ба рӯёнидани алимент, бекор кардани ақди никоҳ, муаммои замин, низои шаҳрвандӣ ва ғайра аст.
Раиси суди байниноҳиявии Тайлоқ оид ба корҳои ҷиноӣ Марат Эргашев низ ба бисёр пурсишҳои хабарнигорон ҷавоб дод.
– Қозӣ ҳеҷ гоҳ ҳамаро як хел розӣ намекунад, – гуфт вай, – аммо мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар мурофиаи судӣ адолат тантана кунад. Камина қабл аз ҳукм баровардан як ҳафта, ҳатто 10-15 рӯз танаффус эълон мекунам. Мақсад – адолат қарор ёбад.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.