МЕХОҲАМ АРЗИ СИПОС НАМОЯМ,

мегӯяд барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё аз рӯи гӯштии тарзи озод Мадина Усмонҷонова

мегӯяд барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё аз рӯи гӯштии тарзи озод Мадина Усмонҷонова
Дар маҳалҳо зуд-зуд гузаронидани вохӯрӣ бо аҳолӣ ва қабули сайёри ҳокими вилояти Намангон ба ҳукми анъана даромадааст. Вохӯрии навбатии ҳокими вилоят бо ҷавонони ноҳияи Тӯрақӯрғон таҳти шиори «Ҳоким ва ҷавонон» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ бо  иштироки вакилони корхона ва муассисаҳои ноҳия ярмаркаи меҳнат гузаронида шуд. Дар он асосан ҷавонони ноҳия бештар барои хонаву ҷой, таъмин бо кор, соҳибкорӣ ва гирифтани кредити имтиёзнок муроҷиат намуданд.
Насрулло Болтабоев барои кишти боғи хоҷагии фермериаш бо мотокултиватор таъмин кардан муроҷиат карда буд. Ҳамон рӯз Насрулло барин ба 20 нафар ҷавонони ноҳия мотокултиватор пешниҳод карда шуд.
Самандар Исроилов барои гирифтани гувоҳномаи ронандагӣ ёрии моддӣ пурсида буд. Муроҷиати Самандар дар ҷояш ҳаллу фасл гардида, боз 20 нафар ҷавононе, ки хоҳиши касби ронандагӣ доштанд, барои онҳо 70 фоизи арзиши гувоҳномаи ронандагӣ аз ҳисоби маблағи буҷаи маҳаллии вилоят роҳандозӣ карда шуд.
Сабаби иштироки барандаи медали нуқра дар чемпионати Осиё аз рӯйи гӯштии озод дар Қазоқистон Мадина Усмонҷонова дар қабули ҳоким  он буд, ки ба чунин эътибор ва ғамхориҳое, ки барои ҷавонони вилоят пешбинӣ шудааст, ташаккур изҳор намояд. Ҳокими вилоят барои комёбиҳояш ба Мадина ду сар гӯсфанд ва мошини дӯзандагӣ туҳфа кард.
Ҳамон рӯз қисми асосии муроҷиатҳои ҷавонони ноҳия дар ҷояш ҳаллу фасл гардид.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: