КОМЁБӢ БА ШАРОФАТИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Субҳи содиқ буд. Садои занги телефон баланд шуд. Гӯшакро ба даст гирифтам.

Субҳи содиқ буд. Садои занги телефон баланд шуд. Гӯшакро ба даст гирифтам.
– Ало.
– Ассалом, бобоҷон,– ба гӯш расид овози набераам Бунёд.
– Воалайкум ассалом, писарам нағзӣ, хонагиҳо хубанд?
– Ҳа, бобоҷон, мо тинҷ. Ман ба шумо як хабарро гуфтаниам.
– Чӣ будааст, ҳарф зан писарам.
– Апаатон Донагул,– гуфту ба модараш муроҷиат кард:
– Оча, чанд хол?
Овози модараш омад: Ба Институти фармасевтикаи Тошканд ҳуҷҷат супорида 196,8 хол гирифтааст
– Офарин, писарам. Ту ҳам калон, ки шудӣ, албатта, мехонӣ,– гуфтам дар ҷавоб. Набераам панҷ сол дорад.
Пас аз лаҳзае шунидам, ки Субҳон Эгамов 176,2 хол гирифтааст. Ӯ ба Институти молия ҳуҷҷат супурда буд. Донагул бо гранти давлатӣ ва Субҳон шартномавӣ донишҷӯ гардидаанд. Волидонашонро бо ин комёбиҳои фарзандон табрик намудам.
Он рӯз омӯзгорони мактаби рақами 30-уми ноҳияи Нурато аз ҳаррӯза барвақт ба мактаб омаданд. Ҳар якеро телефон дар даст зери гӯш. Дар деҳа интернет нест. Танҳо аз хешу табори шаҳрӣ натиҷаи тестҳоро ба даст меоварем.
– Комрон Қазоқов ба факултаи биологияи ДДС дохил шудааст, ба тариқи шартномавӣ, – гуфт Шуҳрат Нурназаров.
– Муборак шавад, – гуфт Султонбой Султонов.– Қурби падараш мерасад, мехононад.
– Ҷӯраева Нозанин бо гранти давлатӣ дохил шудааст, – бо овози баланд садо дод Дилмурод.
– Мафтуна Иброҳимова шартномавӣ дохил шудааст, – нидо кард Нодира Қиличева.
– Баҳром Тошканд рафтааст, дар хона нест.
– Ана Баҳром занг мезанад, – гуфт Абдураҳмон Раҳимов. – Муаллимон, муборак шавад, Мафтуна Давронова ба гранти давлатӣ донишҷӯ гардидааст...
Шодию хурсандии омӯзгорони мактаби 30-юмро ҳадду канор набуд. 50 фоизи хатмкардагони мактаб сазовори номи мубораки донишҷӯ гардидаанд. Ин самараи заҳмат ва бехобиҳои омӯзгорон  буд. Ин ҳама комёбиҳоро роҳбари мактаб Тангир Раҳмонов ба шуъбаи таълими халқ ҳисобот дод.
Дар ин раванд чанд андешаи дигар. Фоизи номбурда, бешубҳа, зиёд мешуд. Агар волидон дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон ба тақдири фарзанд кор пеш баранд. Одатан онҳо, яъне волидон дар интихоби касби фарзанд монеъгӣ мекунанд, ба хоҳиши фарзанд эътибор намедиҳанд.
Андешаи дигар он буд, ки баъзе волидон ба донишу маҳорати омӯзгорон бефарқ, онҳо ба он андешаанд, ки агар толибилм тоҷикӣ таҳсил гирад, ба донишкадаю донишгоҳ дохил шуда наметавонад. Бешубҳа, бо ҳамин мақсад се нафар хонандагони мактабро пас аз хатми синфи нуҳум ба мактабҳои шаҳри Ҷиззах бурданд. Давоми ду сол ба онҳо репетитор гирифтанд. Вале афсус, аз он се нафар як нафар ҳам ба шарафи донишҷӯйӣ ноил нагардид. Ин ҳодиса сабақест дар зиндагӣ...
Боиси шодию хурсандӣ аст, соли равон чандин нафар духтарон ба номи мубораки донишҷӯ муяссар гардиданд. Дар чил соли охир аз деҳаи Сойихурд ягон нафар духтар ба мактабҳои олӣ ҳуҷҷат насупорида буд. Аз деҳа нимаи дуюми солҳои 70-уми асри гузашта се нафар – апаи Моҳбика Турсунова, Амонгул Субҳонова (равонаш шод бод!) ва Чиннигул Қазоқова Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм намудаанд...
Мардум бедор шуданд, худшиносӣ боло гирифт, эътимоди онҳо ба муаллим, ба мактабу забон ба маротиб афзуд.
Оре, омӯзгорони мактаби 30-юм на танҳо дар ноҳияи Нурато, балки дар вилоят ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд. Ҳокими вилояти Навоӣ Қобилҷон Турсунов ҷамоаи мактабро бо 10 миллион сӯм қадршиносӣ намуд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: