«Uzbekistan Airways» барои занони камтаъмин парвозҳои иҷтимоӣ ба роҳ мемонад

Ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» лоиҳаи нави иҷтимоии "Парвози аввалинам"-ро ба роҳ монд.

Мақсади он ҷомаи амал пӯшондани орзуи занҳое мебошад, ки ба «дафтари оҳанин» дохил шудаанд.

Парвозҳои иҷтимоӣ ба Самарқанд, Бухоро, Урганч ва дигар шаҳрҳои таърихии Ӯзбекистон анҷом дода мешаванд.

Лоиҳа ба занон имкон медиҳад, ки мушкилоти рӯзмарраи зиндагиро фаромӯш карда, барои амалӣ шудани орзуи азизашон вақт ҷудо кунанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: