ОЛИМИ НУКТАСАНҶИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАР

Овони донишҷӯйӣ ва таҳсил дар аспирантура бо таълифоти яке аз донишмандони адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ, сарвари адабиётшиносон ва аҳли адаби ӯзбеки Тоҷикистони бародарӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Эргаш Шодиев ошноӣ доштам.

Овони донишҷӯйӣ ва таҳсил дар аспирантура бо таълифоти яке аз донишмандони адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ, сарвари адабиётшиносон ва аҳли адаби ӯзбеки Тоҷикистони бародарӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Эргаш Шодиев ошноӣ доштам. Соли 1973 ходимони Нашриёти адабиёт ва санъати ба номи Ғафур Ғулом аз ман хоҳиш карданд, ки ба монографияи ӯ — «Таърихи робитаҳои адабии ӯзбеку тоҷик» тақриз бинависам. Вақте сар ба хондани китоб фурӯ бурдам, дидам, ки олим ба ҳамкорӣ ва робитаҳои адабии ду халқи савту садо ва созу навояш ҳамгун амиқ фурӯ рафта, паҳлуҳои навашро ошкор намудааст. Тақризро дар рӯзи ваъдагӣ ба нашриёт супурдам. Бад-ин тариқ, ҳусни таваҷҷӯҳам ба навиштаҳои донишманд зиёд шуд.
Адабиётшинос Э. Шодиев соли 1932 дар оилаи хидматчии Конибодом дида ба дунё кушодааст. Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ хонданро дар омӯзишгоҳи педагогии мардона идома дод, соли 1951 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи педагогии Хуҷандро хатм намуд. Бояд гуфт, ки Э. Шодиев ҳангоми таҳсил дар донишкада дар корҳои ҷамоатӣ ва маҳфилҳои илмию адабӣ фаъол иштирок мекард. Роҳбарияти факултет бо назардошти иқтидору истеъдодаш ӯро, баъди хатми донишкада, ба кори лаборантии факултети мазкур ҷалб намуд.
Э. Шодиев аз он рӯз ба олами ҷустуҷӯ ва пажӯҳиш ворид шуд. Дили ӯро осори шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ тасхир карда буд. Олими ҷавон дар ин даргоҳи илм баробари дар вазифаҳои омӯзгор, омӯзгори калон, дотсент, мудири кафедра фаъолият нишон додан, корҳои тадқиқотиро низ анҷом дод: ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ мақолаҳо эълон кард, дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳои илмӣ ширкат ҷуст, китобе чанд ба дасти чоп супурд.
Таҳти роҳбарии навоишиноси барҷаста А. Ҳайитметов дар мавзӯи «Доир ба масъалаи муносибати Алишер Навоӣ ба адабиёти форс-тоҷик» рисолаи номзадӣ, баъди соле чанд доир ба мавзӯи «Анъанаи зуллисонайнӣ дар эҷодиёти шоирони асри XIX Хуҷанд» рисолаи докториашро дифоъ намуд. 
Вақте ба бисоти маънавии Э. Шодиев назар меандозем, чашмамон ба беш аз 40 китоб, мақолаҳои зиёди илмӣ меафтад. Доираи мавзӯи ин осор васеъ буда, дар онҳо навгониҳо низ ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, мо лозим донистем, ки эҷодиёти Э. Шодиевро бино ба самтҳои зерин тасниф намоем.
Якум, Эргаш Шодиев дар солҳои гуногун доир ба мероси маънавии Навоӣ ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ танҳо дар асоси манбаъҳои хаттӣ мақолае чанд таълиф намуда, китобҳои зеринро таҳти номҳои «Навоишиносӣ дар Тоҷикистон» (1960), «Доир ба масъалаи муносибати Алишер Навоӣ ба адабиёти тоҷик» (1964), «Алишер Навоӣ ва салафони ӯ» (1967), «Алишер Навоӣ ва адибони тоҷик» (1969), «Алишер Навоӣ ва адибони форс-тоҷик» (1989) ва «Фазилатҳои ҳазрати Алишер Навоӣ» (1994) ба дасти чоп супурд. Тадқиқоти мазкур аз як тараф бобати ба шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ намудани зиндагинома ва эҷодиёти Навоӣ вазифаи илмию маърифатиро иҷро карда бошад, аз ҷониби дигар доир ба мазмуну мундариҷаи ашъори тоҷикии Навоӣ (Фонӣ), хусусан, рӯҳи иҷтимоӣ, ахлоқию таълимии қитъаҳо ва маҳорати сухангустарии шоири бузург мулоҳизаҳои навро пешниҳод намуда, сазовори эътирофу эътибори аҳли илм гардидааст.
Профессор Эргаш Шодиев дар зинаҳои аввали эҷод доир ба таъсири мутақобилаи адабиёти халқҳои тоҷику ӯзбек, анъанаи зуллисонайнӣ мақолаҳои зиёд эълон намуд. Ин аст, ки бо мурури вақт асарҳои пурқимати ӯ «Аз таърихи робитаҳои адабии ӯзбеку тоҷик», «Анъанаи зуллисонайнӣ дар адабиёт», «Саҳифаҳои равобити адабӣ» ва дигар таълифоти ӯ рӯйи чопро диданд. Ӯ зиндагинома ва осори шоирони зуллисонайни ба аҳли илму адаб номаълумро, аз қабили Юсуфи Сарёмӣ, Фахрии Рӯмонӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Файёзи Ҳокӣ, Туғрал, Нозил, Носих, Кошиф, Ҳотиф, Қамбархон, Бибишарифа батафсил таҳлил намуда, биографияи илмии мукаммал офарид.
Устод дар он ақида буд, ки танҳо баъди осори шоирони дузабонаро комилан мавриди таҳлил қарор додан, метавон доир ба мероси маънавии онҳо хулосаи илмӣ баровард, вагарна фикр яктарафа хоҳад шуд. Пас, самти дуюми эҷодиёти Эргаш Шодиевро таърихи робитаҳои адабӣ ва тадқиқи анъанаи зуллисонайнӣ ташкил медиҳад. 
Хуҷанди бостонӣ дар ҳамаи асру замонҳо аз марказҳои илму фан, фарҳанг ва адабиёт маҳсуб меёфт. Донишманди фалакиёт Абумаҳмуд низ, бино ба эътирофи Абурайҳон Берунӣ — ягонаи даврон, аз хуҷандиҳост. Эргаш Шодиев то охири умр (2005) тӯли чанд сол тазкира, осори таърихӣ, баёз ва девонҳоеро, ки дар Институти шарқшиносии ба номи Берунии Ӯзбекистон,  Институти шарқшиносии ФУ Тоҷикистон ва осорхонаи адабиёти Хӯқанд (Қӯқанд) маҳфузанд, мӯшикофона омӯхта, ҳаёт ва эҷодиёти беш аз сӣ намояндаи доираи адабии Хуҷандро мавриди таҳлил қарор дод ва ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ таълифоти зиёде эълон кард. «Тазкираи шоирони Хуҷанд» (1993), «Хӯҷанд шоирлари тазкираси» (2001), «Фазлий Намангонӣ ва Хуҷанд шоирлари» («Фазлии Намангонӣ ва шоирони Хуҷанд») (1993), «Нозил Хуҷандий ва ӯзбек адабиёти» («Нозили Хуҷандӣ ва адабиёти ӯзбек») (1993) «Бибишарифа Ожиз Хуҷандий» («Бибишарифа Оҷизи Хуҷандӣ») маҳсули ҳамон тадқиқотанд. Дар рисолаҳои мазкур тарҷумаи намунаҳои назм ба қалами худи муаллиф тааллуқ дорад. Олим барои китоби «Тазкираи шоирони Хуҷанд» соли 1999 сазовори мукофоти ба номи Камоли Хуҷандӣ гардидааст. Устод аз он ки табиати шоирӣ дошт, дар баробари намунаҳои шеъри шуарои тоҷик, шеърҳои шоирони рус Александр Каваленков, Степан Шчипаев, Сергей Смирнов ва Александр Суриковро низ ба мулки маънавии хонандагони ӯзбек табдил додааст.
Ӯ тӯли солҳои гуногун ба рушди таълими халқ ва муассисаҳои таълими олӣ саҳм гузошт, барои муассисаҳои таълими олӣ ва мактабҳои таълими ҳамагонии ӯзбекии Тоҷикистон китобҳои дарсӣ тартиб дод, доир ба фанни адабиёт маҷмӯаҳо таълиф намуд.
Таҳти роҳбарии ӯ чанд тоҷикистонӣ ва ӯзбекистонии ташнаи илм қуллаҳои адабиётшиносиро фатҳ намуданд, ки дар байни онҳо докторони улуми филологӣ, профессорон Раҳим Воҳидов, Шариф Юсуфов, Раҳмонқул Орзибеков ва Бегалӣ Қосимовҳо низ ҳастанд.
Олими нуктасанҷ ва педагоги моҳир Эргаш Шодиев, дар баробари саҳм гузоштан ба рушди таълими халқ ва илму фанни ҷумҳурӣ, соли 1994 академики Академияи халқҳои Осиёи Марказӣ шуд, соли 2001 бошад, узви вобастаи Академияи байналхалқии фанҳои педагогикаи Русия гардид.
Э. Шодиев бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳои Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
Таълифоти олими барҷастаи ду халқи бародар, тарҷумаҳои бадеии ӯ солиёни зиёде ба камолоти олимони ҷавон ва ғановати маънавии насли наврас хидмат хоҳанд кард.

Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: