Суруди ман

(Ба Ҷӯрабек Муродов)

Ӯлмас ҶАМОЛ (Тоҷикистон)
Суруди ман
(Ба Ҷӯрабек Муродов)

Менинг даврим ажиб давру чӣ давроне замони ман,
Башар кай дида монанди баҳори бехазони ман!

Неча эллар қариндошим, неча ӯлка диёримдур,
Сурудамро ба ҳар миллат баён созад забони ман.

Қуёш бошимда парвона, замин пойимда пойандоз,
Дили ҳар одами зинда – мунаввар ошёни ман.

Агарки миллатим тоҷик, замин фарзандиман асли,
Фидояш мекунам ҷонам, нисор – умри гарони ман.

«Ҷаҳон томи»да улғайдим, менга ҳамхона юлдузлар,
Баланд асту маро ҳам чун нигаҳ дорад макони ман.

Мени Ӯлмас деганларнинг бӯлибман Ҷӯраи ҷонӣ,
Забони дӯст – ӯзбекӣ чу шаккар дар даҳони ман.


Ман тори сеторам туро...
Сурати ту гулбуни раъност, ман хорам туро,
Оташи ишқам туӣ, ман дудаи норам туро.
Оини сидқу вафо бурдӣ бо сад ҷабру ҷафо,
Риштаи меҳрат бикандӣ, ман ҳамон ёрам туро.
Мекашам бори ғамат афзудаӣ дарди дилам,
Гарчи ту сӯҳони ҷонӣ, дӯст медорам туро.
Чӣ кунам кибрат ҳавои доми бедодӣ гирифт,
Ту бути бадкешию ман ошиқи зорам туро.
Нози чашмонат бисӯзад ин дили садпораро,
Душмани умрам туӣ, ман бахти бедорам туро.
Мекашад бори фараҳмандӣ навои чангу тор,
Нохуни торам туӣ, ман тори сеторам туро.

Малик КАБИРОВ. 

ҲУНАРМАНД ЗЕБОӢ МЕОФАРАД
Агар ҳаст мард аз ҳунар баҳравар,
Ҳунар худ бигӯяд, на соҳибҳунар.
Субҳи 27-уми августи соли равон чун одат дар боғи истироҳати «Наврӯз»-и Тошканд бо кори кандакорӣ машғул шудам. Кори ман сутунҳои миллӣ, дарҳои бағдодӣ, мизу курсиҳои пурнақшунигор офаридан аст. Бо ин касб аз 14-солагӣ машғулам, ки асрори онро аз падари бузургворам усто Мирҷамол ва дигарон омӯхтаам. Ҳамон рӯз бо ҳаккокии дари дутабақаи бағдодӣ машғул будам, ки телефони дастиам мусиқӣ навохт. Корамро ба охир расонда, гӯшакро бардоштам. «Ако, табрик, – гуфт яке аз ошнои наздики ман, – бо фармони Президент  соҳиби унвони устои халқӣ шудаед». Рости гап, аз хурсандӣ ва ҳаяҷон чӣ ҷавоб додам, дар ёдам нест. Бидуни муболиға, даҳҳо нафар ҳамкасбу шогирдон, хешу пайвандон муборакбод карданд.
Камина қариб ним аср аст, ки бо кандакорӣ машғулам. Падари бузургвору бобои дуогӯям аз паси ҳамин ҳунар дар байни мардум ҳурмату эҳтиром ёфтаанд. Раҳматӣ бародарам Мирумар Асадов маҳз барои эъзози ҳамин касб Қаҳрамони Ӯзбекистон шудааст.
Камина дар тӯли 29 соли истиқлолият дар таъмири ёдгориҳои таърихии маҷмаъи Имом Бухорӣ, Руҳобод, Регистон, Масҷиди Бибихонум, мақбараи Гӯримир, осорхонаи Афросиёб, масҷиди ҷомеъи Хоҷа Аҳрори Валӣ, зиёратгоҳи Ҳазрати Довуд, маҷмаъи Шоҳи Зинда иштирок кардаам.
Бояд таъкид намоям, ки чун дар тамоми қаламрави Ӯзбекистон дар Самарқанди бостонӣ низ ин ҳунари ниёгон ба туфайли истиқлол ривоҷ ёфт ва маҳсулоти мо ба бозори ҷаҳон баромад. Ана барои чӣ ҳоло дар маркази Самарқанд устохонаи шахсӣ дорам, ки фарзандону набераҳо ва шогирдонам дар кандакории чӯб мӯъҷизаҳо меофаранд. Вазифаи асосии ман ба онҳо омӯхтани ҳунари беназири ниёгон аст.
Воқеан, мисли мо як ҳунарманди оддиро бо мукофоти олӣ сарфароз кардан бахти бузург мебошад. Ин масъулияти моро дар кор бештар месозад.

Мирҷамол АСАДОВ,
Устои халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
АҚЛ ва БОАҚЛӢ

— Нишонаи боақлӣ ду аст: 1. Аз даст надодани сабр вақти фақирӣ ва 2. Нигоҳ доштани тавозуъ (хоксорӣ) ба вақти дороӣ.
(Аҳмад РУФОӣ).

Боақл нафарест, ки ибодатҳояшро адо намуда, муқобили орзуҳои нафс ҳаракат мекунад. Ҷоҳил нафарест, ки гуноҳ карда, орзуҳои нафсашро ба ҷо меорад.
(Ҳазрати АЛӣ (р.а.).

Ақл ба мисли замин аст, эҳтиёҷ ба коштану нигоҳубин кардан дорад.
***
Ақл роҳбари бадан аст.
(Алфред де ВИНГӢ).

Ақли имрӯзаам мебуд, корҳои анҷомдодаи дирӯзаамро намекардам. Аммо агар корҳои дирӯз анҷомдодаамро намекардам, ақли имрӯзаро соҳиб намешудам.
 (Сагопа КАҶМЕР).

Муҳим боақл будан нест, балки ақлро дар ҷояш истифода бурдан аст.
***
Ақл се нишона дорад: фикри хуб, сухани хуб ва амали хуб.
(ДЕМОКРИТОС).

Илм парранда бошад, ақл қанотҳои ӯст.

(Фаридаддини АТТОР).

Ақл чӣ қадаре ки ба пеш равад, қалбро  дар ақиб намегузорад.
                                                          (КОНФЮЧИЗ).

 Таҳияи ПАРВИН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: