ИСТЕҲСОЛИ РАНГҲОИ ПИГМЕНТИИ ОКСИДИ ОҲАН БА РОҲ МОНДА ШУД

Партов ба табиат зарар меоварад, аммо агар дубора мавриди коркард қарор дода шавад, ба кони фоида табдил меёбад.

Фаъолияти ҶММ «Future Paints Plant», ки дар ноҳияи Пискент сохта шудааст, маҳз дар асоси технологияи муосир барои коркарди партови оҳан ва истеҳсоли пигментҳои дорои оксиди оҳан пешбинӣ шудааст. 
Пигменти оксиди оҳан дар истеҳсоли лак, сафол, маҳсулоти бофандагӣ ва маснуоти оҳану бетонӣ васеъ истифода мешавад. Ҳоло истеҳсоли ин маҳсулот, ки дар ноҳияи Пискент рӯ ба оғоз овардааст, аз ҷиҳати сифат дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад.
Барои иҷрои ин лоиҳа дар маҷмӯъ 16 миллион доллари ИМА масраф шуда, сармояи хориҷии аз Чин ҷалбгардида 2,3 миллион долларро ташкил менамояд.
– Ҳамзамон 60 нафар ҷавонони маҳаллӣ дар сохтмон ва 120 нафар дар истеҳсолот ба кор ҷалб карда шуданд. Корхона бо иқтидори пуррааш кор карда, дар як шабонарӯз 20 тонна маҳсулот истеҳсол менамояд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти солонаи он ҳудуди 7 ҳазору 200 тонна буда, дар болоравии иқтисодиёти мамлакат хеле мусоидат хоҳад кард. То ҳамин давраи соли 2023 тақрибан 3 миллион доллари ИМА маҳсулот содир шуд, – мегӯяд сармуҳандиси корхона Олим Сулаймонов.
Ба таъкиди ӯ аз оғози фаъолияти ин корхона муддати зиёд нагузашта бошад ҳам, айни замон пигментҳои тайёри баландсифат ба кишварҳои ИДМ – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин кишварҳои дигар, мисли АМА ва Туркия содир мешаванд.
Корро дар се смена ташкил кардаанд. Ба манзури пешрафти кор коргарон бо нақлиёт ва хӯрок  таъмин карда шудаанд. 
– Мо бештар аз ҳама ба масъалаи ҷалби коргарон аз ҳисоби намояндагони аҳолии маҳаллӣ диққати махсусро нигаронидаем ва ин натиҷаҳои хуб ба даст меоварад,– изофа менамояд О. Сулаймонов. 
Он нукта мусаллам аст, ки ҳоло чун чанд даҳсолаи пеш партови гуногун на ба партовгоҳҳо интиқол дода мешаванд, балки аз ин партов корхонаҳои гуногун  босамар истифода мекунанд. 
– Бемуҳобот, дар корхона аз ашёи хоме истифода сурат мегирад, ки аҳолӣ онро қаблан ба партовгоҳҳо интиқол медод. Аммо ҳоло шароит фароҳам оварда шудааст, ки онҳо ҳамаи  металлҳои сиёҳ ва рангаро ба ин корхона оварда месупоранд ва аз ин ҳисоб низ даромади иловагӣ ба даст меоранд, – тазаккур медиҳад О. Сулаймонов. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: