Ӯзбекистон ва Исроил маҳдудиятҳои парвози ҳавоии дуҷонибаро бекор карданд

  • Ӯзбекистон ва Исроил маҳдудиятҳои парвози ҳавоии дуҷонибаро бекор карданд
  • Ӯзбекистон ва Исроил маҳдудиятҳои парвози ҳавоии дуҷонибаро бекор карданд

6 сентябр дар шаҳри Тел-Авив маросими имзои «Протоколи байни мақомоти авиатсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Давлати Исроил дар бораи бораи ворид намудани тағйирот» ба «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Давлати Исроил дар бораи нақлиёти ҳавоӣ» (Тошканд, 4 июли соли 1994) барпо гардид.

Ба ҳуҷҷат Сафири Фавқулодда ва  Мухтори Ӯзбекистон дар Исроил  Феруза Маҳмудова ва вазири нақлиёт ва бехатарии ҳаракати роҳи Исроил  Мири Регев имзо карданд, хабар медиҳад агентии «Дунё».

Дар Протокол, аз ҷумла, бекор кардани маҳдудият дар теъдоди ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва самтҳо барои ҳаракати ҳавоӣ байни ду кишвар пешбинӣ шудааст.

Тавре маълум аст, аз соли 1994 инҷониб парвозҳо дар хатсайри “Тошканд – Тель-Авив – Тошканд” аз ҷониби ширкати «Uzbekistan Airways» анҷом дода мешавад.

Аз моҳҳои май-июли соли ҷорӣ дар хатсайри «Самарқанд – Тел-Авив – Самарқанд» парвозҳои нави ширкати ҳавопаймоии «Qanot Sharq»  ифтитоҳ ёфт.

Имзои ин санад барои бозорҳои ҳавоии ду кишвар имкони боз кардани масирҳои ояндаи ҳавоӣ ва ҷалби ширкатҳои нави ҳавопаймоӣ ва афзоиши гардиши мутақобилаи сайёҳонро фароҳам меорад.

Дар соли 2022 беш аз 12 000 шаҳрванди Исроил аз Ӯзбекистон дидан кардаанд. Аз соли 2018 сар карда барои вуруд ба Ӯзбекистон тартиби бераводид барои шаҳрвандони Исроил ба муҳлати 30 рӯз муқаррар гардид.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: