Пою қадами Наврӯзи хуҷастафол ба ҷисми табиат, ки чанде муқаддам сармоҳои сахту шадидро паси сар менамуд, дубора ҷон ато кард.
Ҳоло ҳама ҷо сабзу хуррам ва зебост. Беҳуда Наврӯзро ҷашни омад-омади баҳор, иди Замин ва бедории зебоиҳои ҳаёт наменоманд. Ин ҷашни фархундапай ва оламафрӯз аз давраҳои қадим то имрӯз дар дилу дидаҳои мардуми мо маъво гирифтаву ба зиндагии мудавом дилгарму раҳнамун месозад.
Дар ҳар кунҷу канори шукуфон ва гулбасари Ӯзбекистон мардум бо садоқат ба маросимҳои суннатии худ, дубора ба таҷлили ҷашни Наврӯз тараддуд мебинанд. Онҳо талош намуданд, ки ин ҷашни ниёконӣ ва қадима аз ҳарсола дида бошукӯҳ ва ҳашомати бештар баргузор шавад. Мардуми рустоҳои кӯҳистон тибқи расму ойини худ ба ин ҷашн омода мешаванд. Ба таври мисол сокинони шаҳраку рустоҳои ноҳияи Сӯх кайҳо аз роҳи ҳашари умумӣ ба тоза кардани ҷӯйбор, ба тартиб овардани дару девор, ҳамвор намудани роҳ ва шинонидани ниҳолҳои манзаравиву мевадиҳанда машғуланд.
Дар ин минтақаи ҷумҳурӣ баҳор нисбат ба минтақаҳои дигар дертар фаро мерасид. Аммо имсол ин тавр нест. Ҳарчанд дар қуллаҳои баланди кӯҳи атроф ҳанӯз барф боқӣ мондааст, вале дар пастиву ҳамвориҳои он баҳор фаро расидааст.
– Ҳар як роҳбари сектор вазифадор шудааст, ки дар ҳудуди худ аз роҳи ҳашар корҳои ободонӣ, тоза кардани ҷӯйборҳои хурду бузург ва сафед кардани бехи ниҳолҳоро ҳарчи зуд анҷом диҳад. Маълум аст, ки ноҳияи Сӯх он ноҳияи ҳатто се-чаҳор сол пешина нест. Балки тамоми роҳҳои байни деҳаҳо, кӯчаҳои дохилӣ мумфарш ё симонфарш шудаанд, – мегӯяд ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Маълум шуд, ки дар маҳаллаҳои поён ва болои деҳаи Шарқобод низ ҳашари умумӣ бо сурати баланд идома дорад. Он таҳти роҳбарии сардори идораи корҳои дохилии ноҳия Қосимҷон Раҳимбердиев ба роҳ монда шудааст.
– Корҳои мустаҳкамкунӣ ва соҳилбандии баъзе қисматҳои канали деҳа, ки оби он аз дарёи пурталотуми Сӯх маншаъ мегирад, дар арафаи анҷомёбист. Тавассути оби ин канал садҳо гектар киштзорҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шарқобод, инчунин майдонҳои таҳти кишти қирғизҳои ҳамсоякишвар обёрӣ мегарданд. Зарурат пеш омад, ки барои тоза кардани регу шағалҳои умқи канал ғайр аз қувваи кории мардум, аз хидмати техника низ истифода барем, – мегӯяд Раҳимбердиев.
Дар ҳашари имсола аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шарқобод тақрибан 250 нафар ба поккории кӯчаву роҳҳо, ниҳолшинонӣ, сафед кардани танаи дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва ба тартиб овардани дару деворҳои самти кӯчаҳо машғуланд.
Ба гуфтаи раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳазрати Алӣ Субҳоналӣ Нишонов ҳамасола, бо фаро расидани баҳор, сокинони маҳаллаи ӯ ташаббус зоҳир мекунанд, ки корҳои ба нақша гирифтаро аз маҳаллаҳои дигар пештар ба фарҷом расонанд.
– Соли равон мо бо маблағи буҷа ва ҳомиёнамон чанд кори наҷибро ба анҷом расонидем. Яке аз ин корҳо ободу зебо гардонидани қабристони деҳа мебошад. Ҳама медонад, ки хонаи охирати ҳар бошандаи маҳалла ҳамон ҷост. Барои ҳамин чун ҳарвақта бидуни даъватҳои иловагӣ мардуми зиёд дар ободонии он ширкат намуданд, – гуфт Нишонов.
Вай афзуд, ки дар ҳадиси паямбари ислом низ омадааст: «Ҳар кӣ ҳар чӣ мекунад, барои худ мекунад». Ба таъкиди раиси маҳаллаи Ҳазрати Алӣ оби канале, ки аз маҳаллаи онҳо ҷорӣ мешавад, заминҳои наздиҳавлигии сокинони чанд маҳаллаи ноҳияро бо об таъмин мекунад. Дар маъракаи ҳашари умумӣ касе дар канор намонд ва аз маҳаллаҳои ҳамсоя низ дар тозакунии он фаъолона ширкат карданд.
Бояд гуфт, ки Субҳоналӣ Нишонов яке аз раисони пешқадами ноҳия муаррифӣ шудааст. Субҳоналӣ ба сифати депутати шӯрои ноҳия низ дар қатори пешсафон мавқеъ ишғол кардааст. Бо вай дар як саф Амиралӣ Сафаров, Камолиддин Азизов, Ҳамроалӣ Ҳайдаров ва Қодирбек Амирбеков барин депутатҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии мардум саҳми калон мегузоранд.
– Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи мо ба корҳои ободонӣ, поккории ҷӯйборҳо ва сафед кардани бехи дарахтон асосан мардҳо ҷалб шудаанд. Занону духтарон гурӯҳ-гурӯҳ дар тараддуди пухтани суманаки идона мебошанд. Наварӯсон дастурхони идона густурда, дугонаҳо ва хешу ақраборо бо анвои гуногун зиёфат карданд, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гулистон Исоҷон Кабиров.
Ҳамин тавр, дар саросари ноҳияи дурдаст мардум дастаҷамъона Наврӯзи оламафрӯзро пешвоз гирифтанд. Ҷашни Наврӯз дар таҳкими сулҳу субот ва осоиштагӣ, дӯстӣ ва бародарӣ, изҳори меҳру муҳаббат ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим мебозад. Ин идест, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст. Онро ҳамчун оғози баҳор, бедории табиат, навсозиҳо ва ба таври шоиста ҷашн мегирем.
– Қарори Президент «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2023» сардафтари кори мо мебошад. Дар 28 ҷамоати шаҳрвандон ба истиқболи Наврӯз доираи корҳои омодагирӣ беш аз пеш вусъат дошт ва ҳамаи корҳо бо суръат идома доранд, – мегӯяд ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев.
Вай афзуд, ки имсол дар арафаи иди Наврӯз кормандони идораҳои давлатии ноҳия ба марафони 5 ҳазорметрӣ ҷалб карда шуданд ва он хеле шавқовар гузашт. Ҳамаи ин корҳо шаҳодат бар онанд, ки иди Наврӯзро мардуми ноҳияи мо дар савияи баланд ва фазои шодиву нишот истиқбол намуданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Ноҳияи Сӯхи
вилояти ФАРҒОНА.