Президенти Озарбойҷон дар Боку вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт

14 ноябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратовро, ки дар Боку қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат динамикаи мусбати ҳамкориҳои бисёрҷанбаи дуҷониба дар бахшҳои ҳамкориҳои сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ ва тиҷорати мутақобила қайд карда шуд.

Имкониятҳои бузурги густариши шарикӣ дар соҳаи энергетика, истеҳсоли маҳсулоти баландтехнологӣ, саноати бофандагӣ ва мошинсозӣ қайд гардид.  Пешниҳодҳо оид ба таҳияи барномаҳои ҳамкорӣ барои давраи миёнамӯҳлат ва дарозмуддат, баргузории форуми минтақаҳо ва ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Озарбойҷон дастгирӣ ёфтанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: