ШАФТОЛУИ ГАП

Мавсими обуна ба маҷаллаву рӯзномаҳои расмӣ, ҳатман рӯзномахонон, мухлисон, мухбирон ва ходимони матбуоти даврӣ, ҳамчунин кормандони почтаҳоро пурташвишу пуртараддуд мекунад.

Мавсими обуна ба маҷаллаву рӯзномаҳои расмӣ, ҳатман рӯзномахонон, мухлисон, мухбирон ва ходимони матбуоти даврӣ, ҳамчунин кормандони почтаҳоро пурташвишу пуртараддуд мекунад. Аслан кору бори онҳо кам нест, вале бо фарорасии ин мавсим бештар мегардад. Лозим меояд, ки дар байни аҳолӣ гаштаву ба ташкилоту ҷамоаҳо рафта, ба тарғибу ташвиқи маҷаллаву рӯзномаи худ машғул шаванд, зарур ояд илтимосу илтиҷо кунанд. Ҳол он ки мо, рӯзномахонон ва мухлисон бояд худамон чун дастгоҳи худкор ба ин кор машғул гардем. Ба қадри меҳнати ҳайатҳои таҳририя ва ноширон бирасем, ба рӯзномаю маҷаллаҳои дӯстдоштаамон сари вақт обуна бишавем. Ҳайратовар аст, ки гоҳо муштариён обунаро фаромӯш ё дер номнавис мекунанд.
Рост аст, ки рӯзгор хароҷоти бисёр дорад. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки харҷи зиёду обунашавӣ дар як вақт, бо ҳам меоянд. Бо назардошти чунин мушкилот кормандони соҳа онро на дар маъракаи як мавсим, балки дар тӯли сол ба роҳ мондаанд. Ин барои обуначиён мусоидати бештар фароҳам меоварад. Яъне онҳо метавонанд барои се моҳ ё ним сол, ҳатто тамоми сол обуна шаванд. 
Агар шаф-шаф нагуфта, шафтолуи гапро бигӯям, камина ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ – «Овози тоҷик», ки ягона нашрияи сартосарии ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад, барои нимсолаи якуми соли оянда обуна шудам. Аз  дигар мухлисон ва ҳаводорони рӯзнома низ даъват ба амал меоварам, ки онҳо ҳам ин рӯзномаро дастгирӣ кунанд, мувофиқи имконият ва иқтидори дахлу харҷи худ барои як сол ё ним сол обуна бишаванду аз маводу матолиби рӯзмарраву хондании он бебаҳра намонанд, зиёда аз ин худашон низ баҳри сермазмуну пурмаънӣ шудани саҳифаҳои «Овози тоҷик» саҳмгузор бошанд.
Ш. МИРЗОЕВ,
нафақахӯр аз ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: