КИТОБИ НАВБАТИИ ШОИР БА ТАБЪ РАСИД

Асад Гулзодаи Бухороӣ ба ҳаводорони шеъру адаб тӯҳфаи навбатӣ – «Паёме аз Бухоро»-ро тақдим мекунад.

60 сол сипарӣ мешавад, ки шоири ширинкалом бо шеърҳои дилошӯби худ аз дилу дидаи кӯдакону навҷавонон ҷой мегирад. «Паёме аз Бухоро» мунтахаби шеърҳои солҳои гуногун барои калонсолону хурдсолон сурудаи шоирро дарбар мегирад.
Аз чопи «Куллиёт»-и чорҷилдаи адиб, ки дар пойтахти мамлакатамон ба табъ расида буд, вақти зиёд нагузаштааст. «Паём» бошад, аз тарафи хонаи табъу нашри «Эр-граф»-и Душанбе рӯйи чопро дид.
Барои ҳамаи мо манзили муқаддас он ҷоест, ки дида ба дунё кушодем ва онро Ватан номидем. Ватан боз барои он азиз аст, ки Офаридгор он ҷоро барои мо офаридааст. Аввалин шеъре, ки аз китоб ҷой гирифтааст, «Эй Ватан» ном дорад, ки эҳтироми беандозаи шоирро нисбат ба сарзамини муқаддас инъикос менамояд:
Хоки покат бӯйи Одам мекунад,
Камбағалро бою Ҳотам мекунад.
Баски ҳосилхез бошад хоки ту,
Оламеро сабзу хуррам мекунад.
Бо ту ҳастам рӯзу шаб дар гуфтугӯ,
Бо ту ҳастам рӯзу шаб дар ҷустуҷӯ.
То намоям мушкилеро ҳаллу фасл,
Бо ту ҳастам ҳар куҷое рӯбарӯ.
Бухорои Шариф нафақат бухороиёнро, балки тамоми мардуми кишварро ифтихор мебахшад. Ҳазорон донишманду авлиё фарзандони ин сарзамин ҳастанд, ки шоир дар яке аз шеърҳояш дар ин хусус чунин навиштааст:
...Ҳар кӣ медонад туро, ангушти 
ҳайрат мегазад,
Пур бувад оғӯши ту аз авлиёю атқиё.
Баъди Макка бас шарифи оламиён 
гаштаӣ,
Ҳар кӣ дорад майли дидори ту, гӯям: 
Марҳабо!
Шоир бесабаб китоби навбатиро «Паёме аз Бухоро» наномидааст. Аз он шеърҳое бо номи «Шуҳрати Бухоро», «Лаби Ҳавз», «Чорбакр», «Ормони Сино», «Нахлии Бухороӣ», «Паёме аз Бухоро», «Бухоро», «Баҳори Бухоро», «Бузургони Бухоро» ҷой гирифтааст, ки ба фарзандони фарзонаи ин диёри куҳан ва манзилҳои муқаддаси он бахшида шудааст. Ғайр аз ин, чаҳорпораҳо бо номи «Бухоронома» ва «Чакомаҳои Бухоро» илова гардидааст, ки он таърифу тавсифи шаҳри бостониро ба ҷо овардааст. Шоир дар яке аз дубайтиҳо бо зодгоҳи худ чунин мефахрад:
Ту ҳастӣ гавҳари поки забонам,
Ту ҳастӣ давлати ҳар ду ҷаҳонам.
Китоби Наршахӣ бошад гувоҳат,
Ту будӣ давлати Сомониёнам.
Пӯшида нест, ки адабиёти тоҷик ба асарҳои бачагона эҳтиёҷи зиёд дорад. Умедворем, ки беш аз сад шеъри Асад Гулзода, ки аз ин маҷмӯъ ҷой гирифтааст, писанди бачагону наврасон мегардад. Азбаски ин шеърҳо сода, равон ва шавқовар аст, ба азбар намудани бачагон мушкилӣ эҷод нахоҳад кард:
Қодир гуфто ба Камол,
Медиҳамат як савол.
Диққат карда ту шунав:
– Алав ширин ё палав?
– Ҷавоби маро шунав,
Беҳуда аз худ марав:
Ширин тобистон палав,
Фасли зимистон алав.
Мо узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, соҳиби нишони сарисинагии «Собиқадори меҳнат» Асад Гулзодаи Бухороиро бо нашри китоби нав муборакбод намуда, сиҳатии даврони пирии бардавомро таманно дорем.

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: